• Administrator
  • 25.05.2019
  • 2

Як сирри то ҳанӯз нокушодаи Лоиқ Шералӣ (Видео)

Муҳаммадраҷаб Шарифзода, мудири бахши фарҳанги ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ ва ҳамсабақи Лоиқ Шералӣ дар зодрӯзи ин шоири маъруф дар мусоҳиба бо сомонаи Tajikistan Times аз замони ҳамсабақӣ дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент, шеърҳои нахустину даврони ошиқии Лоиқ ва ҳамнишиниҳо, ҳатто моҷарою занозаниҳо пас аз сархушӣ қисса кард.

Ба гуфтаи вай, баъзан пас аз нӯшидани чанд қадаҳ май сарҳо гарм шуда ва сари ягон мавзӯъ баҳс мекарданд, ин баҳс гоҳо бо занозанӣ поён меёфт. “Рӯзи дигар ҳар ду ҳамдигарро оғӯш гирифта ва узр мепурсидем”-ёдоварӣ кард Шарифзода.

Муҳаммадраҷаб Шарифзода мегӯяд: “Соли 1996 Лоиқ,Сорбон ва ҳамсабақони даврони Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ба Мастчоҳи Кӯҳӣ омада ва меҳмони ман шуданд. Мавзеъ лаби об ва хушбоду ҳавое буд. Лоиқ аз ман хоҳиш кард, ки дар ҳамин ҷо як кӯшкаке бунёд кунам, то ҳамасола дар фасли тобистон дӯстони қадима дар ҳамин ҷо гирдиҳам оянд. Вақте ин кӯшкча бунёд шуд, аллакай Лоиқ Шералӣ зиндагиро падруд гуфта буд. Барои гиромидошти хотири дӯстам Лоиқ дар ин ҷо нимпайкараашро бунёд карда ва ин ҷо гузоштам”.

Хотироти бештари ҳамсабақ ва дӯсти қадимаи Лоиқ Шералиро дар навори зер тамошо кунед.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Аваз:

    Албатта барои Лоики Азиз нимпайкара он тараф истад,бояд яке аз шахрхои бузурги Точикистонро номгузори кунем хам кам аст.

  • ЛОЛА:

    Телвезиони точик ед гиреддддд….. такрору такрор дар бади тамошобин задедддддд….. Ана мусохиба аммо як камбуди, рови аз хамсухбаташ дида сусттар

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner