Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Омӯзгор: мақоланавис ё мураббӣ?

  Дар ҷомеаи имрӯзаи мо ин яке аз масъалаҳое мебошад, ки тамоми омӯзгоронро ба андеша намудан водор намудааст. Омӯзгори бечора то аз аттестатсия гузаштанаш бояд 5-6 мақола нависад, набошад аз аттестатсия намегузарад. Барои ин чӣ кор карданаш лозим аст? Ӯро лозим аст, ки аз баҳри ҳама кораш гузашта, дар ҷустуҷӯи шахсе шавад, ки аз он мақола харидорӣ намояд. Баъзеҳо, ки пул доранд, дар ҳақиқат як мақоларо 100-200 сомонӣ харидорӣ мекунанд, аммо омӯзгоре, ки 3-4 фарзанд дорад ва зиндагиашро бо азобе бо маоши кам мегузаронад, чӣ тавр мақола мехарад? Магар бо ин мақолаи харида хонандагонро тарбия кардан, дониш додан мумкин аст?

  Омӯзгорӣ касби пурифтихор, заҳматталаб, ниҳоят мушкил аст, чунки ҳаёти ояндаи шахс ба омӯзгор вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзгор тамоми ҳаёти худро ба бачагон мебахшад. Шаб то поси шаб тайёрии дарси худро мебинад, дафтару иншоҳои хонандагони худро тафтиш мекунад. Чун субҳ шуд, ба дабистон меояд ва ба таълим додани хонандагон шурӯъ менамояд. Омӯзгор баъд аз 5-6 соати дарсӣ мондаю хаста шуда, ба хонааш бармегардад. Аз куҷо ӯ вақт меёбад, ки мақола нависад? Набояд фаромӯш кард, ки ҳар як шахсро Худо дар дили ӯ касберо ҷой мекунад. Беҳуда нагуфтаанд:

                               Ҳар киро баҳри касбе сохтаанд,

                               Меҳри ӯро дар дилаш андохтаанд.

  Омӯзгори асил касби худро дӯст медорад ва ҳамеша бо тайёрӣ ба мактаб меояд, чунки ӯ мехоҳад дар назди хонандагонаш обрӯ ва эътиборе дошта бошад.         

  Ҳангоме ки ӯ аз аттестатсия мегузарад ва ӯро барои мақола надоштанаш аз аттестатсия мегардонанд ё аттестатсияашро хат мезананд, ӯ шикаста мегардад, дилгармии худро нисбат ба кораш гум мекунад. Аксарият ин ҳолатро мо дар омӯзгорони собиқадор дидаем. Он омӯзгорон ашк рехта мегӯянд: “Охир, ман категорияи олиро барои тарбияи хуб доданам, барои дарсҳои кушоди таълимӣ ва тарбиявиам гирифта будам, ки дар дарси ман намояндагони маориф ва дигар шахсиятҳо нишаста буданд.” Аммо ҳозир бошад, муаллими ҷавон 1-2 мақола навишта, соҳиби категорияи як ё олӣ мегардад. Ва ин муносибат ба кор дар куҷо рост меояд?    

  Ё ин ки омӯзгореро медонам, ки барои дидорбинии фарзандаш аз ҳисоби худаш ба Аврупо рафта буд, чун баъди баргаштан фаҳмид, ки ӯ бояд аз аттестатсия мегузаштааст, лекин, мутаассифона, категорияи олии ӯро низ гардондаанд, чунки ӯ дар аттестатсия иштирок накардааст. Магар ин дуруст аст, ки шахсе дар ин ҷо нест, лекин ту иштирок накардӣ, гуфта, категорияи олии ӯро гардонанд? Бо чунин аҳвол магар омӯзгор кор карда метавонад? Аз ин рӯ, хоҳишмандем аз шахсиятҳое, ки ба ҳамин масъала сарукор доред, якбори дигар сарҷамъ нишаста, сари ин масъала андеша ронед, ба як фикру хулоса оед, чунки оқибати ин кор натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Бигзор касе, ки ҳавасу хоҳиш дорад, мақола нависад, аммо ҳамаро маҷбур кардан чӣ лозим? Бо ин кору муносибат мо беҳтарин омӯзгоронро аз даст медиҳем. Чуноне ки дар байни халқ гуфтаанд:“Чаро инсон кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ!”.

  Ҳол он ки Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромад таъкид менамоянд, ки омӯзгоре, ки таҷрибаи бойи корӣ дорад, ҳафт сол кор мекунад, даҳ сол кор мекунад, бигузор кор кунад ва ба хонандагон дониши хуб диҳад. Аммо омӯзгоре, ки ҳаваси кор кардан надорад, панҷ сол ӯро нигоҳ надоред, бигзор равад ҷойи худро ёбад. Барои шахсиятҳои аҳли фаҳм ин суханони Президенти кишвар басанда аст, зеро омӯзгор ҳар кас шуда наметавонад. Чӣ тавре ки гуфтаанд:

                               Муаллим чашми дилҳо боз созад,

                               Ҷаҳон бар одамӣ анбоз созад.

                               Муаллим он, ки дар анҷоми таълим

                               Зи шогирдани худ устод созад.

Гулсифат Юнусова, омӯзгори нафақахӯр

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Surayoi Qudrat 21.10.2019 10:56

    Бале ,дуруст навиштед бисер хам бамаврид ,бамантик масьалаи асосии рузро барраси намудед ,омузгор бояд пеш аз хама накшаи дарсхои медодагиашро фикр намояд,то ин ки онхо шавковар гузаранд ва ба максад расанд ,максади асосии хар як дарс ин вакте ки мавзуи дарс аз тарафи толибилмон хуб аз худ карда мешавад,мебошад.Омузгори хуб пайваста бояд дар чустчуи усулхои фаьоли таьлим бошад,то ин ки бештар шавку завки хонандаро ба омухтани мавзухои фаннаш бедор намояд. Омузгори асил хамеша дар пайи чустучуи усулу методхои навини шавковар мебошад.Дарс агар шавковар бошад ,хамон кадар таваччухи шогирдон ба дарс зиед мегардад,ки ин кори омузгорро осон мегардонад.Омузгори асил аз муваффакияти шогирдонаш кувваю неруи тоза мегирад. Албатта ин кор вактро талаб менамояд, багайр аз дарсхои таьлими омузгорон ба дигар корхо банд хастанд, гузаронидани дарсхои тарбияви,махфилхои фанни, илмию хунаромузи, тайери ба озмунхо,инчунин иштирок намудан дар корхои чамаьияти, хамаи ин ба ухдаи омузгор мебошад. Омузгори асил хамаи ин корхоро бо майли том ичро менамояд,чунки таьлиму тарбия тавьаманданд. Хамаи ин корхо ба манфиати чомеаи мо мебошанд,бо ин рох мо насли солим тарбия менамоем.Бигузор шогирдони мо хамеша ба махфилхои таьлими,илми ,варзиши ба махфилхои хунаромузи ,ба корхои чамьияти бисертар чалб гарданд ,ин корхо онхоро масьулиятшинос,маьлумотнок,мехнатдуст мегардонад.Хамаи ин корхо ба ухдаи омузгорон мебошанд ва хамаи ин корхо вакти зиед,кувваи зехни ва чисмонии зиедеро талаб менамоянд.Маколанависи ин кор сахл нест,барои ин корро ба сомон расонидан аввал вакти зиедати даркор аст, ки ефтан вакти зиедати барои омузгори асил амри махол хаст. Вакте ки омузгор вакт ефт, албатта вай бояд макола нависад ,бигузор аз муваффакияташ дар чодаи таьлиму тарбия ,аз мувффакиятхои шогирдонаш нависад,инчунин бо навиштанаш вай бо хамкоронаш мубодилаи афкору тачрибаи пешкадам мекунад, бо навиштани макола аз истифодаи роху усулхои навину самарабахши таьлиму тарбия ибрози акида менамояд.Бигузор дар бораи пешравию тараккиети чанбахои гуногуни Ватани азизамон нависад.Бигузор ин макола хонданибоб бошад,то ин ки шахси мехондаги аз ин макола бахра гирад. Хамаи ин барои пешравии кор дар чодаи маориф аз ахамият холи нест,бигузор худаш нависад, на ин ки харад. Ба он касоне,ки макола мефурушанду ва он касоне ,ки мехаранд,мегуям ин кори нодуруст аст ва фаромуш накунед,ки дуруггуи торикии Имон мебошад.

  2. Дурахшон 21.10.2019 16:45

    Омӯзгоре, ки як мақола навишта наметавонад, чи тавр категорияи олӣ мегирад. Категорияи олӣ ба омӯзгоре дода шавад, ки дар ҳақиқат арзанда бошад. Омӯзгор ҳам мақоланавис, ҳам рӯзноманигор ва ҳатто ҳам артист бояд бошад. Агар не, пас аз гардондани категорияи олӣ гам нахуред.

Ваш e-mail не будет опубликован.