• Бахтовар Сафаров
  • 18.06.2019
  • 0

Сабрина дар Чемпионати Осиё иштирок мекунад

Аз санаи 19 то 29 июни соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон 15-умин Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни мактаббачаҳо доир мегардад.

Мусобиқаҳо дар 6 категория – то 7, то 9, то 11, то 13, то 15 ва то 17-сола миёни духтарон ва писарон аз рӯи шоҳмоти классикӣ, рапид ва блитс сурат мегирад.

Дар чемпионат аз ҷумҳурии мо 8 нафар, аз ҷумла Сабрина Абророва, ки чанде пеш дар Бозиҳои ҷаҳонии наврасон дар Ханти Мансийски Россия ғолиб гардида буд, миёни то 13-солаҳо, инчунин Назар Ғафуров (то 7-солаҳо), Пайрав Қодирӣ (то 9-солаҳо), Ҷалолиддин Илҳомӣ (то 13-солаҳо), Рухшона Саидова, Меҳриддин Шарифов (то 15-солаҳо), Марям Илҳомзода ва Меҳрбахш Қандаков (то 17-солаҳо) иштирок мекунанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки шоҳмотбози 12 солаи  тоҷик  Сабрина  Абророва дар 5-умин Бозиҳои ҷаҳонии наврасон (World Junior Compatriot Games) дар шаҳри Ханти-Мансийски Федератсияи Россия аз рӯйи намуди бозии шоҳмот соҳиби медали тилло гардид. Дар  ин  мусобиқа беҳтарин варзишгарон аз  57  давлати дунё ширкат варзида, Сабрина Абророва аз 11 бозӣ дар 10 давр ғолиб омад ва 1 бозиро мусовӣ анҷом дод ва  бо гирифтани 10,5 хол сазовори ҷойи аввал шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки Сабрина  моҳи ноябри  соли 2018 низ  дар Чемпионати Осиё оид ба шоҳмот миёни наврасон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра  гардида буд.

Солҳои  охир  дар ҷумҳурӣ таваҷҷуҳ ба бозии шоҳмот зиёд шуда, ҷавонону наврасон ва калонсолон ба ин намуди варзиш майлу рағбат пайдо намудаанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner