• Бахтовар Сафаров
  • 28.06.2019
  • 0

Сармураббии дастаи «Истиқлол» ифтеъфо дод

Бегоҳии дирӯз, 27-уми июн мутахассиси тоҷик — Ҳаким Фузайлов аз симати курсии сармураббигии бошгоҳи овозадори футболи “Истиқлол” истеъфо дод.

Тавре сомонаи расмии бошгоҳи “Истиқлол” хабар медиҳад, Ҳаким Фузайлов бо хоҳиши худ аз курсии самураббигии даста канор рафт. Ӯ ин қарорро бегоҳии 27-уми июн пеш аз тамрини даста баровардааст.

Роҳбарияти даста дархости Ҳаким Фузайловро ба инобат гирифта, ӯро аз симаташ озод кард. Фузайловро дар ин мақом то анҷоми мавсим ёрдамчиаш Алишер Тӯхтаев иваз мекунад. Роҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” ба Ҳаким Фузайлов изҳори сипос намуда, дар корҳои ояндааш муваффақиятҳо таманно намуд.

Ёдовар бояд шуд, ки Ҳаким Қаюмович Фузайлов 12 августи соли 1964 ба дунё омадааст. Футболбози шӯравӣ ва тоҷик, ҳимоятгар ва яке бозингари якачини миллии Тоҷикистон мебошад. Вай аз соли 1986 то соли 1991 дар тими “Помир” Душанбе бозӣ мекард. Соли 1992 ба дастаи “Локомотив”-и Маскав пайваст.

Бо тими “Локомотив” дар соли 1994 соҳиби медалҳои биринҷии чемпионати Русия гаштааст. Ҳаким Фузайлов, аз соли 2016 то моҳи марти соли 2018 мураббии дастаи миллии футболи кишвар буд. Аз 3-юми декабри соли 2018 то айни замон сармурабии дастаи “Истиқлол”-ро ба уҳда дошт.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner