• Mardon
  • 12.07.2019
  • 0

Ҷонибдории Тоҷикистон аз визаи ягона дар Осиёи Марказӣ

Як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳандозӣ кардани раводиди ҳамсон ба визаи шенгени Иттиҳоди Аврупо – Silk visa-ро баррасӣ доранд.

Дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон 10 июл ҷаласаи Шӯрои сайёҳони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор ва дар он ин масъала баррасӣ шуд. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикиситон низ аз роҳандозии раводиди мазкур ҷонибдорӣ карданд.

Ширкатҳои маҳаллии Тоҷикистон мегӯянд, беш аз 80%-и сайёҳоне, ки ба кишвар меоянд суол хоҳанд кард, ки метавонанд аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ боздид кунанд. Дар ҳоли ҳозир посух ба ин суол онҳоро чандон шод нахоҳад кард. Зеро барои ворид шудан ба ҳар кишвари Осиёи Марказӣ бояд раводиди алоҳида бигиранд.

Коршиносон мегӯянд, тарҳи раводиди Silk Road Visa метавонад ба афзоиши ду баробари шумори сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон кумак кунад. Ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ низ дар як вақт сафар ба чандин кишвари Осиёи Марказиро пешниҳод хоҳанд кард.

Мансабдорони тоҷик мегӯянд, Silk Road Visa ба кишварҳои минтақа дар ҳалли мушкилиҳои зиёди иқтисодиву иҷтимоӣ кумак мекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner