• Бахтовар Сафаров
  • 09.05.2019
  • 2

Ширкати “Фароз”: Сабаби ҷамъомадагон на онест, ки мегӯянд (Видео)

Чанд рӯзи охир дар расонаҳои кишвар мавзуи шираи камол миёни мардум баҳсҳои зиёдеро ба миён  овардааст. Ин баҳс замоне сар зад, ки 29-уми апрели соли равон  анбуҳи зиёди одамон дар назди дафтари Ширкати “Фароз” ҷамъ омаданд.

Онҳо дар асоси қарордод ба ширкати  “Фароз” шираи камол мефурӯхтаанд, хостори бознигарии қарордодҳояшон шуданд. Аммо Исматулло Зиёев, муовини директори ҶСП “Фароз” инро рад карда, мегӯяд, ки гирдиҳамомадагон барои дарёфти ҷойи кор омада буданд. Зеро давоми 10 рӯз аст, ки дар шабакаҳои телевизиони кишвар эълони даъвати мутахассисони ботаҷриба, ки барои ҷамъоварии шираи камол машғуланд, пахш мешавад.

“Мо эълонро ба он хотир пахш намудем, ки намояндагони ширкат бевосита бо деҳқонон шартнома банданд. Аммо дар байн миёнаравҳое пайдо шудаанд, ки намехоҳанд мо худ бо деҳқонон шартнома баста, кор кунем. Мақсади мо дастигирии аҳолӣ ва беҳтар намудани зиндагии онҳост”. 

Ба гуфтаи Зиёев, Ширкати “Фароз” барои ҷамъоварии шираи камол иҷозатнома дорад. “Пештар ба ин гиёҳ аҳамият намедоданд. Вақте 10 сол пеш мо ба фаъолият оғоз кардем, мутахассисони Ҳиндустон ба ин гиёҳ мароқ зоҳир намуданд. Баъдан, мо бо онҳо шартномаи ҳамкорӣ бастем. Аз хоҷагиҳои ҷангал заминҳои бекорхобида, талу теппаҳое, ки чарогоҳ буданд, ба иҷора гирифтем. Шаҳрвандонро барои кишту парвариши ширинбия ҷалб намуда, музди корашонро пардохт мекунем. Яъне, ин бо мақсади дастгирии мардум ва таъмини буҷети кишвар аст. Шираи камол асосан дар корхонаҳои кишвар коркард шуда, сипас ба Ҳиндустон содирот мешавад”-мегӯяд номбурда.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Хаёли:

    Бовар кардем ба ин гуфтахо

  • я:

    шайтонхои палид и халка гулак хаёл каден фребшон мекнен нони дахани мардума аз даханшон канда мегирен

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner