• Бахтовар Сафаров
  • 31.07.2019
  • 0

Шикояти сокинон аз ҳавои тафсону беобӣ (Видео)

Имрӯзҳо гармии ҳаво дар Тоҷикистон то ба 45 дараҷа расидааст. Аз ҳавои тасфон шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла, сокинони Душанбе-пойтахт ба куҷо паноҳ мебаранд?

Бо ин суол хабарнигорони сомонаи “Tajikistantimes.com” ба бархе аз сокинони пойтахт муроҷиат карданд. Сокинон аз он шикоят доранд, ки дар гармӣ барои обнӯшӣ дар хиёбонҳо ягон лӯлаи обрасонӣ ё водопровод нест ва маҷбур ҳастанд ҳамеша бо худ зарфи обро гардонанд.

«Аз сӯйи дигар, бештари дарахтҳои Душанбе бурида шуда ва соягӣ барои нишастан нест. Маҷбурем дар хона зери кондентсионер шинему аз хона берун набароем»,-мегӯянд сокинон.

Поделиться новостью с друзьями:


Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner