• Mardon
  • 14.08.2019
  • 21

Хӯҷа-Командир дар Дубай боздошт шуд

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки гурӯҳи корӣ ба раҳбарии Шоҳрух Саидзода, сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ин вазорат ба мақсади истирдоди Хӯҷа Раҳимович Каримов, маъруф ба Хӯҷа-Командир, яке аз фармондеҳони машҳури Фронти халқӣ рӯзи 5 август озими Дубай шудааст.

Миёни Имороти Муттаҳидаи Араб ва Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Ҳокимшо Назарзода, як масъули Вазорати корҳои дохилӣ рӯзи 14 август ба Tajikistan Times гуфт, ки Хӯҷа-Командир рӯзи 30 июл аз ҷониби пулиси Имороти Муттаҳидаи Араб бар асоси рӯйхати Интерпол бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир шудааст.

Хӯҷа-Командир аз соли 2008 таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дошт.

Ба гуфтаи ин масъули ВКД, феълан гурӯҳи кории Тоҷикистон бо мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб масъалаи истирдоди Хӯҷа-Командирро баррасӣ мекунад.

Хӯҷа Каримов ба даст доштан дар ҷиноятҳои вазнин дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, аз ҷумла дар ғоратгарӣ, бандитизм, гаравгонгирӣ ва одамкушӣ, аз ҷумла дар қатли ду вакили парлумони Тоҷикистон Саидшо Шоев бо бародараш ва Тағай Шукуров айбдор мешавад.

Хӯҷа-Командир моҳи ноябри соли 1998 дар назди бинои Маҷлиси Олӣ боздошт ва ба ҳабс гирифта шуда буд. Боздошти Хӯҷа-командир дар ҷомеа ба ҳадде таъсиргузор буд, аксарияти фармондеҳони вақти Фронти халқӣ саросемавор пойтхатро тарк карданд. Вале вай ба таври ногаҳонӣ озод шуд ва чанде баъд ғайб зад. Хӯҷа Каримов аз ангуштшумор фармондеҳони Фронти халқист, ки аз ҷазо раҳида ва миллионҳо доллари дуздидаи худро ба хориҷа бурдаву то ҳанӯз боздошт нашуда буд.

Тафсилоти мавзӯъ дар нашрияи “Тоҷикистон” нашр мешавад.

Поделиться новостью с друзьями:


Ҳамаи шарҳҳо

  • Наср:

    Мебояд он афроде, ки дар гурезонидани Хуҷаи қотил аз маҳбас даст доранд, ошкор ва ба муҷозот кашида шаванд.

  • Бузургмехр Каландаров:

    Хуча кассоб мегуфтиян бо ира

  • Шокис Шамсиев:

    Аз руи накли хаммахалахояш аз дасти ин бисер касон чабр диданд

  • Саидшох Точикистон:

    Ин одамкушро бояд хабси абад диханд.

  • Умар Умар:

    ки аст ин ва чи кора буд дар точикистон?

    • Mark Dakaskos:

      Ин яке аз лақайҳои оқипадари Тоҷикистон аст, ва шогирди боз як оқипадари ҳаромие ки як қисми вилояти Хатлонро қатл кардаасту, портрети ҳаромашро дар даромади Қӯрғон-теппа мондаанд ба номи файзали саидови лақай мебошад. Шефи ин палид дар Дузах сухта истодааст ,лекин ин ҳаромзодаро бахташ хандид ва ба Малайзия гурехт!

  • Маруф Дустов:

    Ин яке аз говсаворони замони чанги шахрванди будаасту танхо кораш мусулмонкуши ва хама асрори чи гуна ба сари кор омадани Рахмоновро медонистааст. Ин замон хар ки бисер бидонад дер напояд…. аз санги сиёх пайдо ва катл карда хохад шуд, тасадук гуфти Кори сохиб исмат

  • Абдуллох Абдуллох:

    Худованд хор кунад чунин золимро чунин бошад бояд оварда ба хабси абад ва дар вазнинтарин чо чояш кунанд

  • Бахром Садриддинов:

    Иншооллох Шохрух меораш

  • Умар Умар:

    Ин ки аст ва чи кора буд дар Точикистон?

  • Мухтори Себзори:

    Аз эхтимол дур нест боз инро оарда бошанд ба хотири мухолифкнашон Ин говсифатон хама корро мекунандё

  • Маъруф Дустов:

    Худованд хор кунад чунин золимро чунин бошад ба хабси абад ва вазнинтарин чо чояш кунад

  • tonta Eqamov:

    Ин котил аз Кизилтика аст бе гунох одам маъкул намешудаст похошба паронда похоро мебуридиян Кизилкалъа холо нисфаш бе по аст

  • Мухабат Фозилова:

    Тоба ай рости

  • Нури Адолат:

    Хуча командир даст ба хун будё Шояд дар куштори даххо хамватани бегунох сабабгори марги мардуми бехимоя гаштё Албатта аз ин катлу куштори у хох нохох дар мудати солхои гузашт таърих худ огах аст Замоне аз ин куштори берахми ба худ кахрамон тарошиду фахр кард аз молу амволи бегунохон худро сохиби вазифаву мансаби баланд хам кардё Дар хавову хаваси худ фикр кард гуё душманро куштааст

  • Бахром Садриддинов:

    Иншоолох шохрух меораш

  • Хамзат Гамзатов:

    Мимлаткушро занчир ба гардан мисли саг кашида биераш хабси як умра кунша касофатро

  • олим Сафолов:

    Хеч чинояте бе чазо намемонад Иншоолох то охири умраша дар турма мепусад

  • Беном:

    Худо шумо харомзодахора кушад ба ин гапхои кабех нисбати падари ман падари ман БЕГУНОХ

  • чака:

    И ЧАН СОЛ ШУД ГУРЕХТАГИ ?

Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner