Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Панҷакент: Оламафрӯз ҳангоми лижаронӣ ғарқ шуд

Рӯзи 29 ноябр дар деҳаи Қумоқи шаҳри Панҷакент Оламафрӯзи 7-сола ба кӯли назди дарёи Зарафшон афтода, ғарқ шуд.

“Оламафрӯз рӯзи ҷумъа ҳамроҳи додараш, Комроншоҳ ва бачаҳои ҳамсоя ба лаби дарё мераванд. Мебинанд, ки рӯйи кӯли лаби дарё ях бастааст ва мехоҳанд лижаронӣ кунанд. Аввал додараш ба болои оби яхбаста мебарояд, ки ногаҳон яхи кӯл мешиканад. Оламафрӯз додарам ғарқ нашавад гуфта уро кашола карда мебарораду нохост пояш мелағжад ва худи ӯ ба кӯл меафтад. Бачаҳо доду фарёд мебардоранд ва кӯмак мехоҳанд, аммо ягон нафаре ёфт намешавад, ки Оламафрӯзро аз панҷаи марг наҷот диҳад”, — мегӯянд наздиконаш.

Зарифов Оламафрӯз писари дуюм дар оила буда, ҳамин сол ба синфи 1-ум рафта буд. Тавре муаллимааш мегӯяд, писарбачаи бисёр зирак, доно ва оқил буд, аммо тақдир ӯро мисли як фаришта оварду бозпас гирифт.

Ҷасади яхкардаи Оламафрӯзи ғӯрамаргро рӯзи шанбе бо як азоб аз даруни кӯл берун бароварда ба хоки сард супориданд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.