Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент озими Бишкек шуд

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар иҷлоси навбатии Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон рафт.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири мудофиа, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар назар аст, пагоҳ, 28 ноябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон ҷаласаи панҷуми Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор шавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.