• Бахтовар Сафаров
  • 25.01.2019
  • 3

Панҷакент: Нархи лонаи кӯршапарак 5 ҳазор доллар

Дар деҳаҳои Панҷакент мардуми зиёде ин шабу рӯз машғули ҷустуҷӯи лонаҳои кӯршапарак шудаанд. Сокинон мегӯянд, ин бизнеси лӯлиҳост, ки деҳа ба деҳа гашта, ба мардум дар ивази ҳар лонаи кӯршапарак 5 ҳазор доллар ваъда кардаанд. Ба гуфтаи лӯлиҳои соҳибкор, лонаи кӯршапаракро барои сохтани доруи зидди саратон истифода мебаранд. Аммо бархе сокинон тарс доранд, ки ваъдаи пули калон барои лонаи кӯршапарак боиси нестшавии ин навъи бе ин ҳам нодири махлуқот дар табиат мешавад.

Сокинони Панҷакент рӯзи 24 январ ба сомонаи «Ахбор” хабар доданд, ки дар деҳоти ин минтақа мардум дар васвасаи як тиҷорат, ё ба қавли худи мардум, «бизнес”-и нав афтодаанд.
Чанд тан аз лӯлиёни сокини Панҷакент деҳа ба деҳа гашта, аз мардум хостаанд, ки барояшон лонаҳои кӯршапарак пайдо кунанд. Онҳо гуфтаанд, ки лонаи кӯршапаракро ширкатҳои дорусозӣ барои сохтани кадом як доруи зидди бемории саратон истифода мебаранд. Ин лӯлиҳо, ки ба гуфтаи худашон, барои ҳамин ширкатҳои дорусозӣ миёнаравӣ мекунанд, ба мардум ваъда додаанд, ки ҳар лонаи кӯршапаракро бо нархи 5 ҳазор доллар мехаранд.

Як сокини деҳаи Дашти Қозӣ ба «Ахбор” гуфт: «Бегоҳи 23 январ ин лӯлиҳо ба Дашти Қозӣ ҳам омаданд, чунки хабардор шудаанд, ки як сокини деҳаи мо бо номи Қандил як лонаи кӯршапаракро ёфтааст. Вақте Қандил лонаи ёфтаашро ба онҳо нишон дод, онҳо гуфтаанд, ки ин лона кӯҳнаву кафидагӣ аст ва Қандил баъди пайдо карданаш даҳони лонаро маҳкам накардааст. Гуфтанд, ки ин лона ба 5 ҳазор доллар намеарзад, вале ҳазор доллар мехаранд. Аммо ӯ розӣ нашуд. Баъд ин лӯлиҳо ба мардум фаҳмонданд, ки касе лонаи кӯршапаракро ёбад, бояд аввал даҳони лонаро бо скотч маҳкам карда, ба онҳо занг занад ва онҳо омада, пулашро дода, лонаро мебаранд.”

Лӯлиҳои соҳибкор ба сокинони деҳоти Панҷакент акси лонаи кӯршапарак ва ба кадом шакл бо скотч маҳкам кардани даҳони лонаи кӯршапаракро низ нишон додаанд. (Нигаред ба акси дар боло)
Дар аввали соли ҷорӣ ҳомиёни табиат дар Ӯзбекистон аз айни шикори лонаҳои кӯршапарак дар ин кишвар изҳори нигаронӣ карда буданд. Гузориш шуда буд, ки ҳаннотон дар Интернет гуруҳҳои махсусе барои фурӯши лонаи кӯршапарак ташкил кардаанд ва гӯё барои ҳар лона аз 5 то 10 ҳазор доллар пул ваъда медиҳанд.

Анастасия Ташилова аз созмони «Сайёраи зинда” ҳушдор дод, ки ин ҳаннотон бо чунин амал сабаби нест кардани кӯршапаракҳо мешаванд: «Одамон ба ин гуфтаҳои беасос бовар карда, лонаҳои кӯршапаракҳоро вайрон мекунанд. Ба онҳо бовар накунед. Ин идеяи ҳаннотон ва фиребгарон аст.”

Дар гузоришҳо аз Ӯзбекистон низ гуфта мешуд, ки ҳаннотон лонаи кӯршапаракро барои сохтани доруи зидди бемории саратон мехаранд. Аммо дар бораи тавлиди доруи зидди саратон аз лонаи кӯршапарак ягон иттилои боварибахше дастрас нест.

Бархе сокинони Панҷакент низ аз ин изҳори ташвиш доранд, ки васвасаи ба даст овардани пули калон дар ивази лонаи кӯршапарак боиси нест шудани ин ҳайвони бе ин ҳам нодир хоҳад шуд.
Ҳамсуҳбати мо аз деҳаи Дашти Қозӣ мегӯяд, чанд сол пеш ба ҳамин сурат, шикори бераҳмонаи бедона сабаби коҳиши башиддати ин навъи парранда дар водии Зарафшон шуд.

Ахиран ба гуфтаи вай, чанд шикорчӣ аз Истаравшан саъба (саъва)-ҳоро низ дар кӯҳҳои атрофи Дашти Қозӣ бераҳмона шикор карданд: «5-6 нафар дар як мошин омада, аз поёни моҳи декабр то аввали январ саъбаҳоро шикор карданд. Ҳар рӯз то 100 саъба медоштанд. Вақте мардум изҳори ташвиш кард, ки бо чунин шикор ин навъи паррандаро аз байн мебаранд, ин шикорчиҳо иҷозатномаеро бо имзои мудири бахши экологияи ҳукумати Панҷакент Ашраф Ғафуров нишон дода, гуфтанд, ки барои шикори саъба иҷозати расмӣ гирифтаанд.”

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ин шикорчиён барои иҷозатномаи шикори саъба (саъва) ҳамагӣ 180 сомонӣ пардохт кардаанд, вале зараре, ки аз коҳиши шумори ин паррандагон ба табиати водии Зарафшон мерасад, бо ягон сомонӣ қобили ҳисоб буда наметавонад.

Бознашр аз «Ахбор»

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Билол Мирзоев:

    ман лонаи куршапаракро ёфтам кадоме харидор бошад занг зананд номерои ман 918363032

  • эмл111:

    я дона куршапарак дорем кадоме мехара зангзана да ами номеро 911017576

  • незнакомец:

    кушапаракда бие бачча

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner