• Абдумудассир АҲМАДОВ
  • 12.03.2019
  • 0

Шариф Ҳамдампур – Сармуҳаррири сол

Бино ба натиҷаи назарпурсие, ки Академияи воситаҳои ахбори омма ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон доир кардаанд, Шариф Ҳамдампур – муассис ва сармуҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» — Сармуҳаррири сол номида шуд.  Натиҷаҳои ин назарпурсӣ шоми 11 март дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар толори Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  баргузор гардид,  эълон карда шуд.

Мавриди ёдоварист, ки ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик ва муайян кардани ғолибон аз рӯи номинатсияҳои  «Агентии сол»,  «Шабакаи телевизионии сол», «Шабакаи радиоии сол»,  «Рӯзномаи (ҳафтаномаи)  сол» ва «Маҷаллаи сол», «Дастрастарин маркази матбуоти  мақомту идораҳо» Академияи ВАО ва  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон назарсанҷӣ гузаронида, дар Рӯзи матбуоти тоҷик   ғолибонро қадрдонӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҷамъомади ба ифтихори Рӯзи матбуоти тоҷик, ки бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон, собиқадорони матбуоти тоҷик сурат гирифт, Ёрадамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода,  Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ  барандагони Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ қадрдонӣ гардиданд. Соли равон дар бахши матбуот Зафар Мирзоиён, Зариф Ғулом ва Ҳафиз Раҳмон ва Умед Ҷумъаев дар бахши телевизион барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дониста шуданд. «Дар бахши радио ва таҳқиқоти илмӣ бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани матолиби пешниҳодгардида Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ дода намешавад»-гуфт, Зиннатулло Исмоилзода, раиси ИЖТ.

Мавриди зикр аст, ки дар ин ҳамоиш ҳафтаномаи «Тоҷикистон» барои ҳамкории самаранок ва инъикоси масоили мухталии ҳаёти кишвар бо сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки маҳз дар ҳамин рӯзи соли 1912 аввалин шумораи рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» аз чоп баромадааст.    Шурӯъ аз соли 1994 Рӯзи матбуот 11 март- дар рӯзи чопи аввалин шумораи рӯзномаи «Бухорои Шариф» таҷлил мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner