• Mardon
  • 04.07.2019
  • 0

Роҳи Ворух-Исфара боз шуд

Роҳи автомобилгард, ки аз ҳудуди Қирғизистон гузашта ва шаҳри Исфараро бо деҳаи Ворухи ин ноҳия мепайвандад, субҳи имрӯз боз шуд.

Дар ин бора Иқбол Тешаев, сухангӯи раиси ҳукумати шаҳри Исфара рӯзи 4 июн ба сомонаи Tajikistan Times хабар дод.

Тибқи иттилое, ки дар саҳифаи шабакаи иҷтимоии Фейсбуки Иқбол Тешаев чоп шудааст, рӯзи 3 июн соати тақрибан 14.45 ба вақти маҳаллӣ се сокини деҳаи Оқсойи Қирғизистон ба самти мошинҳои сокинони деҳаи Ворух, ки ба самти шаҳри Исфара ҳаракат мекард, сангандозӣ кардаанд.

Дар натиҷа миёни сокинони деҳаҳои Ворух Тоҷикистону Оқсойи Қирғизистон муноқиша рух дода ва сокинони деҳаи ҳамсоя ягона роҳи масири Исфара-Ворухро бастанд.

Ба навиштаи Иқбол Тешаев, пас аз музокироти аъзои зеркомиссияи Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марз ин роҳ дубора кушода шудааст.

Тибқи Протоколи мулоқоти кории Азим Иброҳим ва Жениш Раззоқов, муовини сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон дар таърихи 17 марти соли 2019 кормандони ниҳодҳои умури дохилии ҳарду кишвар бояд амният ва рафтуомади ин роҳи иртиботиро таъмин кунанд.

Аммо ба далели фориғболии кормандони ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон сокинони Оқсой тартиботи ҷамъиятиро вайрон карда ва роҳи иртиботиро бастаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner