• Administrator
  • 22.07.2019
  • 0

Раисони 6 ноҳияи Хатлон барканор шуданд

Ба иттилои расида бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони 6 ноҳияи вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон барканор гардидаанд. Раисони ноҳияҳои Ёвон Амирбеки Темур, Кӯшониён Ҷаббори Ғаффор, Шаҳритуз Оймаҳмадзода Рамазон, Восеъ Ғафурзода Мусо, Вахш Шарбатулло Азизулло ва раиси ноҳияи Носири Хусрав Садриддинзода Нуриддин аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Бино ба гуфти як манбаъи ғайрирасмӣ бо фармонҳои дигари Президенти кишвар Ҷаббори Ғафор иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳритуз, Шарбатулло Азизулло иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, Икромиддин Вализода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён, Қурбон Юсуфов иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Вахш, Саидзода Ҷамшед иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ёвон ва Даврон Нишонзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Носири Хусрав таъин шуданд.

Ба иттилои манбаъ то ҳамин замон шахсони нав ба вазифа таъиншуда, ба фаъолони ноҳияҳо муаррифӣ шудаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner