• Бахтовар Сафаров
  • 26.02.2019
  • 2

Рӯзи таваллуд хислати инсонро фош месозад?

Хислати инсонро на танҳо аз рӯйи қиёфаю тарзи роҳгардӣ ва либоспӯшиаш, балки аз санаи таваллудаш низ фаҳмидан мумкин аст. Мехоҳед донед, ки дӯст ё шахси дӯстдоштаи шумо чӣ гуна инсон аст? Пас, мутаваҷҷеҳ бошед!
1. Нафароне, ки дар рӯзи 1-уми моҳ таваллуд шудаанд, ҳамеша дар ҷустуҷӯву такопу ҳастанд. Ин тоифа хеле боҷуръат, вале худпарасту эгоистанд. Фикри худро ҳамеша ҳақ мешуморанд ва ба ақидаи дигарон гӯш намедиҳанд. Барои расидан ба қуллаи мақсуд ҳатто ҷонашонро дар хатар мегузоранд. Хислатҳои манфияшон дар ҳардамхаёлӣ ва якравияшон аст. Ғурурашон имкон намедиҳад, ки ҳатто ба одамони наздиктарини худ дарди дил намоянд.
2. Рӯзи 2-юми моҳ нафароне ба дунё меоянд, ки хеле ҳассос ҳастанд. Ин тоифа камтарин дархости шахси барояшон ношиносро низ бе эътибор намегузоранд. Бо шарофати тарбияи хуб, самимият ва қалби ҳасос доштанашон миёнарав ва маслиҳатгари хуб мешаванд. Дар маркази диққат будан ва ташаббус нишон додан намехоҳанд. Шармгинии аз ҳад зиёд садди роҳи пешравиҳояшон мегардад. Ҷиҳати дигари манфии хислаташон дар он аст, ки тез-тез гирифтори яъсу ноумедӣ мешаванд.
3. Нафароне, ки дар рӯзи 3-юми моҳ ба дунё омадаанд, табъи хуш доранд ва аз зиндагӣ лаззат бурда метавонанд. Ба назар чунин мерасад, ки умре ошиқанд. Табиатан бозарофат ҳастанд. Бо амри дил амал намоянд, бурд мекунанд. Ҷиҳати бадии хислаташон дар он аст, ки мисли нафарони рӯзи 2-юм ба дунё омада, тез-тез ба ҳолати яъсу ноумедӣ меафтанд.
4. Шахсоне, ки рӯзи 4-уми моҳ тавлид шудаанд, масъулиятшинос, поквиҷдон ва ҷиддӣ буда, аз мушкилиҳо намеҳаросанд. Ҳар нафаре, ки аз зодагони рӯзи 4-ум мадад мепурсад, ҳеҷ гоҳ навмед намешавад, зеро ин тоифа ҳамеша дар ғаму шодии дигарон шариканд. Маккору фиребгар нестанд, бо меҳнати ҳалол сарватманд мешаванд. Аз уҳдаи ҳама кор баромада метавонанд. Ба фанҳои дақиқ таваҷҷуҳ доранд. Нобарориҳои зиндагиро сабурона таҳаммул месозанд ва аз ғалатҳои худ панд мегиранд.
5. Нафароне, ки дар рӯзи 5-уми моҳ таваллуд шудаанд, хушчақ-чақ, кунҷкоб ва ҳунарманд ҳастанд. Маслиҳати асосӣ ба зодагони рӯзи 5-уми моҳ ҳамин аст, ки ҳеҷ гоҳ ба шитобкорӣ роҳ надиҳанд. Бетоқатӣ ва шитобкории шумо боиси умре бадбахт шуданатон мегардад.
6. Нафарони рӯзи 6-уми моҳ ба дунё омада дилкушоду сарфакор буда, ба дигарон маслиҳат додан ва дар ҳолатҳои зарурӣ кӯмаки молиявӣ расонданро дӯст медоранд. Ба ин шахс сирри ниҳони худро метавонед бе дудилагӣ бигӯед, чунки ҳеҷ гоҳ асрори касеро фош намесозад. Хислати бади шахсони дар рӯзи 6-уми моҳ тавлидёфта дар он аст, ки хушомадро дӯст медоранд ва рашки хонумонсӯз доранд.
7. Нафарони дар санаи 7-ум тавлидёфта пайваста дар омӯзиш ҳастанд. Аксаран олимону ихтироъкорон дар ин рӯз ба дунё меоянд. Ҷиҳати манфии хислаташон дар дамдуздӣ, баҳсу мунозираро дӯст доштан, истеҳзо, якравӣ ва асабонияташон зуҳур меёбад.
8. Нафарони рӯзи 8-уми моҳ тавлидёфта иқтисод ва сиёсатро хеле хуб мефаҳманд. Аксарияташон бою бадавлат мешаванд. Кӯшиши сари раҳм овардани ин нафаронро накунед, азоби виҷдон барои ин тоифа бегона аст. Ин тоифа нисбати дигарон хеле бераҳм ҳастанд, чунки пули калон онҳоро аз одаму одамгарӣ дур месозад.
9. Беҳтарин хислати шахсоне, ки рӯзи 9-уми моҳ ба дунё омадаанд, саховатмандиашон аст. Ин тоифаи одамон ҳаргиз кина намегиранд. Серталаб нестанд, гуноҳ ва камбудиҳои дигаронро ба осонӣ мебахшанд. Табиатан нармдил, вале ҳамчун коргар бисёр масъулиятнок ҳастанд. Камбудияшон дар он аст, ки пулро ба зудӣ сарф мекунанд.
10. Нафарони рӯзи 10-ум тавлидёфта рӯирост амал мекунанд. Ин тоифаи одамон аз макру ҳила ва амалҳои номатлуб комилан дуранд. Қалби пок ва дили бузург доранд, гули сари сабади дӯстон мешаванд.
11. Аз хурдӣ нафарони рӯзи 11-ум ба дунёомада қабл аз он ки суханеро ба забон оранд, нағзакак андеша мекунанд ва маслиҳату тавсияи хушку холӣ намедиҳанд. Ба нуқтаи назари ин шахс гӯш дода, шумо хато намекунед, зеро афроди рӯзи 11-ум ба дунё омада қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисаҳоро доранд.
12. Нафаре, ки дар санаи 12-ум тавлид ёфтааст, иродаи қавӣ, нерӯи зиёд ва истеъдоди худодод доранд. Ин тоифа бисёр ҳунарманду корчаллон буда, роҳи худро дар зиндагӣ ба осонӣ меёбанд.
13. Нафарони дар рӯзи 13-ум тавлидёфта умре барои дарёфти зиндагии шоиста талош менамоянд. Камбудии асосияшон дар он аст, ки нисбати атрофиён бетаҳаммул хастанд. Мабодо бо касе муноқиша кунад, гуноҳашро ҳаргиз намебахшад.
14. Ҳеҷ гоҳ кӯшиши маҳдуд сохтани озодии нафареро, ки дар санаи 14-ум тавлид ёфтааст, накунед, вагарна ӯро аз даст медиҳед. Ин тоифа хеле бадҷаҳл буда, дар сари қаҳр худро идора карда наметавонанд. Аввал одамро хафа мекунанду баъдан пушаймон мешаванд. Бевафоянд, зуд-зуд ошиқ мешаванд, аммо ҳамин ки шахси зеботару доротареро диданд, аҳду паймони худро аз ёд мебаранд.
15. Рӯзи 15-уми моҳ нафароне ба дунё меоянд, ки истеъдодҳои зиёд доранд. Ин тоифа ҳама чизро ба дил наздик қабул мекунанд, вале норозигии худро ошкоро баён карда наметавонанд. Қалби ҳасос дошта, кинагир ҳастанд. Камтарин танқидро бо дард қабул мекунанд.
16. Зодагони рӯзи 16-уми моҳ масъулиятнок, ботарбия, хушзеҳн, саховатманд мешаванд. Дар ҷавонӣ дар ҳар боб нуқтаи назари худро иброз намуда, ҳамчун маҳмадоно ном мебароранд. Бо мурури солҳо ботаҳаммул, камгап ва эҳтиёткор мешаванд.
17. Шахсони рӯзи 17-ум тавлидшуда табиатан бисёр пуртоқат ҳастанд. Ба дилаш роҳ ёфтан хоҳед, бояд муҳаббататон нисбати ин шахс самимӣ бошад, зеро ин тоифа тобу тоқати шайтонию дурӯягиро надоранд. Танқидро дӯст намедоранд. Аз таваҷҷуҳи атрофиён нисбат ба худ курта-курта гӯшт мегиранд.
18. Ҷонибдори адолат ҳастанд. «18» — санаи нафарони ашрофзода аст. Мабодо бо ягон сабаб обрӯяшон доғдор гардад, ботинан азоб кашида, сахт руҳафтода мешаванд. Иродаашон бисёр қавӣ аст, бо кадом роҳе, ки набошад, обрӯи худро дубора барқарор месозанд. Шахсони рӯзи 18-ум ба дунё омада хеле кам ба ҳолатҳои ногувор меафтанд, чунки бисёр эҳтиёткор ҳастанд.
19. Нафароне, ки дар рӯзи 19-ум ба дунё омадаанд, бояд ба рафтору гуфтори худ бодиққат бошанд. Аксаран барои ғалатҳои дар зиндагӣ содиркардаашон ҷавоб медиҳанд. Тамоми фикру хаёлашон банди пул ва ба даст овардани сарвату давлати зиёд аст.
20. Тобу тоқати танҳоиро надоранд. Дӯсти бовафо ва дӯстдори ҷашну хурсандӣ ҳастанд. Меҳмондӯстдор, меҳрубон ва уҳдабаро бошанд ҳам, аксаран аз дастоварду зиндагии худ розӣ нестанд. Ба зудӣ зери таъсири дигарон мемонанд.
21. Зиндагидӯстдор буда, барои ҳар рӯзи ҳаёташон ба Худованд миннатдорӣ баён мекунанд. Аксаран дар оилаи сарватмандон тавлид меёбанд. Пулдӯстдоранд, дар соҳаи иқтисодиёт, бонк ва молия хуб рушд меёбанд. Дӯстдори ашаддии муносибатҳои маҳрамона ҳастанд.
22. Дар ин рӯз нафароне ба дунё меоянд, ки хеле зеҳни тез доранд. Барои гапу кори кардаи худ ҷавоб гуфта метавонанд. Аз таърифу хушомадзанӣ гул-гул мешукуфанд. Бо шарофати меҳнати пайваста дар зиндагӣ муваффақ мегарданд.
23. Нафарони дар ин рӯз тавлидёфта ҷасур, боҷуръат, одамчасп ва чаққон мешаванд. Бо шарофати ақли расо, ҷӯяндагӣ ва тезбинӣ дар ҳама касбу кор муваффақ мегарданд. Намехоҳанд, ки касе ҳуқуқ ва озодияшонро маҳдуд созад. Ин тоифа мисли оҳанрабое ҳастанд, ки мушкиливу вазниниҳоро ба худ мекашанд.
24. Шахсони хеле эҳтиёткор ва бодиққат буда, қабл аз он ки ба кор ё амале даст мезананд, ҷиҳатҳои мусбиву манфиашро дар тарозуи ақл бармекашанд ва баъдан хулоса мебароранд. Аз онҳо ошпази хуб мебарояд ва аз эҳтимол дур нест, ки соҳиби тарабхонаву ошхонаи шахсӣ гарданд.
25. Нафарони дар ин рӯз тавлидшуда хеле эҳсосотӣ ҳастанд. Нуктаи назари онҳоро ҳатман бояд ба эътибор гирифт, вагарна бисёр сахт меранҷанд. Рафту ин шахс дар лаҳзаи охир нуктаи назари худро тағйир диҳад, беҳтараш бо гуфти ӯ амал намоед, чунки ин тоифа ҳеҷ гох ба рафтори бемулоҳиза роҳ намедиҳанд.
26. Нафарони дар санаи 26 ба дунёомада дӯстони асил ва ҳамсарони бовафо мешаванд. Тартибу низомро дӯст медоранд, хонаву дарашон ҳамеша тозаву озода аст. Хислати манфияшон дар ғуруру такаббури зотиашон зуҳур меёбад.
27. Қалби ҳассосу дили нозук доранд, бо тамоми ҳастӣ наздикони худро бо меҳрубониву ғамхорӣ фаро мегиранд. Ҳеҷ гоҳ руҳафтода намешаванд, аз шикасти зиндагӣ сабақ мегиранд. Табъашон гоҳе хуш асту гоҳи дигар нохуш. Бетоқат ва худбовар ҳастанд.
28. Нафарони рӯзи 28-ум тавлидёфта ҳамаро ба тартибу низом даъват мекунанд. Аксаран дар вазифаи ҳакамон ё ҳуқуқшинос кор мекунанд. Ҳеҷ гоҳ гуноҳи худро ба гардан нагирифта, пайваста атрофиёнро танқид мекунанд.
29. Хислати аҷиб доранд, агар имрӯз нафареро дӯст доранд, пагоҳ нисбаташ нафрат пайдо мекунанд. Ҳамеша кисаашон серпул аст, ба зудӣ бой мешаванд. Мутаассифона, дар ҳаёти шахсӣ муҳаббати ҳақиқиро пайдо карда наметавонанд.
30. Хотираи қавӣ доранд ва ба осонӣ фикрҳои бадро аз сар дур сохта метавонанд. Зиндагияшон пур аз рӯйдодҳои аҷиб аст. Шумо ҳаргиз бо чунин шахс зиқ намешавед. Ҳақгӯю ҳақҷӯянд, гапашонро рӯирост ба рӯйи одам мегӯянд ва маслиҳатҳои судманд медиҳанд.
31. Нафарони дар ин рӯз ба дунё омада мақсаднок ва мустақил буда, аз тамоми имкониятҳои қулай истифода мебаранд. Ба ҳар коре, ки даст мезананд, то авҷи аъло онро мерасонанд. Маҳз бо шарофати ҳамин одати хубашон ба комёбиҳои беназир ноил мегарданд. Кӯшиши фиреб кардани ин шахсро накунед, вагарна аз боварияш мебароед.
Таҳияи Нодира

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner