• Бахтовар Сафаров
  • 22.09.2019
  • 1

Рӯзи Рӯдакӣ чаро иди боҳашомат нест?

Иди харбуза, тарбуз, асал аз ҳама хандаовараш помидору каду пуршаҳоматтар аз ҷашни Рӯдакию Мавлавӣ ва дигар ҳамтоёни эшон мегузаранд.

Ҳар сол 22 сентябрро дар Тоҷикистон чун Рӯзи бузургдошти Сардафтари адабиёти тоҷик устод Рӯдакӣ ҷашн мегиранд. Як ҳазору яксаду шасту панҷ сол мукаддам инсони муаззаме тавлид шуд, ки минбаъд дар олами адаби форсигӯён варо чун поягузори шеъри Аҷам шинохтанд. Ин фарди закӣ ва зебоипараст устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буд ва  минбаъд падари шеъри форсӣ эълон гардид. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар Рӯзи Рӯдакӣ танҳо шогирдони мактабҳо маҳфилҳо ороста, аз бузургии шаҳомати қофиласолори шеъри порсӣ ёд мекунанд, аммо ман мехоҳам, ки рӯзи Рӯдакӣ воқеан ҳам ид бошад!



https://tajikistantimes.com/wp-admin/post.php?post=97258action=edit

Инсонҳоро адабиёт тарбият мекунад ва бе сухани баланд одами комил шудан аз имкон хеле  дур аст. Барои дарки ин философу филолог ё мулло будан зарур нест. Дар солҳи баъди ҷанги шаҳрвандӣ мардуми мо аз маънавиёт дур монда, аз пайи моддиёт рафт. Яъне, барои аз гуруснагӣ намурдани аҳли байт худро ба сад дар мезаду ғами маънавиёташ набуд. Ҳамин аст, ки насли даврони навин бераҳм, берӯ, бешарм ва беҳаё ба воя расидааст. Албатта на ҳама, вале аксарият! Кор то ҷое расид, ки қофиябозаке шоир ва қиссанависаке носир ном гирифту тариқи шабакаҳои телевезионию радио сурудҳои каммазмуни завқро қонеънакунанда шабу рӯз шунавонида мешаванд. Касеро парвои он нест, ки ин ҳама камзавқӣ ва зебоикушӣ моро ба куҷо мебарад?! Дурии мо аз маънавиёт ба зиндагии имрӯзи мо он қадар таъсири худро расонидааст, ки мо имрӯз иди маҳсулотҳои ҷудогонаи полезиро ҷашн мегирем. Иди харбуза, тарбуз, асал аз ҳама хандаовараш помидору каду пуршаҳоматтар аз ҷашни Рӯдакию Мавлавӣ ва дигар ҳамтоёни эшон мегузаранд. Бисёр мехоҳам, ки дар Рӯзи Рӯдакӣ дар пояи ҳайкали ин бузургвор дар маркази пойтахт, як ҷашни фарҳангӣ баргузор гардад ва боварӣ дорам, агар ҳамин тавр низ шавад мо мардуми бисёреро ҷамъ карда наметавонем…. Чуноне ки дар рӯзи маҳсулотҳои полезӣ….

Шояд хонандаи азизи ман бигӯяд, ки бигузор ид бошад! Ман ҳам розӣ, аммо намешавад, ки дар охири тирамоҳ  иди ҳосилотро мисли солҳои шӯравӣ ҷашн гирем?

Лолаи Саидакбар                                         

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо1 шарҳ

  • Бону:

    Рузи Рудаки бояд як чашни фархангии бузург бошад…..

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner