Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мӯъҷиза: Сангбориш дар Ховалинг

Аввал гумон кардам, ки ин зан афсона мегӯяд. Ҳарчанд ҷиддияти чеҳрааш мансубияти ӯро ба ин тоифа тасдиқ намекард. Қомати баланду пайкари маҳини ӯ занҳои австралиягӣ, тарҳи рӯяш мардуми ориёнажодро ба хотир меовард. Агар ду қавораи барҷастаи гандумгуни ожангзадааш намебуд, яқин кас гумон мекунад, ки ин зан аврупоист. Аз ҳама бештар чашмони ӯ бароям мароқангез буданд. Бори аввал чунин чашмонро медидам. Ҳарчанд зан заминӣ метофт, вале чашмонаш қаҳрамонони филмҳои афсонавиро пеши назар меоварданд.

Зане, ки асрори ҳомила шуданашро намедонад

Аввал гумон кардам, ки ин зан афсона мегӯяд. Ҳарчанд ҷиддияти чеҳрааш мансубияти ӯро ба ин тоифа тасдиқ  намекард. Қомати баланду пайкари маҳини ӯ занҳои австралиягӣ, тарҳи рӯяш  мардуми ориёнажодро ба хотир меовард. Агар ду қавораи барҷастаи гандумгуни ожангзадааш намебуд, яқин кас гумон мекунад, ки ин зан аврупоист. Аз ҳама бештар чашмони ӯ бароям мароқангез буданд. Бори аввал чунин чашмонро медидам. Ҳарчанд зан заминӣ метофт, вале чашмонаш  қаҳрамонони филмҳои афсонавиро пеши назар меоварданд.

— Ба гапам бовар намекунед? – ба ман рӯй овард он зан.

Ба посухи ман интизор нашуда, аз ҷой бархост ва куртаашро боло кард.

Ман дар ҷоям шах шудам.

 -Бубинед! -гуфт зан ва ангушташро ба изи чоки поёни нофаш бурд.

Куҷо чок, он хатти нозуки мӯқаламеро мемонд, ки бо тамоми назокати наққошӣ кашида шуда буд.

Очаам, момоям, момокалонам, момокалони момокалонам  аз насли духтарии авлоди мо як зан дар шикам чунин чок дорад, — гуфт он зан ва идома дод: — Боре дар Душанбе, вақти муоина духтур пурсид, ки ҷарроҳӣ карда будӣ? “-Не”,  -гуфтам. “Чаро дурӯғ мегӯӣ, маълум, ки туро бо лазер ҷарроҳӣ кардаанд”,- гуфта сарзаниш кард. Дар ҷавоб хомӯшӣ ихтиёр кардам ва чизе нагуфтам.

 Агар ҷарроҳӣ нашуда бошед, пас ин пай аз куҷост?

 Он рӯз сахт дилбеҳузур шудам, — ба нақл даромад зан. Аз бӯи хӯрок дилам ғаш меовард, шикамам дам дошт. Бодиён хӯрдам, ки бодро шиканад. Вале шикамам поён нарафт. Баръакс дард пайдо шуд. Намедонам, чӣ дарде буд он. Куртаамро бардошта нигоҳ мекунам ҳамин пай. Хавотир шудам. Аммо ба касе гап назадам. Чанд рӯз гузашт, аммо  шикамам ҳанӯз дам дошт. Оқибат ба модарам гуфтам. Модарам лаб газиду чизе нагуфт. Рӯзи дигар ба шаҳр, хонаи тағоиям фиристод. Баъд аз як ҳафта баргаштам, ки дар хона ҳама тараддуди тӯй доранд. Маро ба як хешамон ба шавҳар доданд. Чунин сарнавиштро модарам низ аз сар гузаронида будааст. Аз ҳама аҷибаш баъд сар шуд. Шаби арӯсӣ пеши назарам як махлуқи аҷибе пайдо шуд. Хостам фарёд кашам, аммо садоям набаромад. Махлуқ даст ба шикамам бурд. Аз тарс як қад паридам. Лаҳзае баъд ором шудам. Сипас як ҳаловате вуҷудамро фаро гирифт. Баъд аз ин аз шавҳарам дурӣ меҷустагӣ шудам. Агар нороҳат ё асабӣ мешудам, пеши назарам он махлуқ пайдо мешуд, ба танам қувват мебахшид. Боре як ҳамсояамон бо ман ҷанҷол кард, тарафам мушт бардошт. Намедонам аз замин буд ё ҳаво, ки як санг омада ба пешониаш зад, ӯ дар ҷояш афтод. Маро ба милитсия бурда пурсиш карданд, гуфтанд, ки медонӣ, ки бо санг задан ҷиноят аст. Гуфтам, ки медонам, аммо ман ӯро бо санг назадаам. Ба гапам бовар накарданд . Бори дигар дуртар аз деҳа бо як зан барои якпула гап ҷанг шудем. Вай бо мушт таҳдид карда, ҷонибам омад. Вале санге аз куҷое пайдо шуду ба пушти сараш зад ва он зан  ба замин афтод… Чунин ҳолатҳо дар деҳаи мо бисёр шудаанд. Кадом якашро гӯям.

 Шумо аз кадом деҳа?

Ховалинг, деҳаи Таги Ҷар.

Дар он ҷо зиндагӣ доред?

Не, дар ҷои дигар.

Дар куҷо?

Зан хомӯш шуд ва баъд аз лаҳзае сар боло карда гуфт: Ин қиссаи тӯлонист. Авлоди мо аз Таги Ҷар баъди марги бобои бобокалонамон  Шокир кӯч бастааст. Мардум дар бораи мо гапи ноҳақ мегуфтагӣ шуданд. Чоки шикам, бе расидани марде ҳомиладор шудан —  ин ҳама асрори ғайб аст. Марги бобои Шокир ҳам пурасрор буд. Як субҳ ҷасади ӯро дар назди сангтеппа ёфтанд. Фикр мекунам асрори зиндагии авлоди мо бо сангтеппаи Таги Ҷар вобастагӣ дорад. Чанд рӯз пеш аз марг бобои Шокир ҳодисаеро нақл кардааст, ки кас намедонад бовар кунад ё накунад.

— Он чӣ ҳодиса буд? Метавонед нақл кунед?

— Зан андаке ба хаёл рафт ва баъд бо оринҷаш такя ба курсӣ карду ба гап даромад.

Шокирро фиристодагони ғайб  рабуданд

 Бобои Шокир як марди нуронии малламӯи сабзчашм будааст. Замоне ки ин ҳодиса рӯй дод, аз рӯи нақли худаш,  35-40 сол дошт. Шабе ба кӯча мебарояд. Ҳаво соф, моҳтоб хирман зада буд. Ногоҳ садое мисли раъду барқ ба амал меояд, рӯи сангтеппаро абри ғафс фаро мегирад. Аз дур мисли селаи занбӯрон ҷисмҳои начандон бузурге пайдо мешаванд. Садои онҳо ройи занбӯри асалро ба хотир меовард. Ногаҳ гирдбоде пайдо мешаваду бобои Шокирро  печонида,  аз замин канда мекунад ва канори сангтеппа меандозад. Як вақт чашм мекушояд, ки дар ғори қӯрғошимранге, дар иҳотаи махлуқоне қарор дорад, ки сарашон мисли харбуза бузург ва дасту пойҳояшон лоғару кӯтоҳ. Чашмони махлуқони харбузасар   ба монанди айнаки шиноварӣ буд. Ду сӯрохии рӯяшон нақши биниро  бозӣ мекард . Лаб надоштанд,  даҳонашон чоки бо алмос  буридаро ба хотир меовард. Ӯро аз дасташ гирифта, ба чанд ғори дигар мебаранд. Шумораи ғорҳо чун ҳазорхонаи гов бешумор будааст. Бобои Шокирро ба ғоре мебаранд, ки дар саҳни он кати бо матои сафед пӯшида  меистод. Либоси ӯро мекашанд ва боли кат мехобонанд. Рӯйболо чашмаш ба махлуқе меафтад, ки қадаш аз дигарон баландтар ва чашмонаш ба ӯ дӯхта шуда буданд.  Ангуштони дарозаш буғунҳои зиёд, нӯги ҳар ангушташ чанголи шағолмонанди сафед доштанд. Махлуқон бо ҳамдигар ба ишора гап мезаданд. Шағолчангол ишора мекунад, ки ӯ ором хобад. Боз як махлуқи дигар пайдо мешавад ва аз тарафи чапи кат дар баробари сари ӯ қарор мегирад. Он махлуқ як чизи ба қалами оҳанин монандро ба бинии ӯ мехалонад ва аз он лахти хун берун меояд. Дарди ҷонкоҳе ӯро бетоқат месозад ва мехоҳад сарашро аз кат боло бардорад. Аммо махлуқ аз пешониаш пахш мекунад, ки сар ба бистар гузорад. Дард якбора гум мешавад ва ба ҷои он чун дар хоб манзараи аҷибе пеши назараш меояд. Гӯё болои Сурхсахова қарор дошта бошад ва аз он ҷо назора дорад, ки чӣ гуна аз паси уфуқ ҷисмҳои бузурге, ки шабоҳат лаълиҳои парон доранд, пайдо мешаванд. Баробари пайдо шудани онҳо дар мавзеи сангтеппа замин ба ду қисм тақсим мешавад ва онҳо вориди ғор мегарданд. Тамоми водӣ, аз Балҷувон то Сари Хосор сарпӯш аз биноҳои гунбаздори сурхранг буданд. Ин дам боз як махлуқи дигар пайдо мешавад ва дар баробари кат қарор мегирад ва даст миёни ду пойи ӯ мегузорад. Бобои Шокир як қад мепарад, вале дард эҳсос намекунад. Махлуқи бузургтаре пайдо мешавад, ки на даҳон дошту на бинӣ ва танаш ҷавшанро ба хотир меорад. Вай дар баробари кат қарор мегирад ва бо чашмони сурхи светоформонандаш сар то ба пойи бобои Шокирро назора мекунанд. Ғайричашмдошт аз дохили он ҷисм ҷисми дигаре берун меояд, ки урён ва лоларанг буд ва шаклан ба одам наздик.  Чашмони нилгун, лабҳояш ғафс, ҷисмаш маҳин, мӯйҳояш зард ва қаворааш барҷаста буданд. Болои сари бобои Шокир зани урён қарор дошт. Синаҳояш ҳамвор ва нӯги онҳо дароз ва дасту пойҳояш борики кӯтоҳ буданд. Ин махлуқ болои сари ӯ қарор мегирад ва баъд аз лаҳзае худро болои бобои Шокир меандозад. Мувофиқи нақли бобои Шокир ӯ ёд надорад, ки лаҳзаи ҳамхобагӣ бо махлуқ чанд муддат давом мекунад. Чун кор  ба анҷом мерасад, он махлуқ дохили  ҷавшан мешавад, бобои Шокирро аз мӯяш мебардорад ва ба замин мегузорад. Бобои Шокир, ки маҷоли истодан надошт, ба зону меафтад ва бо ду даст ба фарш такя мекунад. Ӯ мебинад, ки фарш ҳаракат дорад ва аз он рангҳои сабзу сурху норинҷӣ берун мезаданд. Махлуқ дубора ӯро аз мӯяш боло мекунад ва бо дағалӣ такон медиҳад, ки пеш равад. Бобои Шокир дунболи он махлуқ ба ғори дигар меравад, ки дар он махлуқони зиёде равуо доштанд. Ӯ бо дидани ин манзара ва аз беҳолӣ аз пой меафтад. Як вақт ба ҳуш меояд, ки дар назди сангтеппа зери дарахте хобидааст.  

Зан пас аз лаҳзаи хомӯшӣ гуфт: -Ин ҳодисаро бобои Шокир чанд рӯз пеш аз марг ба як одами наздикаш нақл мекунад. Рӯзи дигар ӯро назди сангтеппа, зери ҳамон дарахт мурда пайдо карданд. Дар ин миён ба сари авлоди мо ҳодисаҳои зиёде омаданд. Ман ба 85 қадам мондам, духтарам 45 — сола аст, набераам 27 сол дорад. Аз ҳаёти набераам метарсам. Мегӯянд, ки вай ба бобои Шокир монанд аст.

Асрори зани ғайбзада ва муъҷизаи сангтеппа

Кунҷковии рӯзноманигорӣ маро ором нагузошт. Чаро ин зан  деҳаи Таги Ҷарро тарк кард ва дар гӯшае зиндагӣ ихтиёр намуд, ки киву аз куҷо будани ӯро касе намедонад. Асрори ниҳони зан маро ба Ховалинг раҳсипор намуд. Ин сафари дуюминам ба ин диёри биҳиштосо буд. Дар сафар маро мардумшиноси тоҷики муқими Дания Муборак Шарифова, режиссёри филмҳои мустанад Орзу Холмуродзода, хабарнигори сомонаи tajikistantimes Бахтовар Сафаров ҳамроҳӣ мекарданд. Қаблан дар бораи мавзеъҳои таърихии ин мулки бостонӣ, ки бо номи Мунк шуҳрат дошт, маълумот ҷамъ овардам. Ҷои оташкадаю бутхонаҳоро масоҷид ғасб карда буданд, он чӣ то ислом буд, ба хоку хокистар табдил ёфта буд. Мавзеъҳое низ боқӣ монда буданд, ки аз муборизаи қаҳрамононаи мардуми ин диёр ба муқобили арабу чингизиён ҳикоят мекарданд. Вале мақсади ман дигар буд: ҷамъоварии ҳар чӣ, ки иртибот ба сарнавишти он зани 82 — солаи тагиҷарӣ мегирифт.

Дар ин миён тасодуфан китобе ба дастам афтод бо номи “Ҷойҳои таърихии Ховалинг” , ки дар бораи як мавзеи таърихии деҳаи Таги Ҷар бо номи Сангистон ҳикоят мекард: «Аз гуфтаҳои куҳансолони деҳаи Таги Ҷар, ки насл ба насл ва авлод ба авлод тариқи забонӣ садсолаҳо нақл карда меомаданд, ин тӯдаи сангҳоро дар замони қадим гӯё аҳли сайёраи бегона (инопланетянҳо) сохта бошанд. Зеро онҳо маҳз ин манотиқро чун объекти ҷолиби диққати худ интихоб карда, дар ҳамин ҷо дар зери замин тадқиқотҳои худро гузаронидаанд. Ҳатто дар паҳлуи ин сангтеппаҳо ҷасади ин сокинони сайёраи бегона  низ гӯронида шудааст. Ва ҳар сол намояндагони ҳозираи аҳли сайёраи бегона дар як вақти муайян ба ин ҷо ташриф оварда, маҳрумони худро аёдат мекунанд”(саҳ 56-57).

Сафари мо аз мавзеи Сангтеппаи Таги Ҷар оғоз ёфт.  Аз тарафи чапи роҳ сангтеппае ба чашм мерасид, ки шояд замоне шакли пирамидаро дошт, вале бо мурури замон бар асари рӯи он баромадани одамон, заминларзаҳо каме фурӯ рехтааст.

 Гирди онро тибқи лоиҳаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон девор мегирифтанд.

Аз мошин фаромадем ва вориди он гаштем. Аввалин шуда Муборак ҷониби сангтеппа қадам зад.

— Духтарам, мумкин нест! — гуфт пирамарде ва хост садди роҳи ӯ гардад.

— Чаро мумкин нест? — пурсид Муборак

— Ин ҷо… сухан дар гулӯи пирамард банд монд, мақсадашро натавонист баён кунад.

Муборак гӯё чизе нашунида бошад, роҳашро идома дод. Ман низ аз дунболи ӯ роҳ гирифтам. Бахтовар, ки наворбардорӣ мекард, ба мо ҳамроҳ шуд. «- Ёд надорам, ки касе болои ин сангтеппа баромада бошад», -ба гӯшамон расид садои пирамард. Мо низ гӯш ба карӣ задем. Қадам ба қадам болои сангтеппа баромадем. Миёни сангтеппаҳо санги бузургтари сиёҳе  хобида буд. Ногаҳ Муборак ба изтироб афтод.

 — Маро қуввае мисли гаҳвора меҷунбонад! — ба сухан омад ӯ.

Зери таъсири ин сухан буд ё воқеан, ки алвонҷ хӯрдани ҷисми худро эҳсос кардам. Нохост чашмам ба пирамард афтод. Ӯ, мисли оне ки дар ҷояш шах шуда бошад, бо тарс ҷониби мо менигарист. Ман ба изтироб афтодам. Муборак ҳанӯз ҳам ором сангҳоро ламс мекард ва аз қаъри онҳо чизе меҷуст. Сохтмончиён ва мардуми роҳгузар чашм ҷониби мо дӯхта буданд.

Мо аз болои сангтеппа поён шудем. Пирамард бошитоб ҷониби мо омад ва оҳи сабуке кашида гуфт:

-Шукр, ки ба некӣ анҷом ёфт.

-Чӣ ба некӣ анҷом ёфт? — пурсидам.

-Шумо болои сангтеппа баромадед.

-Магар болои сангтеппа баромадан хатарнок аст?

-Ҳар гуна ривоятҳо ҳастанд. Ривоят дар ҷои холӣ пайдо намешавад.

Ривояти аз китоби «Ҷойҳои таърихии Ховалинг» хондаам ба хотирам расид.

—  Шумо муъҷизаи кайҳониро дар назар доред?

Мӯйсафед чизе нагуфт ва сар хам карду аз мо дур шуд.

Ин рафтори мӯйсафед кунҷковии маро бештар сохт. Сохтмончиён аслан мардуми деҳоти гирду атроф буданд. Ба яке аз онҳо, ки солхӯрда буд, наздик омадам.

— Воқеан ҳам замоне дар ин мавзеъ аз кайҳон фуруд омада буданд?

Он мард ришашро қабза карду «Ё наъузамбиллоҳ!» гуфт ва аз ман дур шуд. Дарёфтам, ки мардум ҳар чӣ дур аз ислом аст, дар борааш шунидан намехоҳанд. Вале ҷавоне, ки аз ин тоифа набуд, аз тӯда ҷудо гашта гуфт, ки бобояш аз рӯи нақли бобокалонаш ҳикоят мекард, ки ҳар шаб аз миёни сангтеппа мисли тиру камон ранги нилгуне сар ба фазо мекашад ва аз дунболи он садоҳои ба ҳам даромехта, ки андаке монанд ба ҳуштак буданд, садо медоданд.  Одамон аз тарс дар хона пинҳон мешуданд ва ҷуръати ба берун омадан намекарданд.

Ривоятҳои дигар низ ҳастанд, ки ҳикоят аз муъҷизаи осмонӣ будани сангтеппаи Таги Ҷарро мекунанд. Кайҳониён гӯё бар он назар будаанд, ки Худованд дар  зери замин сукунат дорад ва дар ҷустуҷӯи ӯ раҳгум зада, ба ин мавзеи Ховалинг афтодаанд.

Ман аз сокинони деҳаи Таги Ҷар, аз он зан пурсон шудам. Касе мегуфт, ки буд чунин зане. Дар назди сангтеппа ҷон додани мардеро низ онҳо аз рӯи нақлҳо шунидаанд. Аммо дар куҷо хок шуданро касе намедонад. Мисли афсона: буд — набуд.

Аз чеҳра, нигоҳ, ҳаракатҳои занҳои деҳа он занро меҷустам. Ба касе чеҳрааш, ба касе тани маҳинаш, ба касе ҳаракатҳояш монанд. Аммо чашмони ӯро пайдо накардам.

— Номаш чӣ буд? — пурсид пиразане,  ки ҳамроҳаш суҳбат доштам.

Нав ба сарам зад: — Чаро номи ӯро напурсидам? Худоё чӣ ғалате кардам! Мақсади назди ман омадани он зан чӣ буд? Ҳама дарҳам барҳам. Пас аз пурсишҳои мардуми Ховалинг, агар он зан пайдо мешуд, чӣ гуна суҳбат карданамро медонистам. Шояд пайдо шавад? Мехостам набераашро бинем. Ӯ охирин нишони робитаи ин хонадон бо кайҳон аст. Ин аз рӯи сухани момояш, ки чӣ гунае, ки ногаҳон пайдо шуд, ҳамон тавр ногаҳон ғайб зад.

Зери чанори ҳазорсола

Зери чанорҳои ҳазорсола бо чор тан аз пирони Ховалинг Ҳабибуллоев Неъматулло, Абдуллоев Мирзо, Юсупов Файзулло ва Ҳикматуллоев Ёқуб суҳбат оростем. Онҳо таърихи зинда буданд. Мувофиқи гуфтаашон замони шӯравӣ  ривоятҳо, нақлҳои ҳазорсолаҳо аз даҳон ба даҳон гузашта, аз лавҳи хотираҳо кӯр шуданд. Аммо   ҳодисаҳо такрор мешаванд. Соле як маротиба сангтеппа нишоне аз худ вонамуд мекунад. Ҳанӯз ҳам болои боми одамон рехтани сангҳое, ки андозаи сангҳои сангтеппаро доранд, боридани нур аз сангтеппа ба чашму гӯшҳо мерасад.Чанде пеш болои боми хонаи Шарифов Меҳрулло санг меборад. Кормандони милитсия гумон кардаанд, ки касе бо соҳиби  хона шӯхии ноҷо дорад ва хонаро пинҳонӣ зери назорат  мегиранд. Вале рӯзи дигар хона боз сангборон мешавад ва онҳо аз тарс фирор мекунанд. Нуралӣ Ситамов, мудири шуъбаи илмии осорхонаи Восеъ мегӯяд: “Борҳо хостем ин муъҷизаро тадқиқ кунем, аммо кӯшишамон беҳуда буд. Сангпартоиҳо, сангрезиҳо ҳастанд, аммо аз куҷо касе намедонад. Олимон бояд ин зуҳуротро омӯзанд”.

Дар Мунки куҳан (Ховалинги ҳозира) панҷ сангтеппа ҳаст, ки калонтарини онҳо дар Таги Ҷар аст. Онҳо таърих ва ривоятҳое доранд, ки   мардуми диёр медонанд ва забонӣ аз насле ба насле мерасонанд.  Ҳоло ҳам мардум вақти гузар аз назди сангтеппа эҳтиёткоранд ва ҳангоми сухан рафтан аз хонадони зане, ки нақши пурмуъҷиза рӯи шикам дорад, лаб ба хомӯшӣ мебанданд. Зери хомӯшӣ асроре ниҳон аст, ки рӯзе он зани ховалингӣ ошкор хоҳад сохт.

Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Шабнами Ҳабибуллоҳ 30.08.2019 14:20

    Аҳсан ба маҳорати афсонанависӣ!

Ваш e-mail не будет опубликован.