• Mardon
  • 01.08.2019
  • 0

Шарофзода гуфт, ки ҳоҷати гузаштан ба хати форсӣ нест

Мақомоти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар шароити феълӣ зарурате барои табдили алифбои кириллӣ ба расмулхати форсӣ вуҷуд надорад.

Гавҳар Шарофзода, раиси ин кумита дар нишасти хабарӣ дар рӯзи 31 июл таъкид кард, ки феълан дар ҳукумат нақшае барои гузаштан ба хатти ниёгон вуҷуд надорад ва барои ин эҳтиёҷ ҳам нест.

Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки тибқи қонунҳои Тоҷикистон омӯзиши хатти форсӣ озод буда ва ҳар кас ҳақ дорад, бо истифода аз ин хат аз сарчашмаи бебаҳои миллат истифода барад.

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон низ дар нишасти матбуотӣ дар моҳи ҷорӣ гуфт, ки ин кишвар алифбои кириллиро ба хати форсӣ иваз нахоҳад кард.

Пас аз қабули Қонуни забони давлатӣ дар моҳи июли соли 1989 таъкид шуда буд, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила алифбои кириллиро ба хати ниёкон иваз хоҳад кард. Вале ин нақша амалӣ нашуд.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner