• Бахтовар Сафаров
  • 11.07.2019
  • 0

Рӯзи сиёҳи Ҳоит: Аз заминларзаи мудҳиш 70 сол сипарӣ гардид

Дар як мижа задан кулли биноҳои Ҳоит ба замин яксон шуд, дудғулаҳои чанг ба фазо хест…  Ҳама ҷо тираву тор шуд. Дар баробари заминларза ва «тирпарронии» беохир боз як садо пайдо шуд, гӯё ки сангҳои бузург ба ҳам бармехӯрданд.

Як гӯшаи зебои Ватан     

Баъди барқароршавии Ҳукумати Шӯравӣ 27 — июни соли 1926 ноҳияи Ҳоит таъсис ёфт. Ноҳияи имрӯзаи Лахш (то соли 1929) ва ноҳияи Қалъаи лаби об (то соли 1936)  дар ҳайати ноҳияи Ҳоит шомил буданд.

Ноҳияи Ҳоит то соли 1949, яъне то заминларзаи мудҳиш мувофиқи маълумоти Кумитаи оид ба захираҳои замин ва заминсозӣ  142 387 гектар масоҳати умумӣ доштааст. Беш аз 60 000 нафар одамон ин ҷо сукунат мекарданд.

Ҳоит аз се дара ё се водӣ иборат аст: Ясман, Зуғол ва Шавр.

Соли заминларза дар шаҳраки Ҳоит 1 400 хонавода иқомат дошт, ки намояндаи халқҳои гуногун буданд. Бозори Ҳоит хеле овозадор буд ва тоҷирон аз Афғонистону Ҳиндустон, Чину Бухоро ва Фарғонаю Кӯлоб барои тиҷорат ба ин бозор меомаданд. Бозор дар пои қалъаи Ҳоит ҷойгир будааст.

Баъди таъсиси ноҳияи Ҳоит дар деҳаҳои хурду калон мактабҳои маҳви бесаводӣ ташкил гардид. Тамоми мардум ба ин мактабҳо ҷалб карда шуданд. Аз ҳисоби ҷавонҳои болаёқати ҳоитӣ чандин нафар ба маркази вилояти Ғарм ва маркази ҷумҳурӣ барои таҳсил ба мактабҳои муаллимтайёркунӣ ва ҳуқуқшиносӣ фиристода мешуданд.

Шаҳраки Ҳоит баъди се рӯзи заминларза

Фарзандони барӯманди Ҳоит

Дар ҳамин давра фарзанди боистеъдоди Ҳоит Шарифхӯҷаи Кӯҳистонӣ даст ба корҳои илмӣ зада, дар бораи 27 нафар шоири водии Қаротегин баёзе тартиб дод.

Дар риштаи санъат низ ҳоитиҳо пешравиҳо доштанд. Дар шаҳри Ҳоит хонаи маданият ташкил карда шуд. Ба  дастаи ҳунарии ноҳия ҳофизи номдор, шодравон Муддин Бадриддин сарварӣ мекард. Дар ҳайати гурӯҳ овозхонҳои номдор Усмони ҳоитӣ, Карим, Хосияти фарғонӣ, Тоҳирбеки Иброҳим, Саймуддини Бурҳон ва боз чанд нафари дигар ҳунарнамоӣ мекарданд. Хизматҳои ҳофизи хушадо Муддини Бадриддин баъдтар бо унвони «Ҳофизи халқии Тоҷикистон» қадр карда шуд.

Соли 1925 дар Ҳоит аввалин мактаби ибтидоии шӯравӣ кушода шуд. Мудири мактаби нахустини Ҳоити Шӯравӣ яке аз фарзандони муборизи тоҷик Каримҷон Ҳусейнзода буд. Соли 1927 Каримҷон Ҳусейнзода ба ҳайси якумин мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ҳоит ба кор оғоз намуд. Дар тамоми деҳаҳои хурду калон мактабҳои маҳви бесаводӣ ташкил карда шуданд. Дар мактабҳои маҳви бесаводӣ сокинони деҳаҳо, новобаста ба синну сол, ба таҳсил фаро гирифта мешуданд. Дар ҳамин давра кушодани мактабҳои ибтидоӣ ва ҳафтсола дар Ҳоит ба роҳ монда шуд. Панҷ нафар занони соҳибтаҳсилоти ҳоитӣ баъди анҷоми курси яксолаи муаллимтайёркунӣ дар шаҳраки Ғарм ба кор омаданд. Инҳо Чиллабибӣ Ҳакимова, Оламбӣ Гадоева, Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова ва Файзинисо Шоназарова буданд. Муаллимаҳои ҷавон рӯзона дар мактабҳои ибтидоӣ дарс гуфта, шабона ба занони дар курсҳои маҳви бесаводӣ фарогирифта сабақ меомӯхтанд. Дере нагузашта истеъдоду кордонии Чиллабибӣ Ҳакимоваро роҳбарияти ноҳия ба инобат гирифта, ӯро ба вазифаи раиси деҳшӯро пешбарӣ кард.

Баъди анҷоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ халқи советӣ ба бунёдкорӣ даст зад. Дар ин давра ҳоитиҳо низ пайи рушду нумӯи зодгоҳи хеш даст ба меҳнати фидокорона заданд. Нақшаи азнавсозии шаҳрак тартиб дода шуд. Роҳбарияти ноҳия ва вилоят ният доштанд, ки дар ҷои шаҳрак як шаҳри ҳозиразамон бунёд кунанд. Cад ҳайф…

Заминларзаи фалокатбор имконият надод, ки орзуи неки роҳбарият ҷомаи амал пӯшад.

Таърих гувоҳ аст

Мо дар ихтиёр гузориши Комиссияи ҳукуматиро дорем, ки онро  нависандаи ҷангноманавис шодравон Раҳмон Сафар пайдо намуда буд. Гузориши мазкур аз 13 саҳифаи чопи мошинка иборат аст. Мехостем, хонандаи азиз, вазъи заминларзаи Ҳоитро аз ҳамин гузориш мутолиа намояд ва бо ин мақсад порчаеро пешкаш мекунем:

«Заминларза 8 ва 9 июл аллакай бисёр деҳа ва хоҷагиҳоро хароб карда буд. Дар Ясмандара колхози «Рабочии сурх» комилан ба зери хоку санги кӯҳҳои Тахт монда, 341 нафар нобуд мешаванд, маҷрои дарё дар тӯли 300 метр банд мехӯрад ва забони офат деҳотиҳои ин мавзеъро ба коми кӯли сунъӣ фурӯ бурдан мегирад.

Аммо 10 июл дар соати нуҳу чилу панҷ дақиқа фоҷиаи мудҳиштарин ва ғайричашмдошт сар мезанад. Ана ба ин сатрҳои гузоришоти комиссияи ҳукуматӣ таваҷҷуҳ кунед – дил меларзад, манзара равшан мешавад.

Оромгоҳи се нафар муаллимаҳои аввалини Ҳоит дар ҳавлии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Каримxон Ҳусейнзодаи деҳаи Ҳоит

«Аз пагоҳӣ борон меборид, ҳаво ғуборолуд буд. Нохост як такони сахти амудӣ шуд ва ба назар чунин намуд, ки аз садҳо тӯпи дурзан тир мепаронанд. Одамон мувозинатро гум карда, ба замин меафтиданд, касоне, ки рӯи курсӣ менишастанд, чапагардон мешуданд. Онҳо мекӯшиданд, ки сари по хезанд, аммо наметавонистанд, ҳамагон хоҳише доштанд, ки ягон чизи сахту устуворро ба даст гиранд. Баъд заминларзаи сахти уфуқӣ ба миён омад. Одамон ин лаҳзаро чунин тасвир мекунанд: гӯё замин қолинест, ки онро аз зери пои онҳо ба ҳар тараф мекашанд…

Дар як мижа задан кулли биноҳои Ҳоит ба замин яксон шуд, дудғулаҳои чанг ба фазо хест… Дар масофаи бист қадам чизеро дидан имкон надошт. Чангбод ҳам аз иморатҳои афтида, ҳам аз ламидану таркидани кӯҳҳо ба фалак мехест.  Ҳама ҷо тираву тор шуд. Дар баробари заминларза ва «тирпарронии» беохир боз як садо пайдо шуд, гӯё ки сангҳои бузург ба ҳам бармехӯрданд.

Ин садо аз дур меомад ва торафт тавонотар мешуд ва банохост аз миёни чангу ғубор дар пеши назари одамон як балои ниҳоят бузурги тираранг ва баландиаш 100-150 метр пайдо шуд, ки аз ҷониби дараи Оби Ҳавз бо суръат тарафи Ҳоит ҳаракат мекард.

Бисёриҳо хаёл карданд, ки аз даҳани дара ду кӯҳи бузурге канда шуда, тарафи Ҳоит метозанд. Одамоне, ки дар кунҷу канори Ҳоит буданд, бо шӯру даҳшат худро раҳо карданӣ шуданд, аммо ин балои маҳшар наъракашон онҳоро дарёб карда, ба комаш даркашид…».

Дар ин ҳангом аҳолии Ҳоит ҳама дар марказ буданд ва фурсати раҳоӣ наёфтанд. Селу чанг ва хитоба асосан аз ҷониби дараи Оби Ҳавз меомад.

Чунин ранг гирифтани фоҷиаро касе чашмдор набуд, аммо «дар тӯли чанд сония (10-15 сония) Ҳоит пурра ба зери сели санг монд, раҳи дарёи Оби Кабуд ҳам баста шуд…».

Ҳамин тавр райони Ҳоит – яке аз марказҳои вилояти Ғарм ҳамчун нуқтаи ҷуғрофӣ дигар вуҷуд надошт. Ба болои он сангу хокоба рехт, ки баландии он аз 17 то 70 метр мерасад.

Ҳамон рӯзи 10 июл деҳоти сарсабзи дараҳои Ясман, Ярхич, маркази ноҳияи Қалъаи лаби об, деҳаҳои Нимичи боло, Нимичи поён, Ҷафр, Белгӣ, Ялдамич, маркази райони Ҷиргатол ва даҳҳо деҳоти дигар харобу валангор шуданд.

Бори нахуст шоҳидон қиёматро дар бедорӣ ҳамин хел диданду ба даҳшат омаданд.

Бар асари зарбаҳои сахти таркишҳо ва ларзишҳо дарахтон мекафиданд, решагардон мешуданд, одамон ва ҳайвонот то 100 -150 метр ба ҳаво парида, баъд ба зери хок мемонданд, чорпоён аз тарс бо дандон танаи дарахтонро мегазиданд. Ва ҳар бор қабл аз такони навбатӣ замин наъра мезад, одамон ҷои гурезу сарпаноҳ намеёбанд…».

Вале заминҷунбии беист, ки муддати як моҳ давом кард, боқии мардумро аз зиндагии оянда дар ин диёр дилхунук сохт. Мардуми зиндамонда дар чанголи тарсу ноумедӣ метапиданд. Дигар дар ин харобазор истоданро орзу надоштанд. Баъди ин тавр сурат гирифтани тарзи кор ҳукумат ба чунин хулосаи амиқ омад.

Бо имзои Раиси Президиуми Шӯрои Олии СССР  К. Е. Ворошилов 25 августи соли 1949 ноҳияи Ҳоит барҳам дода шуд. Баъди имзои ӯказ муҳоҷирати  ҳоитиён ба Вахшонзамин оғоз ёфт. 

Ҳамин тариқ, Ҳоит ҳамчун як маркази қадимаи маъмурӣ аз харитаи мамлакат маҳв гардид. Ҳатто чандин солҳо худи деҳаи Ҳоитро дар харитаҳо чун нуқтаи истиқомати одамон нишон намедоданд.

Эҳёи Ҳоит

Вале ёди он шаҳидони заминҷунбии фалокатбор, меҳри хокдони бобоӣ аз лавҳи ҳоитиҳо зудуда нашуд. Ба сӯи ватан аҳён-аҳён бозгаштанд. Деҳаҳо дубора обод шуданд.

Соли 1983 бо Укази Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон Ҷамоати деҳоти Ҳоит таъсис ёфт. Соли 1986 дар замимаи хоҷагии «Ҳоит» хоҷагии нави «Ясман»  ба вуҷуд омад. 

Айни ҳол дар собиқ ноҳияи Ҳоит 23 деҳа дубора эҳё гардида, дар онҳо беш аз 12 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ доранд. Имрӯз дар собиқ ноҳияи Ҳоит ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, се мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, панҷ мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ, беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатӣ, китобхона ва дигар муассисаҳои давлатӣ фаъолият доранд.

Соли 2003 дархости сокинони водии Ясман ба инобат гирифта шуд ва Ҷамоати деҳоти Ясман арзи вуҷуд кард.

Диловари МИРЗО,

Ҷумъа МИРЗО

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner