• Бахтовар Сафаров
  • 09.05.2019
  • 1

Суҳбат бо собиқадори 95-солаи ҶБВ Табаров Қумриддин (Видео)

Табаров Қумриддин 15 июни соли 1925 дар дараи Ромит ба дунё омадааст. Дар кӯдакӣ аз падару модар ятим мемонад ва зери тарбияи тағояш ба воя расидааст. Дар синни 16-солагӣ ба сафи қушунҳои ҳарбии Иттиҳоди Шуравӣ пайваст мешавад ва аз соли 1941 то 1945 ба ҳайси аскари пиёда дар қисмҳои нақлиёти хушкигард дар фронти 1-и Белоруссия хизмат кардааст.

Ӯ аз он лаҳзаҳои ҷанг ёд оварда мегӯяд: — Он даҳшате, ки дар ин муддат аз сар гузаронидем, гуфтан имкон надорад. Ман дар қӯшунҳои хушгигард будам ва дар набардҳои зиёд иштирок кардам. Аз ҳама набарди сахттарин ин дар Украина буд. Ягон умедам намонда буд, ки зинда мемонам. Худоро шукр, ки ҳеҷ ҷароҳат набардоштам, танҳо аз поям каме лат хӯрда будам. Вақте, ки дар Берлин будем, эълон карданд, ки мо пирӯз шудем, фикр мекунам, ки ин беҳтарин лаҳзаи умрам буд.

Табаров Қумриддин сазовори ордени Ҷанги бузурги Ватанӣ ва дигар ҷоизаҳои ҳукуматӣ гаштааст. Ӯ мегӯяд, ки бисёртаре аз медалҳо ва нишонҳои сари синагиашро ҳамсараш гум намудааст ва ҳоло аз онҳо якчандтоаш боқӣ мондаасту халос…

Бобои Қумриддин чор фарзанд дорад, баъди даргузашти ҳамсараш ӯ дар хонаи наберааш зиндагӣ кардааст ва ҳоло бошад дар хонаи писараш зиндагӣ дорад. Ӯ мегӯяд, ки келини хушрафтору хушгуфтораш Ҳабиба хуб нигоҳу бинаш мекунад ва аз келинаш барои ин хизматҳояш сад маротиба розист. Бобои Қумриддин 750 сомонӣ нафақа мегирад ва 700 сомонии дигар барои медалҳояш.

Аз апаи Ҳабиба пурсидем, ки боре ягон рӯзноманигор ё ягон намоянда аз васоити ахбори омма ба назди бобои Қумриддин омадааст? Ӯ гуфт, ки тули ду сол аст падарарӯсам дар хонаам зиндагӣ дорад, аммо ягон рӯзноманигор ва ё журналист наздашон барои суҳбат наомадааст. Бо ҳамин мақсад мо дар сомонаҳои интернети номи бобои Қумриддинро навиштем то ягон маълумоте пайдо намоем, мутаассифона танҳо “Радиои Озодӣ” дар соли 2015 якчанд ҷумлае аз забони он кас навиштааст. Чаро ин шахсиятҳо аз назарҳо дур мондаанд? Чаро ягон маълумоте дар ягон сомонаи интернетӣ мавҷуд нест?

Дар Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Душанбе синни Табаров Қумриддин дар қатори 100 солаҳо навишта шудааст, ҳол он ки бобои Қумриидин нав ба синни 95-солагӣ қадам мемонад. Оё ягон маротиба намояндае аз Шурои собиқадорони ҷанг ва меҳнати шаҳри Душанбе ба аёдати он кас рафта бошад? Дар айни замон ягон сурати бобои Қумриддин аз лаҳзаҳои хизмат ва иштирок дар ҷанг боқӣ намондааст.

Бобои Қумриддин мегӯяд, ки намояндагон аз мақомотҳои қудратӣ ва Ҳукумат барои аёдаташ танҳо дар рӯзҳои 23-юми феврал ва 9-уми май меоянд. Чаро мо аз назари онҳо дур мондем гуфта гиламанд аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • хабибхон алиев.:

    зиндагонии хамин хел и.ч.б.в.ро ба ширкатхои номии чумхури вобаста кунед.

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner