• Administrator
  • 19.01.2018
  • 0

Сабукиҳо дар интиқоли мол ба Ӯзбекистон

Узбакистон барои интиқоли молу колои Тоҷикистон тариқи роҳи оҳани худ сабукиҳо ҷорӣ кардааст. Анвар Латифзода, сухангӯи идораи Роҳи оҳани гуфтааст, аз идораи “Ӯзбекистон темир йуллари”-и Узбакистон барқия дарёфт кардаанд, ки бар асоси он, нархҳо барои интиқоли молу колои Тоҷикистон пойин оварда шудааст.

Ба қавли ҷаноби Латифзода, феълан сабукиҳо барои интиқоли молу коло тариқи се қитъаи роҳи оҳан ҷорӣ шудааст. Азҷумла нархи роҳ барои интиқоли тамоми молу колои Тоҷикистон, ки тавассути қитъаи роҳи оҳани Келес-Қудуқли ва баракс мегузаранд, то 40 дарсад пойин оварда шудаанд.

Инчунин ба қавли манбаъ, ҳангоми интиқоли молу колои нафтӣ аз тариқи қитъаи роҳи оҳани Қарақалпоқистон-Қудуқли ба баракс 30 дарсад ва барои дигар намуд маҳсулотҳо то 50 дарсад сабукӣ ҷорӣ шудааст.

Дар идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон гуфтаанд, ҷониби Узбакистон барои молу колои ҷониби Тоҷикистон, ки тариқи роҳи оҳани Хоҷадавлат-Қудукли ва баракс мегузаранд то 40 дарсад тахфиф пешниҳод кардааст.

Дар ҳамин ҳол як манбаъи дигар дар идораи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” гуфтааст, гуфтугӯйҳо барои дубора боз кардани роҳи оҳани Амузанг-Хатлон бо ҷониби Узбакистон идома дорад. Масъулони ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сурати мувофиқати Узбакистон, омода ҳастанд, ки қитъаи роҳи оҳани Амузангро тармим намоянд.

Ширкати Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Тирмиз хароб кард ва ин ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистонро бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ кард.

Дар зимн, баъд аз он ки Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2011 қисмате аз роҳи оҳани худро дар минтақаи Амузанг-Термиз хароб кард, ноҳияҳои қисмати ҷанубии Тоҷикистон бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ шуданд ва нархи анвои маҳсулоти воридотӣ дар ин минтақа низ ба маротиб боло рафт. Баъд аз ним соли тахриби ин роҳ масъулони вилояти Хатлон гуфта буданд, ки танҳо аз ҳисоби боҷи гумрукӣ беш аз 45 миллион доллар ба иқтисоди ин минтақа зиён ворид шудааст.

Ҳукумати Тоҷикистон пас аз қатъ шудани равуои қатораҳо тариқи Амузанг-Хатлон, панҷ соли пеш дар соли 2012 ҷиҳати пайвастани қитъаи роҳи оҳани ҷануб бо марказ – ба сохтани роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб иқдом кард. Ҳамакнун роҳи оҳани мазкур ҳам барои мусофиркашонӣ ва ҳам барои боркашонӣ истифода мешавад. Роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон яке аз қисматҳои ин роҳи оҳан аст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner