• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 06.03.2019
  • 0

Рустами Эмомалӣ ҳушдор медиҳад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 5 март дар мулоқот бо роҳбарони 8 ширкати букмекерӣ аз роҳ ёфтани ноболиғон ба нуқтаҳои букмекерӣ изҳори нигаронии шадид кард. Ӯ ҳушдор дод, ки агар аз вуруди ноболиғон пешгирӣ карда нашавад, фаъолияти ин ширкатҳоро дар ҳудуди пойтахти Тоҷикистон қатъ хоҳанд кард. Феълан дар шаҳри Душанбе 139 нуқтаи марбут ба 8 ширкати букмекерӣ фаъолият доранд. Бархе падару модарон шикоят доранд, ки фарзандони хурдсолашон бо умеди фоида дар ин ширкатҳо пули зиёд мегузоранд ва барои ёфтани пул ба ҳар гуна ҷиноятҳо низ даст мезананд.

Маркази матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, ки шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ рӯзи 5 март бо роҳбарони ширкатҳои букмекерие, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият менамоянд, дар робита бо ҷалби ғайриқонунии ноболиғон ба ин марказҳо мулоқот кардааст.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули дастгоҳи Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони мақомоти ҳифзу ҳуқуқу тартибот, раёсатҳои андоз ва маорифи пойтахт иштирок кардаанд.

Масъалаҳои вобаста ба пешгирӣ намудани воридшавии ноболиғон ба толорҳои марказҳои букмекерӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба муқаррарот ва меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани фаъолияти чунин марказҳо ва масъалаҳои дигари марбут ба фаъолияти чунин идораҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Рустами Эмомалӣ аз ҷой доштани ҳолатҳои воридшавӣ ва ҷалби ғайриқонунии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт ба марказҳои букмекерӣ изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва маорифи пойтахт ва ширкатҳои букмекерӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва пешгирии ворид шудани наврасону ҷавонони то синни 18 сола ба чунин марказҳо дастуру супоришҳои қатъӣ додааст.

Ба таъкиди вай, ҳузуринаврасону ҷавонон дар чунин марказҳо бар хилофи қонун буда, саривақт пешгирӣ накардани ин омил дар раванди таҳсил, давомоти хонандагон ва мафкураи наврасону ҷавонон, ки дар ташаккули ҷомеаи солим нақши асосӣ доранд, таъсири манфӣ мерасонад.

Дар баробари ин роҳбарони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва масъулини соҳаҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳама гуна қонуншиканиҳо назоратро аз болои фаъолияти идораҳои букмекерӣ дар самти ҷалби ноболиғону хонандагон пурзӯр намоянд.

Раиси шаҳри Душанбе ҳамзамон таваҷҷуҳи роҳбарони идораҳои букмекериро ба корҳои созандагиву ободкорӣ, таъмиру азнавсозии ҷойҳои корӣ ва тозагии гирду атрофи маҳали фаъолият ҷалб намуда, таъкид кардаст, ки дар сурати аз ҷониби идораҳои букмекерӣ риоя нагардидани талаботи қонунгузорӣ дар самти пешгирии ҷалби ноболиғон фаъолияти онҳо пурра қатъ карда мешавад.

Дар ҳоли ҳозир дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нукта, бо шумораи 160 нафар корманд фаъолият менамоянд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner