Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пули муҳоҷир: Шарти Бонки миллӣ, интиқоди Бонки Русия ва сарсонии мизоҷон

Давоми ду рӯзи охир дар бонкҳои кишвар мардум барои гирифтани маблағ, ки наздиконашон аз Русия интиқол додаанд, навбат мепоянд.

Ин мушкилот баъд аз ворид намудани тағйирот дар низоми интиқоли пул дар Тоҷикистон сурат гирифт. Ҳоло мизоҷон на мисли қаблӣ тавассути низоми “Золотая корона”, балки низоми “Юнистрим” ва дигар тарзи хизматрасониҳои интиқол маблағ мегиранд.

Бонки миллӣ шарҳ медиҳад

Ҳоло баъзе аз бонкҳои Русия ва ширкатҳои хизматрасон дар қаламрави ҷумҳурӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ шуданд.Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон ин вазъиятро шарҳ дода,  гуфтанд, ки  баъзе аз низомҳо аллакай дар қаламрави кишвар ба Маркази протсесенгии миллӣ пайваст шудаанд.“Айни замон низоми пардохти “Contact”ва “Юнистрим” фаъолият доранд. Бо ширкати “Western Union” созишнома ба имзо расид, аммо баъзе аз корҳои техникӣ боқӣ мондааст. Ҳамааш давоми ду ё се рӯз ба кор медарояд”, — таъкид кард сардори шуъбаи матбуоти БМТ Мавҷуда Ҳасанова.

Бонки миллии Тоҷикистон   ҳанӯз 29 ноябр хабар дода буд, ки аз рӯзи 3 декабри соли 2019 Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисобҳо дар назди Бонки миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд. Бино ба маълумоти БМТ, акнун тамоми интиқолҳои фаромарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар ҳудуди Тоҷикистон тавассути Маркази миллии протсесcингии интиқоли маблағҳо (ММПИМ) роҳандозӣ шуда, амалиётҳои мазкур дар навбати аввал тавассути низомҳои пардохтие, ки ба ММПИМ пайваст шудаанд, анҷом дода мешаванд.

Дар хабари сомонаи БМТ омадааст: “Дар асоси таҷрибаи солҳои тӯлонӣ ва бо назардошти рӯйдодҳои охири марбут ба пардохтнопазирии як қатор низомҳои байналмилалии интиқоли маблағ, Бонки миллии Тоҷикистон таҳлили вазъи муосири бозори интиқоли маблағҳои пулиро бе кушодани суратҳисобҳои бонкӣ дар Тоҷикистон гузаронида, дар натиҷа як қатор мушкилиҳоеро ошкор намуд, ки ба устувории низоми бонкӣ таъсири манфӣ расонида, боиси коҳиш ёфтани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ гардиданд”.

Мирсаидов: «Иқдом бояд ба манфиати муҳоҷирон бошад!»

Аброр Мирсаидов, доктори  илмҳои иқтисодӣ, профессор  таъсиси Маркази миллии протесстингии интиқоли маблағро дар назди Бонки миллӣ қобили қабул медонад.  Аммо номбурда мегӯяд, ки бо ҷорӣ шудани ин марказ ҳангоми интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон бояд манфиати муҳоҷирон ба инобат гирифта шавад.

“Воқеан, иқдоми Бонки миллӣ дар таъсиси маркази ягонаи интиқоли маблағ қобили дастгирист, зеро ҳисоби ягона  бояд бошад.  Инчунин, нақшабандӣ,  идоракунӣ дар иқтисод хеле муҳим аст. Аммо  дар ин ҷо дигаргуниҳо мешавад ва ин иртибот ба  муносибатҳои байналмилалӣ мегирад.  Яъне, муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия қарор доранд ва тавассути низоми “Золотая корона”, ки арзонтар аст, бештар маблағ интиқол медоданд. Инчунин, ба ин одат карда буданд. Бинобар ин,  ҳисоб кардан лозим аст, ки ин ҷо  воқеан ҳам манфиати интиқолгарони  пул аз тарафи  муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин мегардад ё не? Агар арзиш арзон  ва  ба манфиатии нтиқолгарон бошад,  тағйирёбӣ ва ҳар гунна баҳс хотима меёбад”, –гуфт вай.

Ба андешаи Аброр Мирсаидов, ҳоло баъди ҷорӣ шудани  маркази ягонаи интиқоли маблағ дар назди БМТ, бархӯрди манфиатҳо, аз ҷумла миёни ширкатҳои интиқолдиҳандаи маблағ  оғоз ёфтааст. “Дар ин ҷода ҳадафи Бонки миллӣ  таъмини сиёсати пулӣ ва  молӣ дар Тоҷикистон аст. Ба интиқолкунандагон низ шарҳ диҳад, зеро муштариён, пеш аз ҳама, ба сифат ва нарх аҳамият медиҳанд”- мегӯяд номбурда.

Нуралиев: Таъсиси ММП бар манфиати муҳоҷирон аст

Таъсиси Маркази миллии протссесингӣ вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Бархе онро иқдоми саривақтӣ ва ашхосе як кори нозарур хонданд. Зеро он тадбир сарсонии мардумро бештар кардааст. Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ аз таъсиси Маркази миллии протссесингӣ ҳимоят карда, онро шарҳ дод. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз таъсиси ин низом дар он аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ҳифз шуда, дар сурати муфлис шудани низоми пардохтӣ, маблағҳои онҳо пардохт шавад. Шарти асосӣ ҳам барои низомҳои пардохт он аст, ки дар назди Бонки миллӣ суратҳисоб кушода, маблағ захира кунанд. Дар ҳолати муфлис шудани низоми пардохт ба гуфтаи Нуралиев, маблағҳои муҳоҷирон аз ҳисоби маблағҳои пасандози ширкати интиқолӣ пардохт мешавад. «Омили дигаре, ки метавон хуб арзёбӣ намуд, пешгирӣ намудани амалиётҳои пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм аст. Дар гузашта мо шоҳиди он будем, ки ба воситаи чунин транзаксияҳо маблағузорӣ намудани амалҳои терроризм дида мешуд»,-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.

20 млн. зарари “Мигом” ва “Лидер” ба Тоҷикистон

Зимнан, масъулини Бонки миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳадаф аз таъсиси низоми миллии интиқоли пул фароҳам кардани интиқоли зуд, бехатар ва собити пул дар шакли ғайринақдӣ мебошад. Дар шарҳи зарурати чунин тағйирот Бонки миллӣ гуфт, қарори мазкур барои ҳифзи манфиатҳои бонкҳои Тоҷикистон аст. Зеро  ҳангоми муфлис шудани ду низоми интиқоли пул – “Мигом” ва “Лидер” бонкҳои Тоҷикистон 20 миллион рубл зарар дидаанд. Яъне, бонкҳо аз ҳисоби худ пули муштариро доданд, вале аз ин ду ширкат, ки бояд ин пул ва ҳаққи хидматро мепардохтанд, чизе нагирифтаанд.

Бонки миллӣ мегӯяд, ҳар низоме, ки мехоҳад ба Тоҷикистон пул интиқол диҳад, бояд шомили Маркази миллии протесстингӣ шавад ва шарту қоидаҳои онро пазирад. Яке аз шартҳои асосии пайвастан ба ин марказ он будааст, ки низомҳои интиқол бояд дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоб кушода, маблағи баробар ба як рӯзи интиқолро захира кунанд. Асосан ин талабот боиси  ихтилоф миёни Бонки миллӣ ва баъзе аз низомҳои интиқолдиҳандаи Русия  шудааст.

Тибқи оморҳои бонки марказаии Руссия Тоҷикистон баъд аз Ӯзбекистон дар самти интиқоли пул аз ин кишвар дар зинаи дуюм қарор дорад. Бино ба иттилои Бонки марказии Русия, дар соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон 2,55 миллиард доллар ворид гардид. Аз ин ҳисоб системаҳои интиқоли пул то 7 миллиард рубл фоида ба даст овардаанд.

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.