Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Самимитарин вазири Тоҷикистон кист?

Сухане чанд аз рӯзгори Саид Нуриддин Саид

Инсони оқилу кордон барои он зиндагӣ мекунад, ки нафъе барои аҳли ҷомеа оварда тавонад.  Нуриддин Саид аз ҷумлаи нафаронест, ки бо ин ниёзҳои аҳли ҷомеа зиндагӣ кардаву доимо қадамҳои неку мақсаднок дорад ва ҳамин аст, ки дар фатҳи қуллаҳои мақсуд пайваста муваффақ мебошад.

Рӯзгори тайнамудаи Саид Нуриддин Саид пур аз шебу фарозҳост. Пас аз хатми факултети таърихи Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) фаъолияташро ба ҳайси ассистенти кафедраи педагогика ва равоншиносии филиали Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Донишгоҳи давлатии шаҳри Бохтар ба номи Носири Хусрав) оғоз менамояд.

Баъд аз чор соли фаъолияти омӯзгорӣ ба шаҳри Душанбе меояд ва ба ҳайси аспиранти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолияти илмиву омӯзгории худро идома мебахшад. Таҳти роҳбарии доктори илми фалсафа, профессор С.Н.Наврӯзов рисолаи номзадии худро дар ин ришта дифоъ менамояд. Сипас, фаъолияти омӯзгории худро дар кафедраи фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз соли 1991 то соли 1993 ба ҳайси омӯзгор ва аз соли 1993 то соли 2006 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра ба роҳ мемонад.

Акнун донишҳову ҷаҳонбиниҳои амиқ ва кордониву қобилияти баландаш барои атрофиён кашф мегардад ва роҳи ӯро дар вазифаҳои пурмасъул суфта менамояд. Дар солҳои 2006-2007 ба ҳайси сардори Раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар солҳои 2007-2008 ба ҳайси сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамояд.

Аз моҳи январ то моҳи ноябри соли 2008 вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва аз моҳи ноябри соли 2008 то соли 2012 вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба дӯши ӯ вогузор менамоянд. Соли 2009 дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавии муаммои инсон, моҳият ва неруҳои моҳиятии он дар фалсафаи Арасту ва Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино» рисолаи докторӣ дифоъ менамояд.  Аз соли 2012 то ҳол вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Барҳақ, ӯ аз майдони меҳнат омадааст ва меҳнату заҳмат ӯро пайваста обутоб додаву камол бахшидааст.  Дар ҷое низ ин устоди муваффақ чунин гуфтааст: «…Бо розигии падарам аз соли 1971 то соли 1973 ба ҳайси сарҳисобчии бригадаи №8-и колхози Ғайрати ноҳияи Данғара машғул шудам. Дар он солҳо аз сирру асрори барзгарӣ пурра воқиф гаштам, маданияти муошират ва роҳбарии корхона ва коллективи меҳнатиро аз бар намудам, ки то имрӯз сабақи ҳаёти ҷамъиятии ман аст».

Саҳифаҳои зиёд лозиманд, ки ботафсил ҳолномаву корнома ва маҳсули илмиву касбии ӯро ёдрас шавему рӯи коғаз орем. Намехоҳем, ки бори дигар ба ин масъала баргардем. Дар ин бора зиёд навиштаанд ва бори дигар қолабсозӣ наменамоем. Ин ҷо танҳо дар бораи чанд сифати неки инсонии ӯ гуфтан мехоҳем.

Дуруст аст, ки устод хеле серкор аст ва бо банди масъулиятҳо дар маҳдудиятҳо қарор дорад. Аммо мушоҳида менамоем, ки аз илму таҳқиқ дур нест, барои шогирдон вақт меёбад, тавсияҳо медиҳад ва ҳатто дар доираҳои илмӣ баҳсҳои хубе меорояд. Бо ин ҷиҳат яке аз беҳтарин омӯзгорон аст. Дарси ӯ замзамаи муҳаббат аст, ки ҷумла донишҷӯёнро ба дарс мехонад. Эҳсос мешавад, ки дар қолаби ягон методу усули шахшуда боқӣ мондан намехоҳад. Аудиторияи бузургеро ба фасоҳати баён мутаваҷҷеҳ менамояд. Аспиранту донишҷӯ ҳамеша аз дарси ӯ қаноатманд аст.

Рисолати омӯзгории худро бошарафона анҷом медиҳад. Зеро чӣ дар самти таълими доишҷӯён, чӣ таълифи китоби дарсӣ ва омода намудани шогирдони дорои дараҷаи илмӣ хеле муваффақ мебошад.

Мавсуф ҳеҷ гоҳ қолабпараст нест ва ин хислатро намепазирад. Тавре аҳли маънӣ бохабаранд, фалсафа бузургтарин ва яке аз қадимтарин илмҳои судманди ҳаёти аҳли башар аст. Бо лаёқату истеъдоди худододӣ ҳамчун як файласуф аз нозукиҳои илм ба пуррагӣ воқиф аст.

Файласуф будани Нуриддин Саид боис гаштааст, ҳамеша аз пайи ҷавҳару ҳикмат равад ва пайваста муваффақ гардад. Тӯли солҳои роҳбарӣ дар идораҳои бонуфуз бо шахсиятҳои гуногун кору фаъолият кардааст. Дар пайи тақлиде нарафт ва дар сохтани шахсияти худ мустақил буд ва ҳаст. Зарра-зарра аз атроф омӯхтаасту худро сохтааст. Шебу фарози коргоҳи зиндагиро муваффақона тай кардааст ва ҳамеша бо далелҳои рафънопазир дар баҳсу муаммоҳо ғолибу роҳкушо гаштааст.

Наттоқ ва сухангӯи хубест. Дунёи фалсафа дар замири ӯ дунёи хоси дигарер офаридааст. Олами ботинии пурғановатро соҳиб аст ва ин шояд ба он вобастагӣ дорад, ки солиёни дароз масъалаи муаммои инсонро дар осори Арастуву Абӯалӣ ибни Сино таҳқиқ кардааст. Аз ӯ метавон одоби муошират омӯхт.  

Ӯ ба эҷод ва аҳли қалам таваҷҷуҳи хос дорад. Саҳифаҳои воситаҳои абори оммаро бевосита мутолиа менамояд ва аз раванди ҳаводиси дохилу хориҷи кишвар огаҳии комил дорад…  

Шумори ин хислатҳову сифатҳои неки устод Нуриддин Саид ба дарозо рафта метавонад. Хулосаи фарогир он аст, ки мавсуф шахсияти ботавозӯъ ва хоксор аст. Кибру болонишинӣ сифатҳои ӯ нестанд. Самимитарин вазир мебошад, ки дар миёни халқ будан мехоҳад. Қабули шаҳрвандонро кушоду ошкор дар долони вазорат ба роҳ мегузорад, то ҳар як нафар бидуни монеа ба вазир дарду ҳоҷати худро баён созад.  

Имшабу рӯз устод Нуриддин Саид зодрӯз дорад. Ба он кас дар арафаи мавлудашон дар ин роҳи душвору пурмасъул саломативу фараҳ ва барору комёбиҳо таманно дорем.

Фахриддин Ҳайдаров,

нозади илмҳои филологӣ

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.