Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Раҳимзода бо Котиби генералии «Интерпол» вохӯрд

 Дар доираи баргузории ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкани «Интерпол», ки аз 31 октябр то 1  ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  бо Котиби генералии «Интерпол» Юрген Шток вохӯрӣ намуд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

«Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар самти ҷустуҷӯи шахсони дар кофтукови байналмилалӣ қарордоштаро мавриди  баррасӣ қарор доданд», — афзуд манбаъ.

Рамазон Раҳимзода  ва  Юрген Шток  баҳри  тақвияти ҳамкории минбаъда дар самти мубодилаи иттилоот ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа  як зумра  таклифҳои судманд пешниҳод  намуданд.

Ёдовар мешавем, ки   Калкан  яке аз лоиҳаҳои калидии минтақавӣ мебошад,  ки дар доираи гурӯҳи фаврии Интерпол  моҳи сентябри соли 2002 таъсис ёфтааст.  Вазифаи он ҷамъоварӣ, таҳлил ва табодули иттилоот дар бораи ташкилотҳои террористӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Ҷаласаи якуми гурӯҳи корӣ оид ба лоиҳаи Калкан  соли 2004 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.