• Mardon
  • 14.05.2019
  • 0

Пулис дар Русия боиси марги зани тоҷик шуд

Дар шаҳри Клини вилояти Маскави Русия Гулбегим Раҳмоноваи 29-сола ба ҳангоми рейди пулис аз сактаи қалб ҷон дод.

Ҷасади ин зан рӯзи имрӯз, 14 май тавассути ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе интиқол мешавад. Дар ин бора Бахт Овар, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия дар саҳифаи худ дар Фейсбук хабар додааст.

Ин ҳодиса рӯзи 2 май рух дода ва ҷасади Гулбегим Раҳмонова чанд рӯз дар сардхона (морг) ҳамчун шахси шиносоӣ нашуда нигаҳдорӣ шудааст.

“Тоҷикистониҳо ҷасадро дар сардхона ёфта ва барои интиқоли он ба ватан кумаки молӣ карданд. Ҳамчунин, ду фарзанди Гулбегим-Юсуфи 8-сола ва Абдуллои 3-сола даст мадад дароз карданд”-навиштааст Бахт Овар.

Шавҳари  Гулбегим се соле қабл аз Кӯлоб ба Душанбе омада ва ҳангоми кандани дандон ба бемории зардпарвин мубтало  шуда ва баъдан бар асари ин касалӣ вафот кард. Пас аз фавти шавҳар Гулбегим маҷбур шудааст, моҳи феврали соли 2019 барои дарёфти кор роҳии Русия шавад.

Дар моҳи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар нишасти матбуотии муштарак бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Маскав гуфт, ки дар Русия беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner