Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Се мулоқот бо Мирзо Ҷага

     Дастурҳои тарҳрезишуда, оғози ҷанги шаҳварвандӣ ва зиёфати Ҷумъаи Намангонӣ

Дар хайма Гулрухсор, Бозор Собир,Тоҳири абдуҷаббор, Сатторзода ва Ҳимматзода нишаста зиёфат мехӯрданд. Ман ҳамон лаҳза дурӯғ будани фаъолияти Опозитсияро дарк карда, дилам монд.

     Аз нақли ходими давлатӣ Мастура Ашӯрова

 18 июли соли равон ходими намоёни ҷамъиятӣ ва сиёсӣ Мастура Ашӯрова дар синни 90- солагӣ аз дунё гузашт. Банда бо ин зани ҷасур ва фарҳехта чанд сол пеш шинос шуда, соли гузашта бо эшон суҳбате доштам, ки бинобар серташвиш шуданам нашр нашуда монд… Инак, зарур шуморидам, то ки чанд нуктаро аз он мусоҳиба пешкаши аҳли завқ намоям… 

 Писар шуда натавонистам…

 Ман 15 апрели соли 1928 дар деҳаи Ғазантараки райони Ғончӣ (ҳоло ноҳияи Деваштич) таваллуд шудаам. Чун ба воя расида, савод баровардам, дарёфтам, ки ин дар ин рӯз паёмбари Ислом ҳазрати Муҳаммад (с), олимони бузург Шпинлер, Аюштак, устод Садриддин Айнӣ ва аввалин кайҳонавард Юрий Гагарин ҳам дар ҳамин рӯз таваллуд шуда будаанд.  Падару модарам деҳқон буданд. Ҳашт нафар фарзанд, ҳафт духтару як писар доштанд.  Ягона акоям Мирзоқул соли 1939 ба ҷанги Финландия рафта, соли 1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ беному нишон шуданд.  Баъди ин падарам ба ғаму ғусса тоб наоварда, бемор шуда, аз олам гузаштанд. Худораҳматии модарам пеш аз маргашон ба ман гуфтанд:

-Акнун марди хона ту ҳастӣ. Аввалин коре, ки мекунӣ қабри акоятро пайдо карда, як каф хокашро оварда, дар Ватан мегӯронӣ…

Пас аз он ки барои таҳсил ба Маскав рафтам, чандин сол дар қабристонҳо ва архивҳо суроғи бародарамро карда, ҳамагӣ аз госпитали Калининск як ҳуҷҷат пайдо кардам, ки то ҳол онро нигоҳ медорам: «Ашӯров Мирзоқул аз пойи росташ ярадор шуда, як моҳ дар беморхона табобат гирифт. Баъди сиҳат ёфтанаш ба фронт баргашт».

Пас аз ин қабристонҳои бародарии шаҳидони ҶБВ-ро кофтам, то ба Полша, Венгрия, Чехословакия, Булғория, Албания, Руминия, Югославия ва Германия сафар карда, нишони бародарамро ҷустам, вале бенатиҷа…

Аз ҷанг 71 сол сипарӣ шуд, аммо то ба имрӯз афсӯс мехӯрам, ки васияти модрамро иҷро карда натавонистам, ба модарам писар нашудам…

 Зина-зина то сиёсат

 Соли 1955 факултети таърихи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Хуҷандро, ки он вақтҳо ба номи Киров буд, хатм карда, чанд сол муаллими мактаби миёна будам. Баъди ин маро котиби Комитети комсомолии район таъин карданд. Ҳамин тавр, зина-зина ба вазифаҳои баландтар расида, солҳо дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ саҳми худамро гузоштам.  Чор сол муовини раиси Комиҷроияи шаҳри Ӯротеппа будам. Соли 1968 Мактаби олии партиявии шаҳри Маскавро хатм карда, котиби Кумитаи партиявии ноҳияи Ғончӣ таъин шудам. Сипас, маро раиси Кумитаи иҷроияи ҳамин ноҳия монданд. То соли 1975 дар ҳамин вазифа кор кардам. Баъдан, тақрибан даҳ сол мудири шуъбаи маорифи ноҳия будам. Аз моҳи августи соли 1985 нафақахӯрам. Аз соли 1963 то соли 2003 чандин даъват депутати халқии ноҳиявиву вилоятӣ будам. Шукр,  ки дар ҳамаи  вазифаҳо бо сари баланд ва ҳалол кор кардам…

 Тоҷикистон дар миёни обу оташ

Пас аз он ки решаҳои ҳукумати шӯравӣ футур рафт, моҳи феврали соли 1991 бори аввал ва баҳори соли 1992 бори дувум гирдиҳамоиҳо ташкил шуданд. Коммунистҳо, ки ба сиёсати орому дастурҳои тарҳрезишудаи боло одат карда буданд, сарҳисоби худро гум карда, давлатро идора карда натавонистанд.  Дар Душанбе қозикалони ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, роҳбари ҳаракати «Растохез» Тоҳири Абдуҷаббор, Маҳмадрӯзӣ Искандаров, Абдунабӣ Сатторов, Аслиддин Соҳибназаров, Бозор Собир, Гулрухсор ва чанд нафари дигар ба митингҳо роҳбарӣ намуда, мардумро ба инқилоб даъват мекарданд. Дар Ленинободи мо аввал демократҳо фаъол шуданд. Аввалин митинг дар ноҳияи Ашт баргузор шуд. Издиҳоми мардум аввал ба дари Партияи коммунистии ноҳия қуфл зада, баъдан ҷониби вилоят ҳаракат карданд ва бинои Ҳизби коммунистро дар ин ҷо низ бастанд. Ҳамин тавр, дар Исфара бори аввал нишасти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо роҳбарии Ҳимматзода баргузор шуд. Мардум мароми худро аз даст дода, чӣ кор кардану ба куҷо рафтанашро намедонистанд. Тоҷикистон дар миёни обу оташ монд…

 Ҳақиқати гуруснанишинӣ

 Тирамоҳи соли 1991 ҳайкали Ленинро афтонда шикастанду дар кишвар вазъ муташанниҷ шуд.  Як рӯз котиби аввали Кумитаи ҳизби коммунисти вилоят,  Рифъат Ҳоҷиевич маро даъват карда гуфтанд, ки вазъияти ҷумҳурӣ нотинҷ ва шумо бояд ҳамчун вакили халқи вилояти Ленинобод ба Душанбе рафта, дар сессияи Шӯрои Олӣ иштирок кунед. Ҳамин тавр, ман аз рӯзи баргузории сессияи 8-уми Шӯрои Олӣ то сессияи 14-ум дар Душанбе будам ва дар тамоми ҷаласаҳо ширкат кардам. Дар он шабу рӯзҳо ҳама талош мекардем, ки ҷанг нашавад, ҳукумати қонунӣ нигоҳ дошта шавад, аммо нашуд, зеро коммунистҳо таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд… Як рӯз дар долони Шӯрои Олӣ бо Раҳмон Набиевич ҳамсуҳбат шудам. Мо ҳанӯз аз даврони дар комсомол кор карданам ҳамдигарро мешинохтанд. Он кас аз ман як хоҳиш карданд:

-Мастура-буча, рафта аз аҳволи шоира Гулрухсор хабар гиред. Эшон гуруснанишинӣ эълон карда, овозаҳо ҳаст, ки аз сабаби нахӯрдан аҳволаш бад аст. Ӯро насиҳат кунед, шояд гапи шуморо гӯш кунад…

Ман воқеан, бо Гулрухсор шинос будам. Вай раиси хазинаи маданияти ҷумҳурӣ буду ман раиси хазинаи маданияти райони Ғончӣ. Мо муносибати хуб доштем. Ҳатто вақте ӯ китобхона ташкил кард, аз китобҳои худам чандин нусха китобҳои нодир барояш фиристода будам.

Ҳамин тавр, ман ба хаймаи ӯ рафтам. Дар он хайма, Гулрухсор, Бозор Собир, Тоҳири Абдуҷаббор, Абдунабӣ Сатторзода ва Ҳимматзода нишаста, зиёфат мехӯрданд. Ман ҳамон лаҳза дурӯғ будани фаъолияти оппозитсияро дарк карда, дилам монд. Ҳоло нишаста фикр мекунам, ки яке аз сабабҳои муваффақ нашудани онҳо ҳам ҳамин гуна риёкориҳояшон буд. Онҳо чанд “маска” доштанд… Чӣ демократашу чӣ исломиаш…

Бо вуҷуди ин Гулрухсор маро нағз пешвоз гирифт, аммо вақте насиҳат кардам, гуфт: «Ман ҳурмати мӯйи сафедатонро мекунам. Агар бо ман бошед, истед, агар не маро танҳо гузоред»…

Баъди чанд вақт ба майдони «Шаҳидон» ҳамагӣ мусаллаҳ шуданд,  Шарифов гуфтанӣ як фармондеҳи низомӣ миномиётчиёни худро ба ихтиёри ин майдон гузошт. Ёдам ҳаст, ки раҳматӣ Сангак Сафаров назди Раҳмон Набиев омада гуфт, ки ба майдони «Озодӣ» силоҳ диҳад. Аммо Раҳмон Набиевич ӯро сарзаниш кард:

-Ҳеҷ гуна силоҳ нест, ҷониби касе оташ накушоед. Кӯшиш кунед, ки хунрезӣ нашавад, — гуфт.

 7 майи соли 1992 ҳеҷ аз хотирам намеравад, ки ҷанг сар шуд. Мухолифин бо танк ба майдони «Озодӣ» зада даромаданд. Ҳамин тавр, ҷанги хонумонсӯз тамоми Тоҷикистонро фаро гирифту давомашро шумо медонед…

 Гуфтугӯ бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров

Моҳи октябри соли 1996 соати 6-и пагоҳӣ телефони хона занг зад.  Гӯширо бардоштаму ба ман хабар доданд, ки «фарзандони мо дар ҷанг ба дасти муҷоҳидон асир шудаанд».

Якбора худро аз даст додам. Охир писари ман Мирзоқул, ки номи акоямро монда будам, наход тақдири ӯро такрор кунад. Зуд ба Ленинобод сафар кардам, ки як гурӯҳ занҳое, ки фарзандонашон дар ҷанг ба асорат афтода буданд, дар назди бинои Ҳукумати вилояти Суғд ҷамъ шуданд. Дар байни ин занҳо Саидмурод Мӯминов гуфтанӣ як мард ҳам буд. Бо пешниҳоди Саидмурод мо, занҳо ба хонаи яке аз шиносҳои ӯ рафта, дар ҳамон ҷо маслиҳати таъсиси кумитаи падару модарони сарбозони асирро кардем. Баъди ин ман ба назди Қосим Қосимов, ки раиси вилоят буданд, рафтам ва ба он кас гуфтам, ки мо азм кардаем ба Тавилдара рафта, фарзандони худро, ки дар асорат ҳастанд, гирифта биёрем. Аввал розӣ нашуданд, аммо пофишории моро дида, ба хулоса омаданд, ки  кумитаи мо дар назди Комиссариати ҳарбии вилоят ташкил шавад. Ҳамин тавр,  Саидмурод раиси кумита ва ман ҷонишин таъин шудем.  Миёнаҳои моҳи декабри соли 1996 мо даҳ мошин либосу хӯрок, ҳамчун кумак гирифта, ҳамроҳи 15-20 нафар падару модарони сарбозони асир тариқи  вилояти Ӯши Қирғизистон ба минтақаи Қаротегин роҳсипор шудем. То сарҳади Қирғизистон моро Илҳомҷон Обидов ном корманди КГБ ҳамроҳӣ кард. Дар Қирғизистон бошад, як ҷавони тоҷик бо номи  Алишер, ки дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ин кишвар кор мекард, моро пешвоз гирифта, ҷойи хоб ва хӯрок дод, мошинҳоямонро бо сӯзишворӣ таъмин кард. Ҳамин тариқ,  аз Ҷиргатол гузашта, ба ноҳияи Тоҷикобод омадем. Дар ин ҷо моро Маҳмадрӯзӣ Искандаров пешвоз гирифт. Баъди фаҳмидани мақсади мо бо Мирзо Зиёев тавассути ратсия хабар дод. Зиёев гуфт, ки ҳоло дар Лаби Ҷар ҷанг аст ва ӯ наметавонад моро пешвоз гирад, аммо амр кард, ки моро қабул кунанд.  Он шабу рӯз муҷоҳидони Тоҷикобод 17 рӯз боз 90 нафар аскаронро ба асирӣ гирифта буданд. Маҳмадрӯзӣ Искандаров онҳоро ба мо нишон дод. Дар байнашон ду нафар аз Ғончӣ буданд. Шарифов аз КГБ ва Муродов аз МВД.   Ҳамин тавр, бо Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ба мусолиҳа омада, аз 90 нафар асир 45 нафарашонро, ки ҳамаашон аз вилояти Суғд буданд, халос карда баргаштем.

 Вохӯрӣ бо Мирзо Ҷага ва Ҷумъаи Намангонӣ

 27 феврали соли 1997 боз ҳам қариб даҳ мошин кумаки башардӯстона гирифта, бо ҳамроҳии падару модарон ба назди муҷоҳидон ба Ғарм рафтем.  Аввалҳои моҳи март ба Тавилдара омадем. Мирзо Зиёев, ки Мирзо Ҷага мегуфтандаш, моро пешвоз гирифт ва моро дар хонаи Ҷумъаи Намангонӣ ҷойгир кард. Дар сари мизи музокира бо Мирзо Зиёев, Ғаффор Седой, Маҳмадрӯзӣ Искандаров ва вазири корҳои хориҷии мухолифин Ҳамад Самадов нишаста, мақсади омаданамонро гуфтем. Онҳо шартҳои вазнин гузоштанд. Ҳамон шабу рӯ, дар деҳаи Миёнаду зани дуюми Мирзо Ҷага духтар таваллуд кардааст. Ман чанд нафарро ҳамроҳ гирифта, ба дидани тифл рафтем. Ӯ ҳам зиёфати шоҳона кард. Он ҷо як ҳафта мондем ва як КАМАЗ-и навамонро, ки чашм ало кард, туҳфа кардем. Ҳамин тавр, қалби ӯро мулоим карда, асирони боқимондаро наҷот додем. Вале писари худамро не…

Сафари сеюм ба назди Мирзо Ҷага

Гарчанде, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид, аммо писари ман ва чанд нафари дигарро раҳо накарданд. Бинобар ин, маҷбур шудам, ки маротибаи савум падару модаронро гирифта, ба Тавилдара равем. Ҷага маро хуб пешвоз гирифта, писари ман ва 22 нафари дигарро озод кард.  Дар ин сафар қариб буд, ки ба дарёи Хингов ғарқ шавем.  Пули Тавилдараро тарконда, ба ҷояш пули ларзонаки тахтагине сохта буданд. Ҳамроҳи Мирзо ва чанд нафар занон аз болояш мегузаштем, ки пул шикаст ва мо ба дарё рафтем. Шукр, ки наҷот ёфтем…

Тақрибан, 20 сол пас аз ин ҳодисаҳо як рӯз ба идораи маҷаллаи «Фирӯза» ба назди Зулфия Атоӣ ва Сабоҳат Анварова, ки дугонаҳо ва улфатҳои мананд, рафтам. Пас аз вохӯрӣ бо эшон берун баромада, дар назди Китобхонаи Фирдавсӣ чашмам ба Мирзо Зиёев афтод. Вай аз вазифаи дар Вазорати ҳолатҳои фавқулода ишғолкардааш ба нафақа баромада буд. Ба наздаш рафта, салом додам. Ӯ маро нашинохт:

-Ман Мастура Ашӯрова, модари Мирзоқули ғончигӣ, ҳамроҳ ба дарё афтода будем, — бо шӯхӣ гуфтам ман.

Ӯ бо ман хеле гарм вохӯрӣ кард ва ҳатто ба оғӯш кашида, маҷбуран бо хонааш, ки дар пушти Вазорати фарҳанг будааст, бурд. Дар он ҷо чанд нафар аз ҳамсангарҳои пешинааш нишаста буданд. Дар ин зиёфати калон аз ину он суҳбатҳо кардем… Баъди чанде аз телевизор хабар ёфтам, ки ӯро дар деҳаи Тавилдара бо роҳбари Мулло Абдуллоҳ, ҳамсангарҳои худаш ба қатл расонидаанд…

Хулосаи зиндагӣ

Ман ба 90 даромадам. Нағз буд ё ганда тамоми умрамро ба халқи азизам бахшидам. Дувоздаҳ ордену медали ҳукуматӣ дорам. Аълочии маорифи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи якум ва ғайра. Се писар дорам.  Писари калониам Бахтиёр рассом, писари дуюмам Дилшод актёри театри ба номи Камоли Хуҷандӣ ва писари сеюмам Мирзоқул дар нафақаи ҳарбист.

Чандин маротиба бо Пешвои миллат Эмомалӣ Рамҳон вохӯрӣ доштам, аз дасти эшон ордени «Шараф» дараҷаи 1-ро гирифтам, ки ифтихор дорам. Ман ба ӯ бовар дорам ва писари худ медонам. Ин шахс ба Тоҷикистон сулҳ овард, ҳалолаш бод.

…Ниҳоят

Ин буд, як тика аз рӯзгори Мастура Ашӯрова – зани ҷасур ва миллатдӯст, ки ба ҳақ пайваст. Мастура-ойтӣ хонандаи доимии ҳафтаномаи «Тоҷикистон» буданд ва ҳамеша занг зада, нуктаи назар ва эроду пешниҳодҳои худро ба мо мегуфтанд, ҳатто гоҳо ба камбудиҳои мо ишора карда, бо шиддат сарзанишамон мекарданд. Борҳо мақолаву назарҳои эшон дар саҳифаҳои «Тоҷикистон» нашр шудааст… Ёдаш гиромӣ бод, ин зани ҷасурро…

Одили Нозир,

«Тоҷикистон»

А

Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Саида 02.08.2018 10:33

    Сано бодо, ба занхое, ки марданд!

  2. Каримшо 03.08.2018 11:40

    Абдунаби Сатторзода мардумро ба инкилоб даъват мекардааст… Ачоиб наход як олим донишманд хамин рафторхои ночоро карда бошад. Инхо аз корхои кардаашон шарм намедошта бошанд?

  3. Бону 03.08.2018 21:43

    Дунеро хаминхо вайрон карданд.. якташ падари миллат буду дигар модари миллат. Хозир худро мусичаи бегуноз метарошанд….

  4. Абдуллозода 05.08.2018 21:57

    Бовар кунен офарин мегум чаноби оли Эмомали Рахмонда хами чинояткорора бахшидан

Ваш e-mail не будет опубликован.