• Бахтовар Сафаров
  • 16.08.2019
  • 0

Пӯсти хушк даво дорад?

-Пӯсти дасту рӯям бештар хушк мешавад. Роҳҳои бартараф кардани онро мутахассиси чӣ гуна шарҳ медиҳад?

Мафтуна, сокини н.Шаҳринав.

Ҳамроҳ Усмонова, номзади илми тиб, дотсенти кафедраи дерматовенерологии ДДТТ ба номи А. Сино, чунин посух гуфт:

-Хушкшавии пӯсти рӯй, даст ва бадан бо сабаби норасоии витаминҳои А, Е ба вуҷуд меояд. Норасоии ин витаминҳо боиси кафидан, хушк шудан ва ҳатто хуншор гаштани пӯст гашта метавонад. Афроде, ки ба чунин мушкил мубтало гаштаанд, бояд ба дерматолог муроҷиат намоянд. Одамоне, ки аз норасоии витаминҳои номбурда азият мекашанд, ғизои солим хӯрда, бештар бо табъи болида гарданд, зебову ботароват мешаванд. Хӯрдани сабзӣ, карам, кабудиҳо метавонад норасоии витаминҳоро бартараф намояд. Молидани малҳамҳое, ки дар таркибашон витаминҳои А, Е, С вуҷуд дорад, айни муддаост.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner