• Administrator
  • 20.05.2019
  • 4

“Ортиқ-Лоиқ”

Дар бисёр маросимҳои арӯсиву маъракаҳои шодии мардуми Самарқанди бостонӣ, ки шеърҳои устод Лоиқро қироат мекардам, як зумра дӯстони самарқандиям шӯхиомез маро “Ортиқ-Лоиқ” меномиданд.

       Барои ман ифтихори бузурге буд, ки ҳанӯз солҳои донишҷӯиям шарафи шиносоӣ бо устод Лоиқ насибам гардид. Дар соли сеюми таҳсил (1977) банда дар озмуни умумииттифоқии ровиён, ки бо ташаббусу ибтикори Кумитаи Марказии комсомоли ленинии Иттиҳоди Шӯравӣ (ВЛКСМ), Ҷамъияти умумииттифоқии театрӣ (ВТО) ва Донишкадаи санъати театру кинои шаҳри Ленинград (ЛГИТМИК) байни донишҷӯёни донишкадаҳои санъати ҷумҳуриҳои иттифоқӣ гузаронида мешуд, ширкат намудам. Мавзӯи озмун “Ҷавонон-ояндаи сайёра” эълон шуда буд ва ман аз китобҳои устод Лоиқ шеърҳои “Ман ҷавонам”, “Ҳамсолони паровари ман”, “Ман намемирам”-ро бо забонҳои тоҷикиву русӣ силсилабандӣ карда, бо кумаки устодам шодравон Маҳрам Файзов ва Николай Шербин ба даври сеюми озмун роҳ ёфтам ва дар шаҳри Санкт-Петербург (собиқ Ленинград) ба пирӯзӣ ноил гаштам. Ин аввалин дастоварди ман дар саҳнаи ҳунар буд, ки қабл аз ҳама бо сабаби ба мавзӯю талаботи озмун созгору ҷавобгӯ будани шеърҳои устод Лоиқ комёб гардидам.

 Баъди баргаштан аз шаҳри зебою бостонии Ленинград ман бо ҷуръати хоса ба дидори устод Лоиқ шитофтам ва дар остонаи Иттифоқи нависандагон бо арзи сипосу муборакбод аз дастоварди худ дар озмуни ровиён ба ў паём расондам. Устод бо шодиву хушнудӣ маро шодбош гуфт ва боисрор даъват кард, ки бо ҳам ин комёбиро қайд намоем.

 Ҳамон нишаст оғози пурфайзи  дӯстиву шиносоӣ, ҳамкориҳои эҷодии ман бо устод ва алоқамандии пайвастаам бо осори мондагори ӯ гардид. Он шом ман бештар на аз зиёфат, балки аз сӯҳбату дидори устод махмур будам. Ба хобгоҳи донишкада омада, таассуроту ифтихори хешро ба ҳамсабақону ҳамболонам аз ҳамсуҳбату ҳамқадаҳ гаштанам бо шоири шуҳратёри тоҷик намедонистам чӣ тавр баён кунам. Баъзеҳо ҳатто бовар намекарданд, ки ман ҳамнишасту ҳамсуҳбати устод Лоиқ шуда будам…

 Чеҳраи ғамзадаву гиряҳои зори устод дар рӯзи ҷанозаи дӯсти ҷавонмаргаш Маҳмудҷон Воҳидов (12 ноябри соли 1977) ҳамеша дар навори хотиротам боқӣ мондааст. Шеъри “Дӯстам, дӯсти ҷавонмаргам”, ғазали “Дӯстон, вақти гули хор маро ёд кунед” воқеан ҳам бо хуни дил иншо шудаанд ва ман онҳоро дар ҳама маҳфилҳои ёдбуди Маҳмудҷон қироат мекардам.

 Агар дар санъати гӯяндагӣ ҳамчун ровӣ заррае ҳам комёб гашта бошам, дар он баракати ашъори устод Лоиқ таъсири пурарзише гузоштааст. Дар бисёр шеърҳои устод ман дунёи худ, розу ниёзи худ, айёми кӯдакиву наврасиҳоям, деҳаи худу мардуми он, волидонам, хоса модару модаркалонам, даврони ҷавониҳоям, андешаву афкор ва садои дили худро эҳсос мекардаму мисли навори кино равшану возеҳ  медидам. Вақте ки онҳоро дар саҳнаву маҳфилҳо қироат мекардам, на, қироат намекардам, балки ҳамчун сухану пиндори худ, дарду ормони дили худ баён менамудам, дар толор, дар миёни сомеон даҳҳо, садҳо ҳамфикру ҳамдард пайдо мекардам, ки бо эҳсоси  баланд, ҳатто бо чашмони ашкбор мазмуну ҳикмати ҳар як байту мисраъро дарку истиқбол намуда, мутаассир мегаштанд.

 Танҳо ду лаҳзаро мехоҳам чун намуна ёдовар шавам. Дар деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз дар фосилаи консерти ҳунарманди маъруф Хуршед Алидодов, баъди он ки ман шеъри “Ба модарам”-ро қироат кардам, кампири нуроние ба саҳна баромада, тоқии гулдӯзии зебоеро ба сарам пӯшонду дуоям дод. Баъдан фаҳмидем, ки ӯ он тоқиро барои овозхон оварда будааст, вале маъниву муҳтавои шеър ва арзишҳои бадеии он ба ҳадде ба модар таъсир расонида буд, ки беихтиёр раъйи худро дигар намуда, ровии он шеъри волоро бо дуову туҳфаи модарона шарафёб гардонд.

 Дар шаҳри Самарқанд дар як маҳфили занона (ба истилоҳи самарқандиён “заифона”) ман бо хоҳишу дархости як гурӯҳ меҳмонон ва соҳибони маърака шеъри “Ба модарам”-ро хондам. Аксари модарон онро бо ҳаяҷону оби чашм гӯш карданд. Дар фарҷом зери ҳавои кафкӯбиҳои тӯлонӣ пиразани нуронии асобадасте наздам омада, аз пешониям модарвор бӯсиду даст ба дуо бардошт. Чун фаҳмидам, ки ӯ духтари бузургвори ҳунар, овозхону донишманди маъруфи мусиқии классикӣ Ҳоҷӣ Абдулазиз будааст, ҳаяҷону ифтихор маро ҳадду канор набуд.

Дар арафаи ҷашни 50-солагии устод Лоиқ маро ба кумитаи шаҳрии ҳизб даъват карда, боисрор таъкид намуданд, ки “Ғазали тӯлонӣ” ё дигар шеърҳои ба ин монанди шоирро дар рӯзи ҷашнаш нахонам, вале худи устод дар он маҳфил ба ман хондани “Ғазали тӯлонӣ”-ро, ки матлааш:

             Мулк сангистону мо бе сангарем,

             Сар ба сар сардору мо бе сарварем…

мебошад, пешниҳод карда буд.

Ҷашни устод бисёр пуршукӯҳ таҷлил шуд, вале он рӯз ба ман навбати ҳунарнамоӣ надоданд, ҳарчанд дар барнома аз ровиён танҳо номи ман сабт шуда буд… Ин зарбаи навбатии тақдирро низ бо дард таҳаммул кардам. Баъдҳо худи устод ба маънии хиҷолату узрхоҳӣ ва рафтори наҷибонаву ҷавонмардонаи худ иқрор шуда буд, ки он рӯз нисбат ба ман ноҳақӣ шуду бо ин сабаб ҷашни эҷодии шоир бидуни қироати шеъраш, танҳо бо суруду тарона доир гашт…

         Дар бисёр ҳолатҳои рӯҳафтодагиву дилозурдагӣ ман доруи тасаллибахшро дар шеърҳои устод Лоиқ пайдо мекардам. Гоҳе устод бо меҳру самимияти хоса маро “Маҷ!” меномид…

“Фарёди бефарёдрас”-и Лоиқ Шералӣ ва бисёр шеърҳои ба мавзӯи фоҷиаҳои миллӣ, даҳшатҳои ҷанги бародаркуш бахшидаи устод дар фаъолияти эҷодиям марҳилаи дигаре маҳсуб мешаванд. Шеъри “Ману ту” ҳанӯз чоп нашуда буд, ки ман онро дар барномаи ҷашни 70-солагии Рӯзи милитсияи тоҷик дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ қироат кардам. Ҳамон шаб он барнома аз тариқи телевизиони тоҷик пурра пахш гардид ва шеъри “Ману ту” вокунишу ҳангомаи зиёде ба бор овард. Худи ҳамон шаб чандин нафарон ба ман занг зада, эҳсосу таассуроти хешро аз мазмуну мундариҷаи шеър, аз ҳақиқати талху андешаи тезутунди устод, ки бедодгариву беадолатиҳои вақт, зӯровариву номардӣ ва қонуншиканиҳои силоҳбадастони ҷоҳили ду ҷониби сангарро маҳкуму мазаммат мекард, баён намуда изҳори нигаронӣ карданд, ки дар он шабу рӯзи пурдаҳшату нобасомон қироати чунин шеър хеле хатарзо мебошад. Рӯзҳои дигар ҳатто нафаронеро дучор шудам, ки бо воҳима мегуфтанд: “-Ту ҳоло зиндаӣ?! Мо гумон кардем, ки силоҳбадастон туро ҳамон шаб бардоштанд!”. Ҳатто худи устод Лоиқ, ки дар бемористони амрози қалб бистарї буд,  вақти ба аёдаташ омаданам, маро дилсўзона сарзанишу маломат ҳам кард, ки “Чаро ҷонатро ба хатар мегузорӣ?!”. Аммо нафарони зиёде ҳам бо арзи сипосу ихлос иброз доштанд, ки он шеър ба сарпаст намудани як зумра шохзанҳои бераҳму ҷоҳил ва сари ормону арзишҳои миллат андеша кардани бархе аз  камондорон мусоидат ҳам карда буд. Хоҳишмандам, хонандаи азиз, ин сатрҳоро манманиву худситоӣ напиндорад. Ин ҷо мақсуд баёни қудрати сухани Лоиқ, неруи андешаву афкор, рӯҳи озодипарасту иродаи қавӣ, ҳақҷӯиву ҳақталошии устод, ҷасорату мардонагии шоири якрӯву баномуси миллат мебошад.

        Ҳаққо, ки имрӯз дар мавриди изҳори ҳарфи ҳақ ва пуштибонӣ аз адолату инсоф, бозгӯ намудани ҳақиқат ва дарду ормонҳои мардум ҷои устод Лоиқ холӣ аст. Ғайр аз газофу хушомадгӯӣ, тамаллуқу ёвагӯиҳо, ки Сарвари давлат аз шунидани он хаста шуда, ниёз ба ҳарфи мардонаву воқеъбинона доранд, матлаберо дархӯрди ниёзҳо ва арзишҳои волои миллӣ намешунавем…

Аз забони шоҳидони ҳол шунида будам, ки устод Лоиқ он солҳои пурошўб дар ҳузури сарони давлат аз бедодгариҳову шохзаниҳои камондорони бешараф, ки мардумро дар хонаву ҷои кор, кӯчаву бозор озорҳо медоданд, боисрору ҷасорати хоса шикоят карда будааст ва дар натиҷа ҳамаи гурӯҳҳои силоҳбадаст бо амри Сарвари давлат аз шаҳри Душанбе берун карда шуданду мардум бо изҳори шукру сипос нафаси озод кашиданд…

          Вақте ки Бозор Собир бори аввал аз ғурбат, аз Амрико ба Тоҷикистон омада буд, ман китоби “Фарёди бефарёдрас”-ро ба ў дастрас намудам ва рӯзи дигар ӯро хеле ошуфтаву андешаманд дарёфтам, ки аз баъзе афкори ғалати худ нисбат ба шахси устод Лоиқ изҳори пушаймонӣ мекарду мегуфт: “Дар миёни оташи ҷаҳлу разолат нотарсида ин қадар ҳарфи сахту ҳақ гуфтан кори ҳар кас нест. Ман назди рӯҳи азизи Лоиқ шеъре қарздорам…”.

  Ҳамин тавр он шабу рӯзҳо бисёр шеърҳои китоби “Фарёди бефарёдрас” ба мисли “Ба камондорон”, “Ману ту”, “Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам”, “Ҷабри торих ягон қавм надидааст, ки мо” ва ғайра гӯё фарёди дили ману ҳамфикронам буданд, ки аз саҳнаҳо садо медоданд .

 Хусусан қироати ғазали “Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам”-ро дар ҳар маҳфилу мавриди муносиб устод Муҳаммадҷон Шакурӣ ва ҳамсарашон Дилафрӯз Икромӣ хоҳиш менамуданд ва ҳар ду онро бо эҳсосу чашмони ашкбор гӯш мекарданд.

 Ин ғазалро устод Лоиқ ба поси хотиру бузургдошти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бахшидааст, ки бори нахуст дар ҳошияи китоби “Хуросон аст ин ҷо”-и устод Шакурӣ чоп шуда буд. Пешгуфтори китобро, ки бо қалами устод Лоиқ тааллуқ дорад, ман натавонистам онро бе оби чашм мутолиа намоям…

Бо ҳама қудрати суханвариву обрӯву эътибори хеш устод Лоиқ бисёр инсони хоксору заминӣ буд. Ширкату суханронии ӯ дар ҷашни хонаободии бародарони ман дар деҳа, чанд бор меҳмони хонадони мо шуданаш худ гувоҳи хоксориву фурӯтанӣ ва одамияти баланди устод мебошад…

  Вақте, ки сулҳи тоҷикон ба имзо расид, устод Лоиқ ба пойандози ин пайки шодиву саодат шеъри

            Раҳми Парвардигори мо омад,

            Нури Ҳақ бар диёри мо омад

-ро суруд.

Банда, ки ранҷу озори айёми пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандиро дида будам, бо эҳсоси шодиву хушӣ ва бо даъвату исрори шодравон Зокирҷон Вазиров дар зодрӯзи сарвари мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар меҳмонхонаи “Вахш” ширкат ва шеърхонӣ кардам. Он ҷо сухан танҳо аз сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва гиромидошти муқаддасоту арзишҳои миллӣ буд. Муҳтавои он маҳфил ҳамон шеъри машҳури устод Лоиқ буд.

  …Ҷанги девонавори мо бигзашт,

     Сулҳи деринтизори мо омад…

        Баъдан бо иғвову дасисаҳои зумрае аз каҷдилону тангназарон номи банда аз рӯйхати иштирокдорони рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар чанд кишварҳои дӯсту ҳамсоя ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву ҷашнвораҳо хат зада шуд. Вақте ки устод Лоиқ аз ин қазия огоҳ гардид, ба назди яке аз роҳбарони воломақом даромада, баҳри дифои номи ман аз ғалатфаҳмиҳо ва ғаразу кини ҳасудону нотавонбинон садо баланд кард. Академик Раҳим Масов, ки дар он вохӯрӣ бо устод Лоиқ ҳамроҳ буд, дар хусуси он дидору натиҷаи дилхоҳи он ба ман хабар дод. Ӯ гуфт: “Лоиқ дар дифои ту чунон суханоне гуфт, ки ту бояд ифтихор кунию ба он сазовор бошӣ”.

Тибқи гуфтаҳои шодравон Раҳим Масов устод Лоиқ дар ҳузури он роҳбари фарҳангдӯсту адабпарвар дар хусуси ман ғалат будани дасисаи суханчинонро исбот намуда, ҳарфҳое ба ин маънӣ гуфтааст: “Барои ин ҳунарпеша (яъне ман- О. Қодиров) мафҳуми худиву мухолиф, (“вовчику юрчик”), маҳаллу маҳалбозӣ, риёву дурӯғгӯӣ бегона аст. Барои ӯ беш аз ҳама миллат ва якпорчагиву ваҳдати миллӣ, шарафу худшиносӣ ва ифтихори миллӣ муқаддас аст”. Албатта, ин ҳарфҳову лутфи беандозаи шоири тавонои тоҷик нисбат ба ман барин як фарди қатории миллат хеле муболиға буданд. Бале ,ҳамин меҳрубониву ҷавонмардии устод Лоиқ боис шуду ман боз бе монеа рӯи саҳнаҳо омадам ва дар ҷамъбасти озмуни шеър ба ифтихори ҷашни 1-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ барои қироати ҳамон сулҳномаи устод аз дасти худи ҳамон роҳбари воломақом ҷоизаи боарзише ҳам гирифтам. Ин гуна бархӯрдҳо ва хотираҳои рангину ҷолиб бо устод Лоиқ дар ҳаёти ман, хушбахтона, хеле зиёданд, ки ҳамаи онро бо ҷузъиёташ рӯи саҳфа овардан наметавон.

Соли 1990 “Бунёди забони тоҷикӣ” таъсис ёфт ва дар анҷумани нахустини он ману устоди зинданом Зафар Нозимро аъзои ифтихории раёсати Бунёд интихоб намуданд. Дар доираи фаъолияти Бунёди забони тоҷикӣ ва дар чандин маҳфилҳои шеър низ бо устод ҳамкориҳои зиёду судманде анҷом додаем.

      Соли 1992 номзадии банда ба дарёфти Ҷоизаи иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд ва дар бораи фаъолияти эҷодии ман ҳамчун ҳунарпеша ва ровӣ беҳтарин мақолаву тавсифномаро устод Лоиқ аз номи раёсати Бунёди забони тоҷикӣ навишта буд, ки барои расидани ман ба натиҷаи ниҳоӣ (соҳибҷоиза гардиданам) нақши ҳалкунанда бозид.

  Бароям муҷиби хушбахтиву ифтихор буд, ки борҳо бо устод дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар ва берун аз он дар шаҳрҳои Самарқанду Хуҷанд  Маскаву  Теҳрон ҳамсафар будам.

       Соли 1997 дар шаҳри Маскав, дар Хонаи адибони Русия дар маҳфили эҷодии ҳамдиёрамон, олиму адиби шинохта Бӯрӣ Карим ҳамроҳи устод Лоиқ баромаду суханронӣ доштем. Дар ин сафар муҳаббату ихлоси самимии устодро нисбат ба ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони тоҷик мушоҳида кардам. Муносибати пурмеҳру падаронаи ӯро бо Искандари Хатлонӣ хуб дар хотир дорам, ки ин гувоҳи дили бузургу пуршавқати устод дар гиромидошти истеъдоду ҳунари баланд ва шеъри асилу сухани воло мебошад…

 Дар он сафар ману устод Лоиқро сафири вақти Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Рамазон Мирзоев ба хонаи худ (воқеъ дар бинои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав) даъват намуд. Зиёфати оростаи сафири зиндадилу фарҳангдӯст ба як маҳфили шеъру сухан, зарофату хушгӯиҳои намакин ва дар қисмати фарҷоми он баъди ташрифи Ҷамшед Исмоилов ба маҳфили суруду тарона табдил ёфт…

       Баҳори соли 1995 бо ташаббусу ибтикори сафири вақти ҶИЭ дар Тоҷикистон оғои Шабистарӣ як гурӯҳ адибону олимон ва зиёиёни тоҷик ба шаҳрҳои Теҳрону Шероз сафар намуданд, ки банда низ дар он ҳайат шомил будам. Шодиву ифтихори бештари ман боз аз он буд, ки банда дар ин сафар бо шоири шаҳири тоҷик, устод Лоиқ, шоирони маъруф Гулназар, Камол Насрулло, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ, Меҳринисову Баҳринисо ва чанде аз олимону рӯзноманигорони шинохта ҳамсафар будам.

       Дар меҳмонхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Теҳрон маскун шудем ва бегоҳ барои хӯроки шом ба ошхонаи он фаромадем. Азбаски устод Лоиқ бори дуюм ба Эрон омада буд ва аз одобу таъомули меҳмонсаро ва ошхонаи он огаҳии бештаре дошт, мо барои истифодаи зарфу интихоби ғизоҳо аз ӯ пайравӣ намудем. Устод аз миёни маҷмаи зарфҳои хурду бузург табақи калонтаринеро интихоб намуда, шурӯъ аз биринҷ (палови эронӣ), кабоби кӯбида, чӯҷакабоб, хӯришҳои гуногуну дигар анвои ғизоиро рӯйи ҳам дар он табақ ҷой дод. Навбат ба интихоби ширинӣ (дессерт) расида буд, ки устод нозукии ҳолатро дарк намуда, онро дар табақчаи хурде гирифт. Ин ҳангом яке аз ходимони ошхона ба мо муроҷиат карда гуфт, ки “-Шумо моли куҷоед?”. Устод Лоиқ бо ҳамон ҳозирҷавобии хоси худ посух дод, ки “-Ман аҳли Тоҷикистонам” ва ба мо ишора карда илова намуд: “ Эшон моли Тоҷикистонанд”. Шояд устод Лоиқ ин ҳазли худро ҷои дигар ва дар мавриди дигаре ба ин монанд низ гуфта бошад, вале он бегоҳ ман, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ, Камол Насрулло ва Сӯҳроби Зиё, ки аз паси устод истода, барои ғизои шом интихоби ӯро пайгирӣ мекардем, шоҳиди он зарофати намакину машҳури ӯ гардидем. Дар сари миз ман шӯхии устодро идома дода гуфтам, ки ҳоло меъдаҳои мо ҳайрон мемонанд, ки ин чӣ ғизоҳое бошанд, ки қаблан ин ҷо фурӯ наафтода буданд. Устод бо ҳазл гуфт, ки “-Бале, ҳоло меъдаҳои мо ба арвоҳи Имом дуои раҳмат хоҳанд фиристод”…

   Субҳи рӯзи дигар донишманди маъруфи Эрон Фаридуни Ҷунайдӣ бо як пойи гаҷбаста лангон-лангон ба дидорбинии устод омад. Бо дидани дӯсти худ устод Лоиқ аз ҳамсафарӣ бо гурӯҳ худдорӣ карда гуфт: “-Он ҷойҳое, ки шуморо мебаранд, ман се сол пеш он ҷойҳоро ҳамроҳи Раҳмон Набиев дидаам. Ман аслан ин ҷо барои хобу фароғати эҷодӣ омадаам”, бо ҳазл идома дод устод. Танҳо рӯзе, ки дар барномаи сафари мо дидани “Шаҳраки синамогарон”-и Теҳрон буд, устод моро ҳамроҳӣ кард. Воқеан, мо он “шаҳрак”-ро чун шаҳре дарёфтем, ки гувоҳи азамату неруи эҷодии синамои Эрон буд ва устод чун ҳамаи аҳли ҳайат аз тамошои он хеле мутаассир гашт…

       Баъди сафари Шероз, дидани “Тахти Ҷамшед”, зиёрати оромгоҳи бузургони шеъру адаб Шайх Саъдиву Ҳофизи лисонулғайб ва Ҳоҷуи Кирмонӣ масти таассурот ба Теҳрон баргаштем. Рӯзи дигар чун озими Душанбе шудем, устод Лоиқ иброз дошт, ки ӯ дар Теҳрон чанд муддати дигар хоҳад монд, то баъзе нияту мақсадҳои эҷодии хешро анҷом диҳад. Ӯ ду ҷомадони  бузургу сангини пур аз китобро ба ман бовар карда, хоҳиш намуд, ки онро ба хонаашон бурда, шахсан ба дасти “Қозикалон” супорам. Устод ҳамсари худро “Қозикалон” унвон карда, янга бошад, устодро “Мири шаб” меномид. Он ду кифи калону сангин иборат аз саду чанд ҷилд китобҳои “Луғатномаи Деҳхудо” ва “ Фарҳанги Муъин” буданд, ки устод ба подоши китоби чопшудаи худ дар нашрияҳои Эрон дарёфт карда буд. Шаб хеле дер ба фурудгоҳи Душанбе расида бошем ҳам, бо кумаки Сӯҳроби Зиёву дӯстонаш армуғони хеле гарону вазнини “Мири шаб”-ро ба “Қозикалон” расонидем. Ин нукта воқеан ҳам қобили зикру мӯъҷиби ифтихор аст, ки устод Лоиқ дастрас намудани он ганҷи бебаҳоро ба ман бовар карда буд, ҳарчанд дар ҳайати мо шогирдону пайравонаш кам набуданд…

   Ҳамин тавр, чанд бор ифтихори онро ҳам доштам, ки ҳамроҳи дӯстон, хусусан ҳамроҳи Акбари Саттор, ки бо устод ҳамсоя буд, худи “Мири шаб”-ро дар дили шабҳо ба дасти “Қозикалон” супорида будем. Янга ба дер омаданҳои “Мири шаб”-и худ одат карда буд ва то бозгашти устод раҳпоӣ менамуд. Бо шарофати устод борҳо аз палавҳои лазизи “Қозикалон”, чӣ дар хонаашон ва чӣ дар боғчаашон, ки дар он маҳал бо номи “Боғчаи Лоиқ” маъруф аст, бархӯрдор гашта будам…

   Дар тӯи арӯсии ҷигарбандаш Ромиш банда муҷрӣ (раис)-и ҷашн будам, ки аз байни он ҳама суханварону аҳли адаб ба мани камтарин бовар кардани чунин масъулият аз ҷониби устод бароям шарафу ифтихори бузурге буд…

   Дар арафаи ҷашни 60-солагии устод бо чанде аз дӯстон дар хонааш меҳмон будем. Аз палави хеле хушлаззати янга баҳравар гаштаву аз суҳбатҳои пурҳикмату ширини устод ғизои маънавӣ мегирифтем. Устод бо таъкид бар он, ки писари калониаш Диловар (номи дигараш Ҷамшед) олими соҳаи шолипарварист, ҳазломез гуфт, ки дар ҷашни 60-солагиам дар варзишгоҳи марказӣ 60 дег ош монда, бояд намаки халқро пос дорам.

           Дар ҳамон нишаст устод ба ман ҳам дастур дода буд, ки дар ҷашни 60-солагиаш ба ҳайси ровии маҳфил омода бошам…

Сад дареғу афсӯс, ки шоири маҳбуби халқ худ ба он рӯзи муборак нарасид, вале намаки халқи азизашро бо волотарин ашъор, бо беҳтарин сурудаҳои намакин аз  дарду ормонҳои халқ бо меҳру муҳаббату ихлоси бепоён фарзандвор, содиқонаву ошиқона пос дошт…

   Дар остонаи шасти  эъҷозу авҷи парвози сухан, қалби пуршӯру аз дарди халқ садпораи ӯ аз тапиш бозмонд…

                             Дили ман, эй дили бечораи ман,

                             Дили ғампарвару ғамхораи ман.

                             Туро сад пора хоҳад кард охир,

                             Ғами  ин миллати садпораи ман.

Ва имрӯз мо пеши рӯҳи бузурги устод Лоиқ қарздорем. Ин қарзро танҳо бонангу номус, худшиносиву ифтихори баланди миллӣ, фарҳангу маърифати баланд, гиромӣ доштани қадри сухан- сухани воло, шинохтани қадри бузургони илму адаб, сазовору лоиқ будан ба номи ниёкони шарафманд ва мероси гаронмояи эшон, аз қайди ҷаҳолату маҳалбозиҳо, бухлу ҳасад, ғаразу худхоҳиҳо ворастан ва расидан ба камолоти шарафу одамият, пос доштани ҳама арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ метавон адо кард…

          Ҷашни 60-солагии устод Лоиқ Шералӣ дар толори Театри опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ҳусну шукӯҳи хоса баргузор шуда бошад ҳам, ҷисман дар он маҳфил ҳузур надоштани худи устод басо дардноку ҳузнангез буд. Банда дар он маҳфил муаллиф ва ровии барнома будам. Худи ҳамон сол дар толори “Хонаи адибон”-и Федератсияи Россия дар шаҳри Маскав низ бо ташаббуси Шавкат Ниёзӣ ва Бӯрӣ Карим шоми ёдбуди устоди зинданом хотирмону зебо доир гашт, ки банда ба ҳайси ровии барнома, Афзалшоҳи Шодӣ ва Ҳасан Ҳайдар чун тараннумгарони ашъори устод ифтихори ширкат дар он маҳфили пуршукӯҳро доштем. Ҳусну азамати он маҳфилҳо бешак ҳузури рӯҳ ва осори мондагори устод маҳсуб мегардид…

   Дар шаҳри Душанбе мактабе ва кӯчае ба номи Лоиқ аст, аммо  имрӯз дар кӯчаҳои нангу номус, гардишҳои ҷасорату ҷавонмардӣ Лоиқро намебинем. Вале дар ҳама ҷашну маҳфилҳо, базму маросимҳои шодии мардум ва дар рӯзҳои ғаму мотам низ ҳарфи Лоиқ, шеъри Лоиқ, садои дили Лоиқ ба гӯш мерасад.

Беҷою баҷо гуфтам, аз ишқу вафо гуфтам.

 Дар маҳфили ҳар ошиқ иншои маро ёбед…

   Зуҳури Лоиқ баъди ҳазор соли марги Одамушшуаро Рӯдакии бузургвор фазлу ҳикмати Худованд, атои Илоҳӣ ба ин миллати сухансозу суханпарвар аст. Номи Лоиқ, осори ҷовидонаи он ҳазорон сол чун розу ниёз ва баёнгари дарду армонҳои ин миллат вирди забонҳо хоҳад буд.

   Ин гуфтаҳои ӯ ҳамеша дар гӯши дилҳои огоҳ садо медиҳанд:

                            Ман баъди ҳама завол меоям боз,

                            Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.

                            Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,

                           Аз баъди ҳазор сол меоям боз.

                                                                             Ортиқ Қодир,

                                                                Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Дилбар:

    «Гоҳе устод бо меҳру самимияти хоса маро “Маҷ!” меномид…»? Чаро? Ин ном чи маъни дорад?

  • хонанда:

    Дастатон дард накунад,хеле таъсирбахш. Оид ба пахлухои зиндагии устод Лоик маълумоти тоза гирифтаи

  • Қироншоҳ Шарифзода.:

    Саратон баланду қаламатон сабз бодо, Афзунмеҳри (Ортиқи) гиромӣ! Рӯҳи абарустод Лоиқро шод кардед. Лоиқона!

  • Нисо:

    Мач дусти Рудаки буд ки шеьрхои уро мехонд…. Дилбархон китоб хон!

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner