• Mardon
  • 09.04.2019
  • 0

Раҳбари Созмони Оғохон дар Тоҷикистон иваз шуд

Яке аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов раҳбари ҷадиди Созмони рушди Оғохон дар Тоҷикистон таъйин шуд.

Бино ба маълумоти манбаъи хабаргузории “Фарғонанюс”, номзадии Қойимдодов ба ин симмат тасдиқ шуда ва дар рӯзҳои наздик ин хабар расман эълон хоҳад шуд.

Қаблан дар ин мақом шаҳрванди Покистон Акбар Алӣ Песнанӣ фаъолият дошт.

Зимнан, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон дар моҳи сентябри соли гузашта аз фаъолияти Созмони Оғохон дар кишвар интиқод карда ва гуфта буд, ки маъмулан ба мақомҳои раҳбарӣ дар ин созмон танҳо шаҳрвандони хориҷӣ таъйин мешаванд.

Дар моҳи октябри соли 2018 Ёдгор Файзуллоев аз вазифаи раиси иҷроияи Созмони Оғохон дар Тоҷикистон озод шуда ва раиси вилояти Бадахшон таъйин шуда буд.

Қозидавлат Қоимдодов дар солҳои  1978-1992 дар вазифаҳои мухталиф дар сохтори ҳизби коммунист дар вилояти Бадахшон фаъолият карда, дар муддати 10 сол вакили парлумон буд. Дар солҳои 2000 то 2005 дар мақоми муовини сарвазири Тоҷикистон фаъолият кард. Баъдан вазифаи сафирии Белорус, Литва, Латвия ва Эстонияро ба ӯҳда дошт.

Дар ҳамин ҳол, наздикону хешовандони Қозидавлат Қоимдодов бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд. Моҳи сентябри соли 2013 писараш ва келинаш дар фурудгоҳи Душанбе бо 2,5 килограмм ҳероин боздошт шуданд. Онҳо қасди парвоз ба Маскавро доштанд.

Дар натиҷа, келини Қоимдодов Муштарӣ Муборакшоева ба муддати 12 сол маҳкум ба зиндон шуда ва баъдан мавриди афв қарор гирифт.

Созмони рушди Оғохон аз соли 1992 дар дар бахшҳои рушди инфрасохтор, энергетика, тандурустӣ, маориф ва фарҳанги Тоҷикистон фаъолият мекунад. Ҳамчунин, барномаи “Дастгирии рушди манотиқи кӯҳистон” дар вилояти Бадахшон амалӣ шуда ва дар Тоҷикистон Бонки молии хурд фаъолият мекунад.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner