• Бахтовар Сафаров
  • 16.07.2019
  • 0

Сангвор: Сели мудҳиш роҳу пулро вайрон кард (Видео)

Бар асари боришоти шадиди борон дар ноҳияи Сангвор сели мудҳиш роҳҳо ва як пулро хароб карда, хисороти зиёдеро ба бор овард.

Лаҳзаи фаромадани селро шоҳидони ҳодиса сабт намуда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд. Навор нишон медиҳад, чӣ гуна сел як пулеро дар як лаҳза вайрон мекунад, заминҳои васеъ зери оби гилолудаи ғализ мондаанд ва чӣ гуна сели даҳшатбор фаромада аз пеши худ ҳама чизро шуста мебарад. Дар навор ҳамчунин садои одамони ба даҳшатомада низ шунида мешавад.

Тавре ба мо хабар расид, комиссияи махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо роҳбарии муовини раиси кумита ба маҳалли ҳодиса рафтаанд ва корҳо барои маълум кардани ҳаҷми зарар ва барқарорсозӣ идома дорад.

“Ҳарчанд фалокат ба чанд деҳа зарар расонидааст, аммо хушбахтона талафоти ҷонӣ нест”, — мегӯянд сокинон.

​Бояд зикр намуд, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодда 4 рӯз пештар аз офати табиӣ эълон кард, ки дар натиҷаи болоравии ҳарорат, эҳтимоли об шудани барфҳо ва пиряхҳо меафзояд ва мумкин аст, болоравии сатҳи об сабаби обхезӣ, лағзиши тарма ва резиши санг шавад.

Маврид ба ёдоварист, ки 93 дарсади қаламрави Тоҷикистон кӯҳистон аст ва як кишвари осебпазир дар баробари офатҳои табиӣ ба шумор меравад. Дар натиҷаи обхезиву тарма солона даҳҳо нафар ба ҳалокат мерасанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner