Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Роҳат», «Истаравшан», «Саодат»… чойхонаҳо ошхона шудаанд!

Ҳоло ҷои чойхонаҳои серодаму номиро тарабхонаву қаҳвахонаҳо гирифтанд. Оё мо шарқӣ будему ғарбӣ шудем? Дар шаҳри Болдуэри Амрико чойхонаи миллии тоҷикӣ сохтем, аммо дар пойтахтамон ягон чойхонаи назаррас нест.

Ёдовар мекунем суруди машҳури даврони шӯравиро дар иҷрои овозхонҳои номдори ӯзбекистонӣ бародарон Ботур ва Новфал Зокировҳо:

«На Востоке, на Востоке что за жизнь без чайханы…» Ин суруди «Чойхона» то ҳанӯз маҳбубияти худро гум накардааст. Он замон дар тамоми қаламрави мамлакати Иттиҳоди Шӯравӣ паҳн гашта, вирди забони ҳама буд. Суруд бо як оҳанги ҷаззобу гуворо садо дода, касро ба ваҷд меораду роҳат мебахшад.

Мо мардуми Шарқ, аз ҷумла тоҷикону ӯзбекҳо бо ҳамин гуна анъанот-чойнӯшиву чойхонаҳо аз ғарбиён фарқ мекунем.

Аз замонҳои қадим ягона ҷои истироҳатӣ дар шаҳрҳоямон чойхонаҳо буданд ва сокинон ба сари як пиёла чой нишаста,  суҳбатҳо меоростанд. Ҳоло дар шаҳрҳои қадимаи шимоли кишвар Истаравшану Хуҷанду Исфара ва ғайра ҳанӯз ягон-ягон чойхона вуҷуд дорад, ҳатто аксар гузарҳои онон чойхонаҳои на чандон калон доранд ва дар онҳо бештар мӯйсафедону сокинони маҳаллаву гузар ҷамъ мешаванд.

Боиси таассуф аст, ки дар пойтахти азизамон Душанбе чойхонаҳое ба мисли «Роҳат», «Истаравшан»-у «Саодат» бошанд ҳам, рисолати худро ҳамчун чойхона надоранд. Зеро дар онҳо оши палаву лағмону самбӯсаҳо фурӯхта мешаванд, яъне чойхона неву ошхонаанд. Ҳол он ки дар чойхона танҳо чою шириниҳои шарқӣ бояд фурӯхта шавад ва ба чашми меҳмонону сайёҳони хориҷӣ чунин чойхона боиси диданист.

Дар баробари чои кабуду сиёҳ аз гиёҳҳои гуногун низ анвои чой бояд омода карда шуда, аз шириниҳои шарқӣ-ҳалвоҳои лафз, кунҷит, пашмак ва парвардаву набот бояд мавҷуд бошанд. Чойхоначӣ дар баробари ин ҳатман либоси миллӣ-тоқӣ, ҷелаку миёнбанд дошта бошад.

Вақти он расидааст, ки дар пойтахт баробари дигар ободкориҳо як-ду чойхонаи намунавии шарқӣ бунёд карда шавад ва онҳо мавриди таваҷҷуҳу ҳаваси хориҷиён гарданд.

Боре рафиқам маро пурсид, ки чаро камнамоӣ? Гуфтам, ки вақти бештарам дар хона сари мутолиаи китоб мегузарад.

-Чаро ба масҷиди маҳалла намеоӣ?-боз пурсид ӯ.

-Ман аз тоифаи масҷидравҳо нестам ва хурофотӣ ҳам не!-таъкид кардам ва илова намудам, ки агар дар маҳаллаамон як чойхона барои мӯйсафедон мебуд, ҳатман сари як пиёла чой суҳбат карда менишастам ва ба чунин ҷой шавқмандам.

-Ин гапи ту ҷон дорад – луқма партофт ҳамсуҳбатам риши мошубиринҷи андаке дарозашро  молиш дода.

Ҳарчанд ба иззати нафсаш нарасидани будам, вале густохӣ карда, зери танбеҳ гирифтам:

-Туро Давлати Шӯравӣ панҷ сол бе пул хононда, маълумот дод, дар идораҳои давлатӣ кору фаъолият кардӣ, аъзои ҳизби коммунист будӣ, ҳоло ки ба нафақа баромадӣ, масҷидрав шудӣ.

-Медонӣ, дӯстам манн, ҳам хурофотӣ нестам, танҳо барои таскини дил ба масҷид меравам, мегӯянд-ку «Хоҳӣ, нашавӣ расво, ҳамранги ҷамоат бош».

Баъди каме андеша боз ӯ гуфт:

-Медонӣ, боре ҳамин фикри туро ба раиси маҳаллаамон гуфтам, вале маро дастгирӣ накард.

-Боке нест,-гӯён фикри ӯро қувват додам бори дигар ба вай фаҳмонданамон лозим, ки чойхонаи маҳалла, фақат ҷои чойнӯшӣ набуда, як маркази фарҳангист, он ҷо ҳама масъалаҳои ҷомеа-иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ободии гузар, ноҳия ва шаҳр баҳс карда мешавад. Хулоса, баъзе мардуми аз дунё бехабар аз бисёр чизҳо огаҳӣ меёбанд.

Бояд мақомоти ноҳияву шаҳрҳо раисони маҳаллаҳоро водор кунанд, то дар бунёди чунин чойхонаҳо дар ҳар маҳалла ташаббускор бошанд. Инчунин, ҳар як сокини маҳаллаҳо дар ин кори хайру нек саҳмгузор бошанд. Дар ҳаққи мӯйсафедону нафақахӯрони маҳаллаҳо низ ғамхорӣ бояд зоҳир кард.

Пешниҳод менамоям, ки  дар баробари калонтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе чойхонаи мунаққаши миллӣ низ бунёд шавад, ки назираш набошад.

Э. Камолзода, сокини шаҳри Душанбе

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.