• Бахтовар Сафаров
  • 29.08.2019
  • 0

Озарахш Шоири халқии Тоҷикистон шуд

Толиб Карими Озарахш, яке аз шоирони маъруфи муосири тоҷик бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуд. Ин унвонро ба шоир субҳи имрӯз шахсан Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон эъто кард.

Пас аз зуҳри имрӯз зимни суҳбати телефонӣ бо хабарнигори мо шоир гуфт, ки хеле хушҳол аст ва феълан ба Хуҷанд бармегардад:

“Ифтихор мекунам, ки баландтарин унвони адабии кишварро, ки ба номи устодон Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Қутбӣ Киром, Ашӯр Сафар, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир алоқаманд аст ба даст овардам. Аммо дар баробари ифтихор ин унвон масъулияти маро дучанду даҳчанд мекунад, то барои адабиёт ва фарҳанги тоҷик хизмат кунам” — гуфт шоир.

Озарахш 13 августи соли 1963 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёнаи деҳа, соли 1980, вориди Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (бахши рӯзноманигорӣ) шудааст.

Пас аз хатми донишгоҳ, солҳои 1986-1989, муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1989-1992 директори Иттиҳодияи эҷодӣ-истеҳсолии «Союзтеатр» дар вилояти Суғд, 1992-2002 муҳаррири телевизиони вилоят будааст.

Аз соли 2002 хабарнигори ҳафтаномаҳои «Нақлиёт» ва «Адабиёт ва санъат» дар вилояти Суғд буд. Шурӯъ аз соли 2015 сардабири маҷаллаи адабии “Паёми Суғд” мебошад.

Озарахшт ҳамсари яке аз шоирони маъруфи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон, Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ Фарзона мебошад.

Шоир аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Озарахш муаллифи китоби ашъори «Аз чашмасор омадам», «Намози мусофир» ва «Чархболи Офтоб» аст, ки дар Душанбе ва Хуҷанд интишор ёфтаанд ва муаллифашонро мақом бахшидаанд.

Яке аз китобҳои охирини Озарахш “Девони ишқ” аст, ки ба муаллифаш шуҳрати бемисл овард.

Зиёда аз 10 намоишномаи Озарахш дар саҳнаи театрҳои кишвар (хусусан, театри наврасон) пешниҳоди ҳаводорони санъати театрӣ гардидаанд, ки «Сафедор», «Равзанаи умед», «Афсона ё ҳақиқат», «Чашмаи Пардӯш», «Гулҳо намемиранд», «Ҳазордастон», «Нақши Рӯдакӣ» аз он шумуланд.

Намунаҳое аз ашъораш ба забонҳои русӣ, инглисӣ, фаронсавӣ, руминӣ ва ӯзбекӣ тарҷумаву чоп шудаанд. Дар ҳайати намояндаҳои расмии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои фарҳангиву ҳунарӣ дар қитъаи Африко (Гана, Бенин ва Того), кишварҳои Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Инглистон дастовардаҳои адабиёту санъати тоҷикро тарғиб кардааст.

Қаблан Озарахш бо Ҷоизаи ба номи Камолӣ Хуҷандӣ (барои филми «Ифтихор»), Ҷоизаи байналмилалии Имом Хумайнӣ, Ҷоизаи «Боргоҳи сухан» ва Медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ шуда буд.

Шоири халқии Тоҷикистон баландтарин унвони Озарахш аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner