Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Садриддин Ёров – ҷигаргӯшаи “Хорпуштак” даргузашт

Субҳи имрӯз сoбиқадори матбуоти тоҷик, собиқ сардабири маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” Садриддин Ёров дар синни 69-солагӣ аз олам дургузашт.

Садриддин Ёров зодаи ноҳияи Панҷакент ва фориғуттаҳсили риштаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, солҳои 70-ум дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” (ҳоло “Ҷумҳурият”) фаъолият кардааст. Аз соли 1978 то соли 1988 дар Афғонистон тарҷумон буд ва баъди баргаштан дар маҷаллаи “Машъал” кор мекард.

Садриддин Ёров замоне ба маҷаллаи ҳаҷвии “Хорпуштак” ба кор омад, ки давлати Шӯравӣ фурӯ рафт ва ин дастгоҳи бузурги тарғиботии сиёсати давр шуҳрати худро аз даст дод. Аммо Садриддин Ёров бо ҳамкоронаш дар паҳлӯйи сардабири “Хорпуштак” Басир Расо росӣт истода ин маҷалларо аз хатари нестӣ нигоҳ доштанд. Баъди марги Басир Расо Ёров сардабири “Хорпуштак” таъин шуд ва то соли 2015 ин вазифаро иҷро кард.

Коршиносон марги Садриддин Ёровро талафоти калон ба журналистикаи ҳаҷвии тоҷик унвон мекунанд.

Аҳли қалами ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи pressa.tj аз марги нобаҳангоми Садриддин Ёров андуҳгин буда, ба пайвандонаш сабри ҷамил мехоҳанд.

Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Anonymous 30.08.2019 22:55

    Рухатон шод бод падарчон чоятон чанат ва охиратон обод шавад чигарбанди шумо

  2. Мохпайкар 31.08.2019 00:17

    Рухатон шод бод падарчон чоятон чанат ва охиратон обод шавад чигарбанди шумо.

  3. Амони Мухаммад 02.09.2019 17:39

    Каминаи камтарин бо мачаллаи «Хорпуштак» робитаи зич дорам. Бо даргузашти собик сардабири ин нашрияи бонуфуз сахт андухгин гардидам. Ба пайвандони устод аз даргохи Офаридгор сабри чамил хохонам. Рухатон шоду охирататон обод бод!

  4. Мужда 26.09.2019 21:48

    Кувати дилам пушту панохам азизи дилам рухатон шод бошад хонаи охирататон обод бод чигарбанди Шумо

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.