• Mardon
  • 15.07.2019
  • 0

Садамаҳо дар роҳ 4 кушта бар ҷой гузошт

Баъд аз зуҳри 14 июли соли 2019, Юсуф Юсуфови 37-сола, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундай-Элантра”, сокини ш.Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар самти ҳаракат аз шаҳри Ваҳдат ба ноҳияи Файзобод пиёдагард, Муҳаммадҷон Шехқурбонови 21-сола 1998, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Шехқурбонов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин рӯз Одинаев Маҳмадраҳим, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Х.Алиеви шаҳри Исфара ноболиғ Ҳамида Аскарализодаи сесола, сокини ҷамоати деҳоти Х.Алиевро, ки аз тарафи рости роҳ ба тарафи чапи роҳ мегузашт, пахш намудааст. Ин ноболиғ ҳангоми интиқол ба беморхона ҳалок шудааст.

Шаби 13 июл пиёдагарди шахсияташ номаълум дар масири Левакант-Бохтар зери чархи автомашинаи тамғаи “ДЭУ СИЕЛО”, ронандааш Сулаймон Ҳасанов, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ монда ва бар асари ҷароҳати бардошта дар беморхонаи шаҳри Левакант ҷон додааст.

Ҳамчунин, шаби 13 июл, Беҳрӯз Раҷабов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, сокини деҳаи Меҳрободи ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи мазкур бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба дучархарони тамғаи “Скутер”, Алиҷон Мирзоқулови 49-сола, сокини деҳаи Меҳробод, ки дар як самт аз пеш ҳаракат мекард, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, дучархарон Мирзоқулов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан ба ҳалокат расидааст.

Мусофири дар дучарха буда, Мирзоқулова Гулноза Турғунбоевна, соли таваллудаш 1970, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner