Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Панҷакент: Падар фарзанди угайашро кушт

Рӯзи 6-уми сентябри соли 2019 номбурда дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 8-уми сентябр ба ҳалокат расидааст.

Як сокини шаҳри Панҷакент писари угайи чорсолаашро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа писарбача ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, рӯзи 28-уми майи соли 2019 бо зани 30-солаи сокини деҳаи мазкур тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуда, дар давоми зиндагии якҷоя нисбати фарзанди ҳамсараш, писарбачаи 4-сола мунтазам муносибати бераҳмона намуда, доимо ӯро лату кӯб мекардааст.

“Рӯзи 6-уми сентябри соли 2019 номбурда дар хонаи истиқоматиашон хурдсоли мазкурро зери лату кӯб қарор додааст, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, санаи 8-уми сентябр ба ҳалокат расидааст”, — омадааст дар иттилоия.

Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ

16 шарҳ вуҷуд дорад
  1. берахми худозада 10.09.2019 16:48

    наход бачачаи 4 соларо кушад хайвон вахши шайтони худозанад номард.

  2. Tojik 10.09.2019 18:09

    Занони бечораи мо, то чунон андоза мухточанд ки бо кушандаи фарзанди худ зиндаги кунанд ((( охир чаро кудаки худро гирифта нагурехти, гушнаю ташна боши лекин кудаки ширин зинда мемонд. Дастони ту бишканад номарди Худозада…

  3. Anonymous 10.09.2019 21:56

    Худо ба балои бад гирифтор шави.

  4. Беҳруз 10.09.2019 22:44

    Ҳайвони ваҳши наход ки инсон кудакро то ҳамон дараҷае латукуб кунад ки вай ба ҳалокат расад . Худованд ҷазои ин хел инсони ваҳширо диҳад

  5. Anonymous 10.09.2019 23:21

    Ҳукми исломи бояд дар ҳақи ин касиф роиҷ кард. Қатл аз тариқи дор дар пеши мардум

  6. Anonymous 11.09.2019 07:09

    Марг бар ту барин мардака, ахмаки бе номус.

  7. Умед Гуллв 11.09.2019 07:55

    Чазоша дар кунчи махбас кашад..!!..!!

  8. Gul 11.09.2019 09:13

    baroi chi mardumi Khujand fakat dast ba kushtor mezanad. Khudo tars nestand . ba onho darsi din va korhoi fahmondadehi guzarondan lozim. dar digar mintakahoi tojikiston chunin kam dida meshavad. sabab dar chi boshad shoyad obu havo ba asabashon nomutobiq ast.

    • шухрат 12.09.2019 16:45

      чунин ходисахо дар тамоми минтакахои точикистон дида мешаванд на танхо дар хучанд е панчакент…хар як вахшониятро илтимос ба ислому ба диндории шахсхо вобаста надонед.

  9. Муслима 11.09.2019 11:17

    Занаки бе акл шу накарда мур бачата таги по карди.Сарша хурди.Нахот ки 4 солая занад.Худованд чазотон тияд

  10. Anonymous 11.09.2019 11:24

    Маргам хайф инхел мардакова инхел мардака миени кучава партофта рассо зада зада азоб додан даркор бечора кудакчаи бегунох

  11. соро 11.09.2019 12:23

    Хуванд бино ва шунаво аст илохо дар ин дунё ва он дунё дузахи абади насибат бод касиф, беномус, беимон.

  12. Шабнам-80 11.09.2019 14:02

    Худованд ба модар сабри чамил дихад.
    Парвардигор чазои рузи махшар дар киёмат нею дар ин дунё дар кунчи махбас бини, нокаси худозада…..

  13. Anonymous 11.09.2019 14:20

    Мардхо ки беномус шуда фарзандони худро мепартоян бад пеши пой хар номард мемонанду халок мешаванд е дигар дилашон аз зиндаги сард мешаванд

  14. Махфиза Рахмонова 11.09.2019 19:44

    Агар ту инкатар зур боши бояд Сурия мерафтию дар майдони чанг худата нишон медоди ланати, туя дар дор овехтан даркор!

  15. кенчабой рахимов 12.09.2019 11:22

    Ин шахс дар назди конун чавоб мегуяд агар конуни адолатпарвар бошад бигузор тамоми хайеташ дар махбасхо гузарад
    худованд барои хуни багайри хак карданат ту баринхоро хеч гох намебахшад ба ин занак гуфтаниам ки аз дасти ин хунхор баромада рав даьворо сахт кун чазо гирад

Ваш e-mail не будет опубликован.