• Mardon
  • 21.09.2019
  • 0

Саркашӣ аз аскарӣ: Чаро дигарон пеш мераванду мо дар усули куҳнаем?

Маъракаи навбатии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати аскарӣ оғоз ёфт. Аксари ҷавононе, ки имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳои  кишвар фаъолона сайругашт мекунанд, ё ба Россия мераванд ё дар хонаҳои хешу ақрабои дар ноҳияи дурдаст воқеъбудаашон «меҳмон» мешаванд.

Ташаббуси Рамазон Раҳимзода

Албатта, дар ҳар мавсим ҳастанд ҷавононе, ки дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват ихтиёрӣ ба хизмат мераванд. Вале тавре  мушоҳида мекунем, баъдан нақшаи умумии даъват хеле суст иҷро мешавад.

Имрӯз шароити хизмати сарбозону афсарон дар артиши мамлакат нисбат ба солҳои  навадум хеле беҳтар гаштааст. Сарбозон бо ҷойи хоби мувофиқ ва се маҳал хӯроки гарм таъмин буда, имкони аз бар кардани баъзе касбу ҳунарҳоро доранд. Масалан, бо мақсади таъмини иҷрои дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди раёсат ва қисмҳои низомии Қӯшунҳои дохилии ВКД хоҷагиҳои ёрирасон таъсис дода шудааст, ки фаъолияти онҳо ба кишоварзӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва моҳипарварӣ равона гардида, ба ин васила ғизои ҳамарӯзаи сарбозон аз витамину микроэлементҳои фоиданок ғанӣ гардонида мешавад. Бо ташаббуси вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар қисмҳои  низомии тобеи ниҳоди мазкур маркази таълимӣ амал мекунад. Сарбозон дар давоми хизмат ҳунарҳои челонгарӣ, харрот, барқчӣ, дуредгарӣ ва ғайраро меомӯзанд, ки ин оянда дар пешбурди зиндагӣ ба онҳо кумак мекунад.

Дар  Ӯзбекистон навбат мепоянд

Новобаста аз беҳбудии шароит дар қисмҳои низомӣ тавре  дар боло ишора кардем, ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳанӯз чандон  мувофиқи табъ нест. Яке аз сабабҳои асосии ба хизмати ҳарбӣ майл  надоштани ҷавонон ин дусола будани он аст. Дар бисёр  кишварҳои собиқ шӯравӣ кайҳо аз баҳри хизмати дусола баромадаанд. Масалан, дар Ӯзбекистони ҳамсоя дер боз хизмати ҳарбӣ яксола буда, ҷавонон барои ба хизмат рафтан навбат меистанд. Чанд моҳ пеш бо қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон қоидаи интихоб кардани даъватшавандагони хизмати ҳарбӣ ба тасвиб расид. Дар он шартҳои ба рӯйхати даъватшавандагон шомил кардани ҷавонони синни аскарӣ дарҷ гардидааст. Минбаъд танҳо он ҷавононе ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон қабул мешаванд, ки аз озмуни омодагии ҷисмонӣ ва саволномаи тестӣ мегузаранд. Ҷавононе, ки аз имтиҳони вазни худро ба боло кашидан (турниккашӣ), давидан ба масофаи 100 ва 3000 метр мегузаранд, ба марҳилаи дуюм роҳхат мегиранд.

Сипас, онҳоро лозим меояд, ки ба 60 саволи пешниҳодшуда доир ба таърихи Ӯзбекистон ва зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги кишвар дар давоми 1 соату 30 дақиқа ҷавоби саҳеҳ диҳанд. Баъди аз ин имтиҳон гузаштан онҳо соҳиби даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ мегарданд. Вакилони мардумии Олий Маҷлиси Ӯзбекистон пешниҳод намудаанд, ки даъвати солона ба сафи артиш танҳо як мавсим, дар фасли баҳор сурат гирад. Натиҷаи амалӣ кардани навоварию ислоҳот аст, ки тибқи маълумоти Созмони Global Firepower артиши Ӯзбекистон аз ҷиҳати иқтидор дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷойи сеюм ва дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро ишғол мекунад.

 Имтиёз дар хизмати ҳарбӣ

Дар бисёр кишварҳо муҳлати адои хизмати ҳарбӣ ҳатто аз як сол ҳам камтар аст. Чунончӣ, дар Дания, ки узви НАТО мебошад, ҳамаи мардони аз 18- сола боло, ки мувофиқи нишондоди тиббӣ солиманд, ҳатман чор моҳ хизмат мекунанд. Дар Эстония муҳлати хизмат аз 8 то 11 моҳ, Юнон 8- 12 моҳ, Швейтсария 18- 21 ҳафта мебошад. Дар Мексика муҳлати хизмат 12 моҳ буда,  довталабон бо кумаки лотерея интихоб мешаванд. Лотереяи касе бурд кунад, ҳамон ба хизмат меравад. Албатта, барои хизматкардаҳо зимни кору таҳсил имтиёз дода мешавад. Аз ин рӯ, қишрҳои камбизоати бисёр кишварҳо ихтиёрӣ ба хизмат рафта, дорои чунин  имтиёзҳо мегарданд.

Дар Туркия ҷавононе, ки маълумоти олӣ надоранд, ҳамчун сарбози қаторӣ бо муҳлати 12 моҳ хизмат мекунанд. Ба онҳое, ки ҳадди ақал 4 сол дар донишгоҳ таҳсил кардаанд, пешниҳод мешавад, ки 12 моҳ ҳамчун афсар ё 6 моҳ ҳамчун сарбози қаторӣ хизмат кунанд.

Тавре аз таҷрибаи дигар кишварҳо бармеояд, барои малакаи ҷангиро ёд додани сарбози қаторӣ 12 моҳ кифоя мекунад. Сарбоз метавонад дар муддати то се моҳ  тирпарронӣ аз силоҳи сабук, ҳаво додани норинҷак (граната) ва норинҷакпаррон (гранатомёт)- ро ёд гирад. Барои дуруст рондану истифода бурдани танкаву  техникаи зиреҳпӯш (БМП), тӯп, миномёт ва силоҳҳои зиддиҳавоӣ12 моҳ кофист. Ҷавонони тоҷик аз ҳамтоёни даниягиву эстон ва юнонию мексикагиашон монданӣ надоранд. Чаро дигарон дар 4- 12 моҳ истифодаи аслиҳаю қадамзании низомиро меомӯхтаанду тоҷикон наметавонистаанд?

Хуб мешуд, ки дар кишвари мо низ хизмати ҳарбӣ як сол шаваду имтиёз ба хизматкардаҳо бештар гардад. Дар замони шӯравӣ ба ҷавононе, ки хизмати Ватанро сарбаландона адо менамуданд, як қатор имтиёзҳо медоданд. Масалан, ба  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мадди аввал  хизматкардаҳоро ба кор мегирифтанд. Ҷавонон аввал хизмати Модар- Ватанро  адо намуда, аз мактаби ҷасорати  мардонагӣ  мегузаштанду баъд хонадор мешуданд. Он солҳо ҷудошавии оилаҳо чунин зиёд набуд. Зеро ҷавонон, ки ҳама хизмат карда буданд, ба қадри зиндагӣ мерасиданд. Имрӯз бошад, ҷавонони мушкилоти зиндагиро  нодида ва аз мактаби мардонагӣ  нагузашта, бо андаке камбудию хатои ночизи ҳамсарашон ва баъзан ҳатто бе ягон асос аз ҳамсарашон ҷудо шуда, ҷавондухтаронро дар  нимароҳи зиндагӣ танҳо мегузоранд.

Соли гузашта дар яке аз  рӯзномаҳои Тоҷикистон  пешниҳод шуда буд, ки шаҳрвандон ба мақомоти суду прокуратура, андоз, гумрук, милитсия ва хизмати давлатӣ танҳо баъди хизмати аскарӣ ба кор қабул карда шаванд. Мутаассифона, масъулон ин  навиштаҳоро  намехонанд ё хонанд ҳам гӯш ба карӣ  мезананд. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар бисёр маврид писарони суду прокурор ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  касби падарро «интихоб» мекунанд. Аз ин рӯ, суд ё прокурор намехоҳад, ки фардо писараш ба хизмати аскарӣ равад.

Президент: Бе пушту паноҳ нестед!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 майи соли равон  зимни  мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар чунин ишора карда буданд: «Ягонтоятон бе пушту паноҳ нестед. Вазорати маориф ё иқтисод касе ба кор намеравад. Раиси шаҳру ноҳия мекобем, кадр нест. Барои кор дар гумруку андоз бошад  навбат». Модоме, ки дар сохторҳои зикршуда талабгор зиёд аст, бигзор хоҳишмандон баъди як соли хизмат ба кор қабул шаванд. Дар Ӯзбекистони ҳамсоя ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати давлатӣ бе билети  ҳарбӣ ба кор қабул намекунанд.

Дар ин сурат сафи аскарони маълумоти  олидор дар артиши мамлакат зиёд шуда, сифати омодагии дифоиро беҳтар мегардонад. Исбот шудааст, ки хизмат дар артиш ба хатмкардагони макотиби олӣ барои оянда комёбу муваффақ шудан дар соҳаҳои интихобкардаашон кумак мерасонад. Чунончӣ, соҳибкори маъруф Брайан Трейси дар яке аз  асарҳояш оид ба таъсири хизмати ҳарбӣ ва нақши он дар ҳаёт чунин навиштааст: «Шумо метавонед муваффақиятҳои  калонро ноил гардед, ба шарте ки амалҳои пешвоёни беҳтарин ва сарлашкарони муваффақро анҷом диҳед. Принсипҳои низомиро дар соҳибкорӣ ва ҳаёти шахсӣ истифода бурда, шумо назар ба дигарон тезтар (фавритар) фикру мулоҳиза намуда, амалҳоятонро пештару самараноктар иҷро карда метавонед. Бо истифодаи ин таҷҳизоти пурқувват шумо  метавонед ба таври муътадил самаранокии кори худро баланд бардошта, ба натиҷаҳои олӣ ноил гардед».

Соли 1947 вақте давлати Исроилро таъсис доданд, аксари аҳолии онро муҳоҷирони аз кишварҳои гуногун ҷамъомада ташкил медоданд. Бисёриҳо забони ҳамдигарро намефаҳмиданд, вале ҳама як ҳадаф доштанд — бунёди давлати низомаш пурқуввату дорои иқтисодиёти ғанӣ. Онҳо ба ҳадафи худ расиданд. Айни ҳол Исроил бо доштани 8,5- 9 миллион нафар аҳолӣ яке аз  кишварҳои аз лиҳози иқтисодию низомӣ пурқуввати ҷаҳон ба шумор меравад. Зеро қариб 90 фоизи аҳолии он, аз ҷумла занон дарси матонату низому тартибро маҳз дар артиш гузаштаанд.

Пас моро низ зарур аст, ки аз таҷрибаи мамолики пешрафта ибрат гирифта, бо додани имтиёз ба хизматкардаҳо, кӯтоҳ намудани муҳлати хизмат ва ба роҳ мондани хизмати алтернативӣ ҳавасмандии ҷавононро ба хизмати Ватан зиёд намоем.

Сайфиддин Суннатӣ, махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner