Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шикояти сокинон беасар намонд

Се чор соли охир сокинони маҳаллаи Чаноро 2, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз норасоии барқ дар азоб буданд.

Дар хонаи сокинон қувваи баруқ чунон паст буд, ки онҳо пеши роҳи худро базур медиданд. Асбобоҳои барқӣ, ба мисли яхдон, плитка ва кондитсионери сокинон аз ҳисоби норасоии барқ аз кор монда буданд.

Онҳо бо аризаҳои дастаҷамъона ба мақомоти гуногуни шаҳр муроҷиат намуданд. Ниҳоят, даъвои сокинон ба гӯши роҳбарон расид ва бо супориши роҳбари Шабакаҳои барқии ноҳияи Шоҳмансур Бобоев Аскар ба ин минтақа трансформатори пурқувваттаре насб намуданд, ки сифати барқи ба аҳоли пешбинишударо беҳтар намуд.

«Минбаъд мо ба нақша гирифтем, ки сими барқи сокинони ин маҳалларо иваз намоем ва барои боз ҳам хубтар шудани вазъи барқрасонӣ, махсусан дар фасли зимистон боз як трансформатори иловагӣ насб намоем», — гуфт саринженери ин корхона Обидхуҷа Рамазонов ба хабарнигори “Тоҷикистон”.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.