• Mardon
  • 15.05.2019
  • 1

Президент “афв” накардааст: иддае аз мақомот барканор шуданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ду муовини раиси Кумитаи андоз, раиси Оҷонси суғурати иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистонро бо тамоми муовинонаш барканор кард.

Ҳамчунин, рӯзи 14 май Ҷамшед Нурмуҳаммадзода,  раиси Бонки Миллию муовинонаш ва Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои «ба таври далхдор иҷро накардани вазифаҳои хидматӣ ва мансабӣ» расман танбеҳ гирифтанд.

Ин афрод масъулияти ниҳодҳои давлатиеро ба ӯҳда доранд, ки дар ҷаласаи Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони андоз, гумрук, додситонӣ ва ниҳодҳои молӣ дар рӯзи 10 май мавриди интиқоди шадид қарор гирифта, аммо билофосила муҷозот нашуда буданд.

Ин амр боиси воканиши тезу тунди сокинони Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет гардид ва аз «афв»-и мансабдорон ва зердастони онҳо шадидан интиқод шуд.

Корбарони шабакаи “Фейсбук” аз он дар ҳайрат буданд, ки масъулони давлатии фасодзада танҳо бо нидои  «гум шав!» халос шуданд. Дар ҳоле ки барои пахши як лайк дар шабакаи иҷтимоӣ ҷавоне ба муддати 5 сол равонаи зиндон шуд.

Ё ки рӯзноманигор Муҳаммадюсуф Исмоилов соли 2013 бо иттиҳоми тамаъҷӯӣ ба маблағи 100 сомонӣ ба 11 соли зиндон маҳкум шуда, вале масъулони ниҳоди гумрук, ки садҳо ҳазор долларро ғасб мекунанд, афв мешаванд.

Барканориҳои ахир нишонаи он аст, ки ба эҳтимоли зиёд раиси ҷумҳур бо ин иқдоми худ ба вокунишҳои тунди сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ посух додааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • бобочон:

    президент гапи нав нагуфт мо инро медонем факат гуфта наметавонем зеро мухофилати озод вучуд надорад

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner