• Administrator
  • 20.05.2019
  • 3

Садамаи маргбор дар роҳи Панҷакент

Дар як садамаи нақлиётӣ дар роҳи деҳаи Дашти Mаллаи  шаҳри  Панҷакент, кӯдаки 13 -сола ба ҳалокат расид. Ҳодиса нисфирӯзии 19 май рух додааст.

Тавре шоҳидон мегӯянд, мошин бо суръати баланд ҳаракат мекардааст. Ба ҷои ҳодиса кормадони БДА-и шаҳри Панҷакент ҳозир шудаанд. Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз дар роҳи деҳаи  Рукнободи шаҳр кӯдаки дигарро мошин зада, ба ҳалокат расонидааст.

Зимни як тамоси телефонӣ бо хабарнигори “Tajikistantimes.com” сардори БДА-и шаҳри Панҷакент Алиҷон Азимов ин ҳодисаро тасдиқ кард, аммо аз додани шарҳи бештар худдорӣ кард.

Бо дарёфти маълумоти бештар онро нашр хоҳем кард.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Парвиз:

    Санаи 19 май низ дар деҳаи Марғедари ш. Панҷакент кӯдаки 7 солаеро низ мошин пахш мекунад, ки дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат мерасад.

  • Аличон:

    Ин сардори Бда кати одамони одди гап намезанад

  • Нейм:

    Радар кати меқапан 10с метияд ронанда бо дальше якқат 120км/с бад оқибат анаҳамин

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner