Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ҳ. Одиназода: Тақсимоти квотаҳои Президентӣ мақсаднок нест

Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз тарзи тақсимоти квотаҳои Президентӣ барои донишҷӯён изҳорӣ нигаронӣ кард.

Ҳайдар Одиназода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ аз тарзи тақсимоти квотаҳои Президентӣ барои донишҷӯён изҳорӣ нигаронӣ кард.

Вай рӯзи 12 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе таъкид  дошт, ки дар соли 2018 аз ҷониби мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишвар ба унвонии раёсати донишгоҳ ҳангоми қабули хатмкунанандагони тариқи квота  18 мактуби раддия ворид шудааст.

“Ин хеле ташвишовар аст. Танҳо дар 5 соли охир барои 54 нафар хатмкунандагони тариқи квотаҳои Президентӣ аз тарафи мақомоти шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷавоби рад гирифтем. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маҷбур мешавад, ба  хатмкунандагони тариқи квота ба дигар мақомот   роҳхат диҳад. Аз ин бармеояд, ки тақсимоти квотаҳоро мақомоти маҳаллӣ ва сохторҳои дахлдор  дуруст ба роҳ  намондаанд”-гуфт  ректори донишгоҳ.

Ректор афзуд, ки барои донишҷӯёни таҳсили буҷавӣ низ гоҳо дар таъмини ҷойи кор мушкилӣ дида мешавад. Ҳатто нисбат ба ин масъала аз номи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба унвонии донишгоҳ мактуб омадааст ва таъмини хатмкардагони буҷавӣ бо ҷойи кор рад карда шудааст.

-->

Шарҳ

6 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Илхом 12.07.2019 13:57

    Рост мегуняд мухтарам ректор.

  2. Довталаб 13.07.2019 13:04

    Сабаби асоси дар он аст ки тақсимоти квота дар дасти вазорати рушди иктисод ва савдои Тоҷикистон аст. Инчунин раисони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ. Через мекунанд. Манфиатдоранд. Камбағал роҳ надорад. Хулоса маблағибучети давлат ба хаво меравад.

  3. Орзу 13.07.2019 13:07

    Хак бар ҷониби Одиназода. Охир барои нохияи Ишкошим мутахассиси нафту газ ё рохи охан чи лозим?

  4. Хуршед 13.07.2019 13:09

    Ҷаноби Олӣ ба умед квота ҷудо карданд. Аммо ин масъулин ба чашми давлат хок мепошанд. Бояд асосан таксимоти квотаро вазорати маориф ва худи муассисаҳои оли бар зимма гиранд.

  5. Кулобй 15.07.2019 08:29

    Вазорати рушди иқтисод ва савдо квота тақсим намекунад, балки Вазорати маориф ва илм тақсим мекунад.
    Донишгоҳи техникӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи техникӣ-муҳандисон пешбинӣ шуда базаи хубӣ таълимӣ дорад, вале ба хотири пул шуда иқтисодчӣ ва боз кадом ихтисосҳои дигарро тайёр мекунад, ки умуман базаи таълимӣ надорад.

  6. Кулобй 15.07.2019 12:09

    Хатмкардагоне, ки бо квотаҳои президентӣ таҳсил кардаанд бояд ба маконе, ки аз онҷо фиристонида шудаанд, баргарданд, на вазорату идораҳо.
    Квотаҳоро Вазорати маориф тақсим мекунад, на Вазорати рушди иқтисод.
    Донишгоҳи техникӣ базаи хуби таълимии мутахассисони техникиро соҳиб аст, мутахахассисони соҳаи иқтисод бигузор донишгоҳҳои касбӣ тайёр кунанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.