Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Садамаи нақлиёти муҳоҷирони тоҷик дар марз

Бародарон Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо, сокинони ноҳияи Ёвон 1-уми июн дар як садамаи нақлиётӣ дар марзи Қазоқистону Русия ҷон бохтанд.

Бародарон Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо, сокинони ноҳияи Ёвон  1-уми июн дар як садамаи нақлиётӣ дар марзи Қазоқистону Русия ҷон бохтанд. 

Муҳаммад ва Мансур Гурезовҳо барои убури марз ба Қазоқистон рафта, дубора ба Русия бармегаштанд, ки ба фоҷиа дучор шуданд. Ҷамшед Воҳидов яке аз наздикони фавтидагон гуфт: “Пеш аз рафтанашон Муҳаммадро бо як духтар фотиҳа карда буданд ва интизори омаданаш буданд, ки туй кунанд. Онҳо дар Маскав кор мекарданд, барои убури марз ба Қазоқистон мераванд ва ҳангоми бозгашт ин ҳодиса рух медиҳад”.

Дар садамаи марговар дар марзи Қазоқистон бо Русия се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидаанд, ду тани дигар дар бемористон бистарӣ ҳастанд. Масъулони намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар Русия мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик барои убури марз аз Қазоқистон ба Русия мерафтанд. Дар асоси  қонунҳои муҳоҷирати  Русия шаҳрвандони хориҷӣ маҷбуранд,  ки ҳар се моҳ марзи ин кишварро убур кунанд.

Шарҳ

Барои ин мақола 1 шарҳ ҳаст
  1. Тохир 05.06.2019 07:52

    Мувофики конуни ФМС-и ФР мухочирон бояд хангоми конуни убур кардани сархади Казокистон бояд 3-мох баъд ба Руссия хукуки баргаштан доранд аз сабабе,ки да Руссия аз хисоби мухочирон соле миллиардхо доллар даромади калоне мебинад хукумати Руссия барои хамин вакти баргаштан хеч касро хеч чиз намегуянд.Худованд рахмату магфират кунад ин бародарони шахидро!!!

Ваш e-mail не будет опубликован.