• Шаҳло НИЁЗОВА
  • 27.03.2017
  • 2

Шоми Қалъа нарав, ки асабат харобу пулат ба бод меравад

Аҷабо, баъзан ҳолатҳое мешаванд, ки кас чӣ гуфтану чӣ карданашро намедонад. Медонӣ, ки ту ҳақ ҳастӣ, вале метарсӣ, ки туро ноҳақ мебароранд. Бо тақозои замон овози гови бешир баланд шудааст. Чӣ хуб Мирзодаи Ишқӣ гуфтааст:

Шарҳи ин қисса шунав аз ду лаби дӯхтаам,

То бисӯзад дилат аз баҳри дили сӯхтаам.

Вале лаб дӯхтану хомӯш нишастан на ҳамеша илоҷи кор аст. Баъзан мехоҳӣ бигӯӣ, то он чӣ бар сари ту омад, бар сари дигарон наояд. Рӯзи 8 март банда тасмим гирифтам наберагонро ҷамъ кунам ва хонадонӣ ба сайри  Қалъаи Ҳисор равем. Воқеан ҳам, ин мавзеъ ба маҳалли сайру саёҳат табдил ёфтааст. Ворид шудан ба Қалъа барои кӯдакон — ройгон, барои калонсолон — 2 сомонӣ. Хуб аст, ки дар дохили Қалъа аспсаворӣ, карусел ва дигар бозиҳо ташкил шудааст. Албатта ин ҳама нокифоя. Шояд замоне мерасад, ки Ҳукумати Ҳисор ё соҳибкоре шаҳраке аз бозичаҳо барои кӯдакон бунёд мекунанд. Ин мавзӯи дигар аст. Ҳадаф аз қалам ба даст гирифтану ин гузоришро омода сохтани ман ҳолате буд, ки бо аҳли хонадон рӯ ба рӯ шудам.

Дар рӯ ба рӯи Қалъа, намедонам ошхона аст ё тарабхона (аз рӯи нарх албатта, тарабхона), аз дур ба чашм мерасад. Ҳар мусофире, ки ба Қалъа меояд, албатта, мехоҳад лаҳзае аз ҳавои поки он нафас кашад, аз лаззати ғизои мардуми ин диёри бостон  баҳравар гардад. Э, кош чунин мешуд. Дар пештоқи тарабхона «Шоми Қалъа» сабт шудааст. Воқеан, соле қабл бо меҳмонони хориҷӣ ба ин ҷо омада будем. Гӯё хӯрокаш бад набуд. Ман ба наберагон, ки ҳама духтаракон буданду умед доштанд, ки бобояшон дар рӯзи иди 8 март дастурхони густурдае барояшон меорояд, вориди он шудем. Одамон на зиёд буданду на кам. Аз пешхизматҳо хоҳиш намудем, ки моро дар кате ё гирди мизе шинонанд. Аммо онҳо, мисли оне ки гӯё мо ба назарашон наметофтем, «ҳозир» мегуфтанду нопадид мегаштанд. Ду нафар дар курсие дар гӯшае нишаста, ҳамаро назорат мекарданд. Назди онҳо омадам ва пурсидам:

Мо мехоҳем дар ҷое нишинем ва ғизо хӯрем. Касе ба гапи мо гӯш намекунад, намегӯед маъмурият дар куҷост?

Намедонем, мо ин ҷо кор намекунам, — гуфтанд.

Таваҷҷуҳ кунед. Ин шахс баъдтар худро администратор муаррифӣ мекунад.

Мо худамон ба ҷустуҷӯи миз даромадем. Мизҳо ҳама чиркин асбобу анҷоми рӯи онҳо нағундошта буданд. Оқибат дар ошёнаи дуюм қарор гирифтем. Вале касе рӯи мизро пок намекард. Тахминан 15 дақиқа мунтазир шудем. Интизории мо беҳуда буд. Боз дар ҷустуҷӯи пешхизматҳо шудам. Касе ба гап гӯш намекард. Як нафареро нишон доданд ва гуфтанд, ки писари соҳиби тарабхона аст. Ба ӯ муроҷиат кардам. Ӯ як нафарро бо ман ҳамроҳ кард, ки мизро тоза ва фармоиши моро қабул кунад. Чунин ҳам шуд ва мо бо хурсандӣ чанд намуд кабоб (шашлик) фармоиш додем. Баъд аз чанде пешхизмат баргашт ва гуфт, ки кабоби қабурғагӣ нест. Фаршкабобу барракабобу гӯшти говӣ ҳам мешавад, гуфтем. Боз ним соати дигар мунтазир шудем. Э, кош кабоб намефармудему дар ин рӯзи ид асаби худамонро ҳам хароб намекардем. Ҳама як буридагӣ ба даҳон андохтанду гӯё, ки сақич мехоида бошанд, кафшак мезаданд.  Аз хӯрдан бозистодем. Аз пешхизмат хоҳиш намудам, ки кабоб хом аст ва онро аз нав пазанд.

Пешхизмат дубора табақи кабобро ба ошхона бурд. Тахминан баъд аз даҳ дақиқа баргашт. Рӯи лӯлаҳои кабоб мисли оне буд, ки гӯё бирён карда бошанд, дохилаш ҳамоно сақичи аз мум тайёршуда. Дубора пешхизматро назди худ хондем ва хоҳиш намудем, ки сарошпазро даъват намояд. Ба ҷои сарошпаз ҳамон шахсе, ки ба ин тарабхона ҳеҷ иртиботе надоштанашро зикр намуда буд, назди мо омад.

Шумо сарошпаз?- пурсидам аз ӯ.

— Ман администратор, — гуфт ӯ.

— Номатон?

— …

— Насабатон?

— Ба насаби ман чӣ кор дорӣ, чӣ гапат ҳаст?

Ман воқеиятро барояш гуфтам ва аз ӯ хоҳиш намудам, ки аз кабоб буридае худаш истеъмол кунад.

Ин дам пешхизмат ба сухан омад:

-Сарошпаз гуфт, ки ин гӯшт мариноват нашудааст, одам бисёр буд, успед накардем.

Пас шумо метавонистед фармоиш қабул накунед. Ин кори шумо фиреби муштарӣ аст, — гуфтам ба ӯ.

Ҳис кардам, ки авзои администратор ноҷо шуд. Ӯ ба пешхизмат дастур дод, ки пули кабобро аз мо нагирад.

Мақсад пардохти маблағ нест, мо ин ҷо ғизо хӯрдан омадем, қариб ду соатамон сарф шуд. Шумо ба мо бояд ягон ғизои дигар пешниҳод кунед, — гуфтам.

Ягона хӯроки дигари тарабхона чӯҷабирён (табака) буд. Аз пешхизмат пурсидам, ки онро хуб мепазанд? Вай изҳор намуд, ки олӣ мепазанд. Ду дона табакаро болои мизи мо гузоштанд.

Аз он бӯи равғани доғношуда ба машом мерасид. Наберагон аз хӯрдани ғизо даст кашиданд. Дигар маҷоли баҳс ҳам намонда буд. Дар ин мулк ҳамеша муштарӣ гунаҳкор аст. Аз пешхизмат талаб кардам, ки ҳисобу китоб кунад. Ӯ ба маблағи 385.17 сом чек овард. (Намефаҳмам чаро мошини хазинаи ин тарабхона сомонӣ нею сом навишта шуда буд. Сом пули қирғизӣ аст. Магар ин эҳтиром ба пули миллӣ аст?). Ман ба он назар кардам.

Охир мо кабобро баргардонидем, ба ҷои аз мо узр хостан шумо пули онро ҳисоб мекунед? — савол додам ба пешхизмат.

— Хуб, ман нисфи пули кабобро ҳисоб мекунам,- гуфт ӯ.

Мо ин ҷо қариб ду соат интизорӣ кашидем, кабоби хоми шуморо нахӯрдем. Чаро пули онро диҳем?

Ин амал масали «Даст расонидӣ, издивоҷ кун»-и русиро ба хотир меовард.

Пешхизмат исрор дошт, ки мо нисфи пули кабобро пардохт кунем. Албатта, гап дар сари пардохти пул намеравад, гап дар сари принсип меравад. Агар мо — рӯзноманигорон аз манфиати худ дифоъ карда натавонем, куҷо метавонем аз манфиати ҳазорҳо хонандагонамон, шаҳрвандони Тоҷикистон дифоъ кунем.

Ёд дорам, боре дар як тарабхонаи меҳмонхонаи кишвари хориҷӣ ҳангоми аз миз гирифтани ғизо (мизи шведӣ) дар паҳлуи хӯрок чашми писарам ба пашае афтод, ки дар паҳлуи хӯрок банд афтода буд.  Ӯ пешхидматеро даъват мекунад, пашаро нишон медиҳад. Пешхизмат бо телефон акси пашаро бардоштани писарамро мебинад. Пешхидмат, администратор назди ӯ омада, аз ин ҳодиса (паша) -и  тасодуфӣ узр хостанд. Шом, вақте аз шаҳр баргаштем, рӯи мизи утоқамонро пур аз меваҷот ва нуқлу наво дарёфтем. Вақти субҳонахӯрӣ болои мизи мо дастаи гул ва торти зебое гузошта буданд.

Аммо дар  «Шоми Қалъа» чӣ? Оқибат ба баҳси ману пешхизмат ҳамон администратор пайваст. Ӯ ҳам исрор дошт, ки нисфи пули кабобро супорем. Албатта, ман метавонистам супорам. Аммо дилам ба муштариёни ин тарабхона, ба мардуме месӯхт, ки пул дода, ба худ дарди сар мехариданд. Ман мехостам пешхизмату корфармои ӯ бароям бифаҳмонанд, ки чаро барои хизмати бесифат, хӯроки бесифати тановулношуда пул диҳам. Оқибат администратор дар ғазаб шуд ва ба хизматгор рӯй овард:

Дигар хӯрдагиҳошро ҳисоб кун, пули кабобро нагир, одами паст будаст.

Маъмулан дар чунин ҳолат мардуми тоҷик ҷавоби аблаҳ сукут мегӯянд. Вале сукут аломати ризо ҳам ҳаст. Ту, ки хомӯшӣ ихтиёр кардӣ, фардо чунин ҳолат ба сари дигар муштариён низ хоҳад омад. Чӣ бояд кард, ки ҳуқуқи муштарӣ дифоъ гардад? Шикоят? Ба куҷо ва кӣ ба додат мерасад! Пас навиштан. Лоақал мардум мехонанду пой аз чунин даргоҳ мекашанд. Асаби худро харобу пули худро ба бод намедиҳанд.

 

Шариф Ҳамдампур

“Тоҷикистон”

 

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Саида:

    Хайфи хамон мавзеи таърихию зебо бо чунин тарабхонаю хизматрасонхои «оли»-аш!!!

  • Гухар:

    Хайфи пули барбодрафтаю асабхои харобгашта! Бо хамин пул бо наберагон ба «Сихкабоби Хучанди»-ии 1-ум Советский меомадед, хушруякак сер мешудед.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner