Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвандаи ҷиноӣ нисбати писари молики бозори “Султони Кабир”

Бар асари ин садама мусофирони мошин Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода дар маҳали ҳодиса ҷон бохта ва Кабир Кабиров ва Саидвалӣ Убайдуллоев ба бахши эҳёгарии бемористони “Истиқлол”-и Душанбе мунтақил шуданд.

Бино ба иттилои  Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 24 март нисбати ронанда Кабир Кабиров, писари 18-солаи Аваз Кабиров, молики бозори “Султони Кабир” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Кабир Кабиров бо моддаи 212, қисми 3-и Кодекси ҷиноӣ, “вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ва ё зиёда нафар гардидааст” муттаҳам мешавад.

Кабир  Кабиров соати 22.30-и вақти маҳалии рӯзи 23 март бо мошини тамғаи “Лексус-450” дар хиёбони наздики бинои парлумони Тоҷикистон дар маркази Душанбе автомобилро идора карда натавониста ва бо суръати  баланд аввал ба деворчаи бетонии канори роҳ ва баъдан оҳанӣ бархӯрдааст.

Бар асари ин садама мусофирони мошин Саидҷаъфар Саидов ва Некзод Саҳобиддинзода дар маҳали ҳодиса ҷон бохта ва Кабир Кабиров ва Саидвалӣ Убайдуллоев ба бахши эҳёгарии бемористони “Истиқлол”-и Душанбе мунтақил шуданд.

Гуфта мешавад, Кабир Кабиров дошинҷӯи соли аввали факултаи равобити байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.

Дар солҳои ахир дар Тоҷикистон бо ширкати фарзандони афроди бонуфуз ва сарватманд садамаҳои пурсару садо рух дода, бар асари онҳо чанд нафар кушта ва захмӣ шудаанд.

Ҳодисаҳои садама аз ҷониби Расули Амонуллоҳ, писари Амонулло Ҳукумов,раҳбари собиқи шииркати Роҳи оҳани Тоҷикистон дар соли 2013 ва садамаи Фирӯз Саидов, писари муовини сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҷумлаи онҳост.

Вале дар бештари маворид гунаҳкорони ин садамаҳо ҷазои сазовор намегиранд.

Шарҳ

5 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Anonymous 04.04.2019 10:42

    Аз Худо талаб кардан даркор,ки ҳидояташон кунад.

  2. Тохир 08.04.2019 19:06

    Масти ба пасти оварда мерасонад!Кафолат медихам хозир агар хамашона тавтиш карда барои ё чарогаки рохро сурх гузаштагияй ё бо суръати баланд….

  3. шахрванд 04.06.2019 19:11

    кошки худаш мемурдшахрванд

  4. sssssss 06.06.2019 23:38

    худо рахмат кунашон сабр ато куна эхтиёт ними хаёт гуфтиян

Ваш e-mail не будет опубликован.