• Бахтовар Сафаров
  • 08.06.2019
  • 0

Шаҳритус дар зери партов 

масъулин ҷарима шуда бошанд ҳам…

Маркази маъмурии яке аз калонтарин ноҳияҳои вилояти Хатлон- Шаҳритус  аз лиҳози тозагии атроф ҳоли табоҳе  дорад.   Ба нақли шоҳидон  ҳанӯз чанд сол муқаддам ҷамоати шаҳраки Шаҳритус бо иқдомҳои созандаи масъулину сокинонаш  намунаи ибрат буд. Аммо Шаҳритуси имрӯзаро ранг бину ҳол пурс…

Дар маркази ноҳияи Шаҳритус 14 нуқтаи муваққатии партовгоҳ  вуҷуд дорад, аммо аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки ин партовгоҳҳо сари вақт тоза карда намешаванд. Ин дар ҳолест, ки ин нуқтаҳои партовгоҳҳо дар наздикии манзилҳои истиқоматии сокинон воқеъ буда, дар мавсими тобистон бӯйи ғализи он атрофро фаро гирифтааст. Дар ин шабу рӯз роҳгузарон, вақте ки  аз наздикии ин ифлосиҳо мегузаранд, бо як даст дами димоғи худро пӯшида, бо дасти дигар магасу ҳашаротҳои ба сару рӯяшон боридаро месуронанд. Бо чунин ҳол роҳгузарон, як сӯ мардуме, ки дар наздикии ин нуқтаҳои бӯйгину ифлос сукунат доранд, нисбат ба кору фаъолияти кормандони Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия чи фикру андеша доранд, лозим ба тавзеҳ надорад.

Дороии корхона: 2 техникаи боркаш ва чанд белу каланд

Барои муайян намудани сабабҳои ба ин ҳол уфтодани маркази маъмурии ин ноҳияи номдор ба суроғаи Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳия роҳ пеш гирифтем. Аз лаҳзаҳои аввали будубоши мо дар ин корхона маълум гардид, ки идораи мазкур ҳамагӣ 2 техника барои партовкашӣ ва чанд белу каланд дораду халос. Пас, бо ин аҳвол чӣ гуна битавонад партобҳои шаҳракеро, ки дар он беш аз 16 ҳазор аҳолӣ сукунат дорад, сари вақт тоза намояд? Ба гуфтаи Бахтиёр Салимов, корманди Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия ҳамин ду адад техникаи дар корхона мавҷудбуда ҳам барои тоза кардани партовҳо нигаронида нашудаанд. — Аз вазъи корхонаи мо раиси ноҳияи Шахритус огоҳ аст ва дар барномаи “Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2020-2025” таъмини техника низ нигаронида шудааст, ки умед дорем, дастгирӣ меёбад,- мегӯяд Б. Салимов.

Масъулон ҷарима шуданд, аммо…

Тибқи иттилои Шамсиддин Халилов, сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, ин ниҳод барои беаҳамиятӣ дар масъалаи тозагии ҷамоати шаҳраки Шаҳритус аз партов, раиси ҷамоати шаҳрак ва директори Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритусро 1 ҳазору 300 сомонӣ ҷарима намудаанд. Аммо, мутаассифона, камбудиҳои ҷойдошта ба пуррагӣ халли худро наёфта истодаанд.

Чунин менамояд, ки дар ноҳияи Шахритус масъалаи тозагии муҳити атроф ва сари вақт тоза намудани партовгоҳҳо касеро ба ташвиш намеорад. Чун вақте ба суроғи директори Муассисаи давлатии назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Шаҳритус рафтем, бонуи дар қабулгоҳ нишаста, аз ҳузури роҳбари худ изҳори бехабарӣ намуд. Мутаассифона, муовинону дигар масъулони маркази мазкурро низ пайдо накардем, то аз онҳо пурсон шавем.

Партовгоҳҳо дар назди хонаҳои мардум

Яке аз мушкилӣ аз ҳудуди муайяншуда фаротар паҳн шудани партовҳо ин маҳкам набудани атрофи нуқтаҳои партовгоҳҳо дар маркази ноҳияи Шахритуз аст. Илова бар ин, дар баъзе нуқтаҳои партовгоҳ ҳатто қуттиҳои партовпартоӣ дида намешавад. Ҳамин тавр, нуқтаҳои партовгоҳҳо имрӯз беназорат мондааст, ки ин хавфи паҳн шудани ҳар гуна бемориҳои сироятиро дар ноҳия зиёд мекунад. Зеро аксари кӯдакони хурдсоли сокини атроф дар наздикии ин партовгоҳҳо бозӣ мекунанд. Сокинони маркази ноҳия хоҳиши бартараф намудани ин мушкили экологӣ дар маҳалли хешанд, аммо аз суҳбат бо онҳо маълум шуд, ки то имрӯз нафаре аз онҳо бобати вазъи мавҷуда ба ягон идораи давлат шикоят накардааст.

Корхонаи давлатии фаръии хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияи Шаҳритус бо ҳамин миқдор техника, яъне ду мошини борбардории тамғаи “ЗИЛ” имкони сари вақт тоза намудани партовгоҳҳои муваққатиро надорад. Зеро ба гуфти масъулони соха, вақти он расидааст, ки соҳаи хизмати коммуналӣ соҳиби мошинҳои замонавии партовкаш бошад. Аммо пешниҳоди дархост ба мақомоти болоӣ ва роҳбарияти ноҳия бобати хариди мошинҳои соҳавӣ вазифаи кист, суолест, ки посухашро аз масъулони соҳа интизорем. Вагарна, ин бемасъулиятии кормандону вазъи экологӣ дар маркази ноҳияи Шахритус чӣ окибатҳоро ба бор хоҳад овард, лозим ба такрор нест. 

Машраби Аловиддин,

махсус барои “Тоҷикистон”

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner