• Бахтовар Сафаров
  • 02.09.2019
  • 0

Раис ятимонро сила, масъулинро танбеҳ медиҳад (Видео)

Мулоқоти раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар Ҳамадонӣ

Ҳамагӣ 1 фоизи ҷавонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ба хизматӣ ҳарбӣ мераванд. Хотирбинӣ мекунед. Нисбати масъулин чора намебинед. Танҳо аз пайи камбағалон медавед. Канӣ фаъолияти назарраси бахшҳои ҷавонон ва идеологияи ноҳия? Вазифаи шумо танҳо рақсу бозӣ нест!

Ин нуктаро 24-уми августи соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар мулоқот бо сокинон ва фаъолони  ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баён дошт. Номбурда ҷиҳати шиносоӣ аз вазъи корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ин ноҳия сафар дошт. Дар ин рӯз  ҷанде аз иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла бинои нави дуошёнаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро бо иштироки раис  мавриди истифода қарор гирифт.

1 сомонӣ медиҳию 100 сомонӣ мегирӣ!

Қабл аз қабули шаҳрвандон раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ҳозирин, аз ҷумла фаъолон ва сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, баён дошт, имрӯз  шахсони рӯзгордидаи ноҳияро аёдат кардем. Номбурда таъкид дошт, ки онҳо ниёз ба чизе надоранд, аммо  аз аёдати онҳо сарашон ба осмон мерасад. Зеро  онҳо ҳам шабу рӯз барои рушди ҷомеа ва ноҳия саҳм гузоштаанд. Имрӯз бошад, даврони пирӣ меронанд. Инро аз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд омӯхт. Президенти кишвар дар ҳар сафарашон пирони рӯзгордидаро аёдат мекунанд, суҳбат меороянд, дуояшонро мегиранд ва сари ятимонро сила мекунанд.  Баъзеи мову шумо худро чунон серкор вонамуд мекунем, ки гӯё вақти сархорӣ надошта бошем. Ҳамагӣ 15-20 дақиқа вақти худро сарф кунед, кифоя аст. Пирон маслиҳат медиҳанд, роҳнамоӣ мекунанд. Дигар чизе талаб надоранд”, — баён дошт Ҳакимзода ба ҷамъомадагони мулоқот. 

Раиси вилоят дар ҳошияи омодагӣ ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ба масъулини ноҳияи Мир Сайди Алии Ҳамадонӣ ишора кард, ки бо соҳибкорон ҳамкориро зич ба роҳ монанд. Онҳоро даъват  карда, дарди дилашонро шунаванд. -Аввал проблемаашро ҳал мекунӣ. Як сомонӣ медиҳию сад сомонӣ мегирӣ. Қоидааш ҳамин аст. Аҳсан ба соҳибкорони ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ. Аввал 6 км роҳро асфалтпӯш карданд. Ҳозир  12 км-ро пурра бо сифати баланд мумфарш карда истодаанд. Боз ваъда карданд, ки беморхонаи ҷамоатро иборат аз ду ошёна бунёд ва азнавсозӣ мекунанд, — изҳори миннатдорӣ намуд раис.

6 сол гузашт, сохтмони мактаб нотамом

Хушбахти Валихон, омӯзгор аз ҷамоати деҳоти Турдиев ба раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода  хоҳиш  намуд, ки дар ҳамкорӣ бо қӯшунҳои сарҳадии ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мусоидат карда шавад,  то  аҳолии ҷамоат аз заминҳои назди сарҳад истифода баранд. Зеро замони шӯравӣ аҳолии ҷамоат бидуни ҳеҷ монеа аз заминҳои атрофи сарҳад истифода мебурданд. Барои гузаронидани зимистон хошок захира мекарданд. Раиси вилоят дар посух ба муроҷиати омӯзгор  иброз дошт, ки воқеан, он замон  мардум дар заминҳои назди сарҳад чорво ва моли майдаро нигоҳубин мекарданд. Раис аз сардори сарҳадоти ноҳия, раиси ҷамоат ва дигар масъулин даъват кард, ки аҳолии ҷамоатро барӯйихат гиранд, сипас ба онҳо иҷозат диҳанд, ки аз заминҳо истифода намоянд. “ Танҳо дар доираи қонун ин амалӣ шавад, беҳтар аст. Аммо аввал, пеш аз ҳама, барои мо амният муҳимтар аст”, — гуфт раис. Зимнан, ба роҳбари дастгоҳ раиси вилоят дастур дод, ки доир ба ин маъала ба фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҷиҳати мувофиқа кардан мактуб омода намуда, пешниҳод намоянд.

Абдулмадуд Набиев, директори муассисаи таълимии деҳаи Ҳуснобод, ҷамоати Меҳнатобод ба раис арз дошт, ки соли 2013 аз ҳисоби маблағҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар деҳаи Ҳуснобод сохтмони мактаб барои 240 ҷойи нишаст оғоз гардид. Аммо бо гузашти 6 сол инҷониб корҳои сохтмонӣ дар  ин муассиса суст ба роҳ монда шудааст. Аз раис хоҳиш кард, ки барои вусъати корҳои сохтмонӣ кумак  намояд.

Раис ҳам аз шунидани ин масъала нороҳатӣ кард, ки наход 6 сол гузараду то ҳол  сохтмони мактаб  ба анҷом нарасад. Тибқи нақша, муҳлати истифодадиҳӣ гузаштааст. Ба масъулини вилоят дастур дод, ки аз номи раиси вилоят ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷиҳати тезонидани корҳои сохтмонӣ мактуб пешниҳод карда шавад.

Хориҷӣ ба мо муфт намедиҳад

Дар мулоқоти раиси вилоят бо сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ,  масъалаи №1 дар соҳаи кишварзиро Зиё Раҳматуллоев,  сокини деҳаи Тагинамак,  ҷамоати деҳоти Қаҳрамон, собиқадори меҳнат ва агроном бардошт, ки таваҷҷуҳи ҳамаро ҷалб кард:

-Якчанд проблемаро дар соҳаи кишоварзӣ дар назди шумо ба миён мегузорам. Имрӯз намнокии баланд ва дигар омилҳои мавҷуда ба афзоиши ҳашароти зараровар мусоидат намудааст. Дар замони шӯравӣ ҳам ноҳияи Ҳамадонӣ маркази зиёд шудани ҳашароти зараррасон буд ва дар ин ҷо мутахассисон аз Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ омада кор мекарданд, санҷишҳои аграриро мегузарониданд. Инчунин, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ барои беҳтару безарар ҷамъоварии ҳосил тавсияи худро медоданд. Чанд соли охир, бинобар гарм омадани ҳаво, ҳар гуна касалиҳо дар растанӣ ва ҳашарот дар ноҳия майли афзоиш дорад. Ҳатто боис ба пайдошавии дигар намуди касалиҳо шудааст. Заҳрхимикатҳое, ки аз тарафи соҳибкорон ба вилоят ва ноҳия ворид мешаванд, бисёр сифати паст доранд. Аз санҷишҳои лабораторӣ намегузаранд. Дар истеҳсолот ҳатто санҷида нашудааст. Тавсия ҳам нест, ки он чӣ гуна фоиданок ва ба муқобили кадом намуди касалиҳо  истифода шавад.  Имсол бисёрии хоҷагиҳо аз 8 то 10 коркарди химиявӣ  гузарониданд. Хароҷоти зиёд сарф карданд, то ҳашаратро нобуд созанд. Аммо ба мақсади дилхоҳ ноил нашуданд. Пешниҳод менамоям, ки ҳар гуна заҳрхимикате, ки аз берун ворид мешавад, пеш аз ба деҳқон расидан, аз санҷишҳои лабораторӣ гузаронида шаванд. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, донишмандони соҳа онро дар истеҳсолот санҷанд. Бадбахтона, дар зарфҳои заҳрхимикатҳо тавсия ба полезиҳо дода намешавад. Деҳқон танҳо бо тавсияи  фурӯшандагон амал мекунад. Надониставу кӯркӯрона аз заҳрхимикатҳо истифода кардан, оқибати хуб надорад.  Масалан,  ба ҷойи мубориза ба ҳашароти помидору тарбуз дигар намуди заҳрхимикатро мегирад. Яъне,  ин ҷо деҳқон ба гуфтаи фурӯшанда ё шахси аз соҳа фарсахҳо дур  амал мекунад.  Ниҳоят, оқибати  ин зарар ба саломатии ҷомеа аст. Барои чӣ имрӯз  қариб 70  фоизи мардум асабонӣ хастанд?  Сарчашма аз куҷост? Албатта, таъсири  ҳамин аст. Дилзанӣ,  фишорбаландӣ ва дигар намуди бемориҳо аз истеъмоли нодурусти меваҷоту сабзавот мебошад. Ҳоло бисёре аз соҳибкорони фурӯши заҳрхимикатҳо маълумот оид ба наботот, ҳифзи растанӣ ва агрономӣ  надоранд. Ҳатто заҳрро  дар дӯконҳои хӯрокворӣ ба фурӯш мегузоранд,  ки хилофи талабот аст. Бинобар ин,  мо дар як вазъияти ногувор қарор дорем. Пешниҳод дорам, ки соҳибкороне ба фурӯши заҳрхимикат машғул мешаванд,  аз курсҳои махсус гузаранд. Сертификат ва ҳуқуқи машғул шудан ба фурӯши заҳрхимикатро гиранд. Дар масъалаи тухмипарварӣ низ мушкилот ҷой дорад. Тухмиро аз дигар ноҳия меорем ва намедонем, то кадом андоза ба замини ин ҷо мутобиқ аст. Хуб мешуд,  ки дар заминаи хоҷагиҳои калони ноҳия хоҷагиҳои хурди тухмипарварӣ низ таъсис ёбанд. Инчунин, дӯконҳои махсуси фурӯши тухмӣ ва заҳрхимикат ташкил карда шавад. Мо бояд донем,  ки чӣ мехарем ва то кадом андоза барои растанӣ фоидабахш аст.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон баъди шунидани ин муаммо лаҳзае ба фикр фурӯ рафт ва посух гуфт:

-Дар ҳақиқат масъалаи муҳимро бардоштед. Пешниҳодҳои беҳтаринро ироа кардед. Имрӯз ҳама тухмифурӯшу заҳрфӯруш шудаанд. 

Раиси вилоят Ҳасанов, Гулмаҳмадзода, Бекназаров ва чанде дигарро,  ки масъули соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия буданд, аз ҷояшон бархезонд ва вазифадор кард, ки сари ин масъала ҷиддӣ андеша кунанд. Бо фурӯшандаҳои заҳрхимикат суҳбат ороянд, онҳоро ба омӯзиши махсус ҷалб созанд.

-Аламовар он аст, ки дар дохили баъзе мағозаҳои хӯрокворӣ зарфҳои заҳрхимикатро мебинем. Баъзан тухмиҳое,  ки ба вилоят ворид мешавад, гибрид аст.  Яке аз сабабҳои нобуд шудани растанӣ ва камҳосилӣ низ ҳамин аст. Дар тамоми дунё имрӯз яроқу танк кам истифода мебаранд. Ҳоло муборизаҳои биологӣ идома дорад. Бинобар ин, набояд ҳушёриву зиракиро аз даст дод. Айни замон бемориҳои ҷигар ва асаб ҳам  аз ҳамин вобастагӣ дорад. Баъзан себи хориҷиро дар хона монед, се моҳ гузарад ҳам, дигаргун намешавад. Ё тухмиро меорем, дар соли аввал ҳосили хуб медиҳад, аммо баъд ҳосили дуруст намедиҳад. Агар сари ин масъала фикр накунем, ҳам ба бозори истеъмолӣ ва ҳам соҳаи кишоварзӣ зиёни калон мерасонем. Деҳқон аз рӯи шунидааш амал мекунад, аммо дар бораи заҳрхимикат аз куҷо маълумот дорад? Ба талбанда чӣ медиҳанд, харбузаи каҷала.  Мегӯянд, ки  хориҷӣ ба фалон кас тухмии бепул оварда дод. Онҳо ҳам мақсади худро доранд. Имрӯз касе ба ягон нафар  чизи бепул намедиҳад. Агар ин тавр идома ёбад, чизҳои хубамонро аз даст медиҳем. На тарбузи худӣ мемонаду на сабзиву помидор ва дигар намуди меваҷоту сабзавот. Хориҷӣ бо  100 кило тухмии овардааш соҳаи кишоварзии моро барҳам медиҳад.

Дастури Пешвои миллат буд, ки дар  ноҳияи Ҳамадонӣ кишти сабзавот, аз ҷумла сабзӣ  зиёд карда шавад.  Ҳоло ноҳияи Ҷайҳун  ва  атрофи он ин корро анҷом медиҳанд. Шумо бояд минтақаи вилояти Бадахшонро бо сабзӣ ва дигар намуди сабзавот таъмин намоед. Зеро ин ҷо имконият мавҷуд аст. Бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ карда, ба амалҳои  кӯркӯрона хотима бояд дод. Ҳар корро андеша карда,  баъд оғоз бахшед.

Чанде пеш дар  ноҳияи Дӯстӣ қарор доштам. Ҳангоми  қабули пахта дар корхонае бо як нафар лаборант,  ки пахтаро қабул мекард, суол кардам, ки навъи пахтаро чӣ гуна муайян мекунӣ? Гап назад, хомӯш монд.  Навъи якуму дуюмро чӣ тавр муайян мекунӣ? Дар посух гуфт, ки раис,  вақте ки борон борид, чинакро анҷом медиҳем. Дарозии  нах ва вазнро чӣ гуна муайян месозӣ? Ин ҷо  бояд тарозуи электронӣ дошта бошӣ! Боз хомӯш монд ва тарозуи куҳнаву қадима, ки  аз бобокалонаш мерос  мондааст, истифода мекард. Умуман, дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мушикилоти  зиёд ҷой дорад. Хулоса, раис пешниҳоди агрономи  таҷрибадор Назирмамад Одинаевро зери назорати худ гирифт.

10 сол роҳбару беморхона лонаи парандагон

Ҳабибулло Исматов, зодаи деҳаи Файзобод,  ҷамоати Дашти Булоқ ва вакили ноҳиявӣ мушкилоти ҷойдоштаро дар соҳаи тандурустӣ баён дошт:  

-Дар ҳудуди ҷамоати мо соли 1988 як беморхонаи минтақавӣ ба истифода дода шуда буд. Ин беморхонаи байниноҳиявӣ маҳсуб меёфт. Он 3 ошёна  ва дорои 105 кати хоб мебошад. Бо гузашти вақт ва обхезие, ки дарёи Панҷ маҷрои худро дигар кард ва ба  бинои беморхона зарари калон расонд. Баъди ин соҳибкорону фаъолони ноҳия ва ҷамоат ба хотири аз байн нарафтани беморхона 90 фоизи бомашро иваз кардем. Қисме аз ҳуҷраҳои дохили беморхонаро таъмир кардем.  Аммо ҳоло системаи расонидани об ва дигар хизматрсониҳо пурра аз кор мондааст. Таҷҳизоти тиббӣ куҳнаву фарсуда ва аз замони пеш мерос мондааст. Беморхонаи мазкур яке аз мушкилоти асосии сокинони ҷамоати мо ба ҳисоб меравад. Беморхона дар маконе ҷойгир аст, ки бояд  ба қисме аз сокинони ноҳияҳои Фархору Восеъ ва Ҳамадонӣ хизмат расонад. Албатта, таъмири капиталии  ин бино  маблағи калонро талаб мекунад. Аммо мо мехоҳем, ки он ба таври лозимӣ хизмат расонад. Шумо кумаки худро расонед.  Мо фаъолони ҷамоат низ ваъда медиҳем, ки ҳиссаи худро мегузорем.

Раис арзи сокини ҷамоати мазкурро шунид ва гуфт,  ки беморхона бо айби масъулини тандурустии ноҳия,  аз ҷумла сардухтури он ба лонаи парандагон табдил ёфтааст. Ҳатто ҳолати имрӯзаи беморхона расонаӣ шудааст, аммо касеро ба ин парвое нест. Ин масали “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад”-ро ба ёд меорад. Раиси вилоят сардухтури ноҳия ва беморхонаро аз ҷояшон бархезонд. Аз сардухтур пурсид:

-Чанд сол шуд, ки ин ҷо кор мекунӣ?

-10 сол, -посух дод.

-Байни даҳ сол чӣ корд кардӣ?

-Вақте ки ман сардухтур таъин шудам,  шифташ мечакид. Шукронаи истиқлолият,  бо дастгирии аҳли ҷамоатчигӣ… ин дам сухан гулӯгираш кард,  ки давом дода натавонист.

-Агар беморхона роҳбари ғамхор медошт,  бино ба ин ҳолат гирифтор намешуд. Аҳолии ҷамоати Дашти Булоқ чанд нафаранд?

-80 хоҷагӣ, -посух гуфт Исматов.

-Беморхона чанд палата дорад?

-84 адад…

Раиси вилоят барои чӣ ин суолро  пурсид,  шарҳ дод:

-Вақте ки ман соли 2008 раиси ноҳияи Зафаробод будам, беморхонаи марказии ноҳия ҳолати бад дошт. Фаъолон ҷамъ шудем. Буҷети ноҳияро хуб медонистем. Барқ набуд.  Илоҷе ҳам надоштем. Беморон азият мекашиданд. Якҷо маслиҳат кардем,  таъмири ду палата ва ҷиҳозонидани қисме аз асбобу анҷоби хизматрсонии тиббиро бар зиммаи худ гирифтам. Муовинам таъмири  як палатаро ба уҳда гирифт. Хоҷагиҳои деҳқонӣ низ якпалатагӣ гирифтанд. Озмун эълон кардем. Ҳар касе ҷойи аввалро гирад, туҳфа, ифтихорномаи  раиси ноҳияро сазовор мешавад. Гуфтам, ки ягон бегона дар ин ҷо табобат намегирад, фарзандон, хешу табарон ва ҳамдиёрони худамон  табобат мегиранд. Ба умеди касе нашудем, корро сахт гирифтем. Бо сари баланд анҷом додем. Тамоми асбоби тиббиро бар зиммаи Раёсати тандурустии вилоят гузоштем.

Беморхонаи ҷамоати Дашти Булоқро ҳам метавон чунин кард. Бо дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фаъолон метавон беморхонаро таъмир кард. Танҳо  ташаббускор лозим аст. Аз дастамон меояд, танҳо дилсӯзи соҳа лозим аст. Ба муносибати пешвози 30 -солагии Истиқлолият ҷамоати  Дашти Булоқ чӣ кор карда истодаст?

Ҳакимзода ба Бобоев ва Раҷабзода дастур дод, ки беморхонаро як маротиба ҳисоб карда, ба мақомот пешниҳод намоянд. Дар якҷоягӣ онро обод бояд кард. Таъмир ва ҷиҳозонидани ду палатаи калонро раиси вилоят бар уҳда гирифт. Раис маслиҳат дод, ки боқимондаро тақсим кунанд. Аз ҷумла, 1 палатаро ба раиси ноҳия супоранд. Бо ҳашар метавон беморхонаро таъмир кард. Раис гуфт, ки чизи бепул қадр надорад. Вақте ки аз киссаат 100 сомонӣ харҷ кардӣ, дилат барои он месӯзад. Вақти он расидааст, сардухтури беморхонаро ҳам иваз кард. Раиси вилоят беморхонаи ҷамоати Меҳнатободро мисол овард, ки сардухтури он духтари ҷавон ва ҳамагӣ се сол нашуда, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм намудааст,  чӣ қадар ободӣ кардааст. Ҳоло оиладор нест, аз Душанбе омада, барои ноҳия ва зодгоҳаш хизмат мерасонад. Генеколог аст. Аз суҳбату муносибаташ ҳамаро дилгарм кард. Соҳибкорон ваъда карданд, ки беморхонаи дуошёна сохта медиҳанд.

Имрӯз агар фаъолияти баъзеаш  аз 5 сол гузарад, дигар кори дуруст намекунад. Яъне, медонад, ки имрӯз ё пагоҳ аз кор меравад ва фикри худашро мекунад. Сардухтури ин беморхона ҳам чунин рафтор дорад. Раис барои таъмир ва ба истифода додани беморхонаи мазкур ду моҳ муҳлат дод. Аз  журналистон хоҳиш кард, ки рафти корҳои сохтмониро дар беморхонаи мазкур таҳти назорат гиранд. Ин дам кафкӯбии бардавом толорро фаро гирифт.  

Дар маҷмӯъ,  рӯзи қабули шаҳрвандон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода арзу шикояти беш аз 12 нафар сокинони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро шунид. Муроҷиаткунандагон бештар  назди раис масъалаи гирифтани замини наздиҳавлигӣ,  мушкилот дар соҳаҳои кишоварзӣ,  маориф,  иҷтимоиётро бардоштанд.

Сипас,  раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Бозоралӣ Одиназода  дар бораи бурдубохти соҳаҳои ноҳия дар  7 моҳи соли ҷорӣ дар назди фаъолони ноҳия ва вилоят ҳисоботи кутоҳ дод. Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз Одиназода пурсид,  ки чаро ноҳия имсол даъвати баҳории наваскаронро дер иҷро кард?  Барои чӣ ноҳияе,  ки қаблан ду-се ҳафта пеш иҷро мекард,  имсол 29 май иҷро кард? Як рӯз баъди шумо Қубодиён иҷро кард. Ба ин чӣ сабаб шуд?

Одиназода гуфт,  ки  дар даъвати ҷавонон ба қисмҳои ҳарбӣ мушкилӣ мекашад.

-Баъди таъин шудан ба ҳайси раиси ноҳия,  то имрӯз се даъвати ҳарбиро гузаронидам.  Бовар кунед,  азоб кашидам.

Аммо раиси вилоятро ин посух қонеъ накард ва сабаб меҷуст.

-Дар солҳои 90-уми ҷанги шаҳрвандӣ мардуми ноҳия барои сохти конститутсионӣ мубориза бурданд. Дар фронт буданд.  Имрӯз бештари мардуми ноҳияи Ҳамадонӣ дар мақомоти қудратӣ фаъолият доранд. Чӣ шуд, ки ҷавонони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз хизмат саркашӣ мекунанд?  Канӣ тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ,  худогоҳӣ ва ҳифзи марз ва манфиатҳои миллӣ?

Раиси ноҳия иттилоъ дод,  ки ҳоло курсҳои омӯзиши ронандагӣ аз ҳисоби маблағҳои мақомоти ноҳия ташкил шудааст. 18 нафар ба курсҳо ҷалб карда шуданд. Боз 24 нафари дигарро рӯзҳои наздик ба омӯзиши сартарошӣ,  ронандагӣ ва дигар намуди касбомӯзӣ фаро мегирем.

-Ман то ҳол сабабашро наёфтам. Чаро ноҳияҳои Данғара,  Балҷувон,  Ховалинг аз аввалинҳо шуда,  даъвати ҷавонон ба қисмҳои низомиро иҷро карданд,  аммо шумо,  Фархору Восеъ дар зинаи охир қарор гирифтед? Инро бахшидан мумкин нест! Ҳамагӣ 1 фоизи ҷавонони ноҳия ба хизматӣ ҳарбӣ мераванд. Хотирбинӣ мекунед. Нисбати масъулин чора намебинед. Танҳо аз пайи камбағалон медавед. Наход аз минтақаи Кӯлоб ҷавонон аз хизмати аскарӣ гурезанд? Комиссариати ҳарбии ноҳия якҷоя бо масъулин доир ба даъват бояд таҳлил гузаронанд. Ба ин амал баҳои сиёсӣ дода мешавад. Канӣ фаъолияти назарраси бахшҳои ҷавонон? Вазифаи шумо танҳо рақсу бозӣ нест! Бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ дар вуҷуди ҷавонон аст. Ҳоло теъдоди масҷидҳои ғайриқонунӣ ҳам зиёд аст. Дар ноҳия  14 масҷиди ғайриқонунӣ фаъолият дорад. Масҷидҳоро назорат кунед. Ба умед нашавед, ки дубора ҳуҷҷат медиҳем. То соли хониш рӯзҳои башумор мондаанд. Аммо қисми зиёди хонандагон бо либос таъмин нестанд. Шартномаҳои басташуда иҷро намешаванд, — изҳори нигаронӣ кард, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода.

Бозоралӣ Одиназода, раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар охир  ваъда дод,  ки камбудиҳои  ҷойдоштаро бартараф менамояд. Аз натиҷаи он ва вусъати  корҳои бунёдкорӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Истиқлолияти давлатӣ  ба раиси вилоят ҳисобот хоҳад дод.

Усмон Раҳимзода,

Бахтовар Сафаров,

“Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner