Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шветсария аз ташаббусҳои Тоҷикистон оиди об пуштибонӣ кард(аксҳо)

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер дар ҷараёни дидораш бо Эмомалӣ Раҳмон  омодагии кишварашро барои ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳа ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар масоили об иброз кард.

Ҳамчунин, дар ин мулоқот мавзӯъоти истифодаи фаъолонаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистон бо Шӯрои миллии Конфедератсияи Швейтсария ва густариши ҳамкории бештар бо Швейтсария дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ матраҳ гардиданд.

Барои татбиқи ин ҳадафҳо рушду тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои бунёдии иқтисодии Тоҷикистон, ба мисли гидроэнергетика, соҳаҳои мухталифи саноат, аз ҷумла металлургияи ранга, саноати маъданҳои кӯҳӣ , сабуку хӯрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман дар бахши аграрӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, ҳамчунин рушди зерсохтори сайёҳӣ, зарур шумурда шуд.

Тоҷикистону Швейтсария аллакай таҷрибаи хуби ба роҳ мондани ҳамкории барои ҷонибҳо судманди тиҷоратиро доранд. Ҳамин аст, ки ҳаҷми гардиши мол дар нуҳ моҳи соли равон 132 миллион долларро ташкил дод, ки аз болоравии он нисбат ба солҳои пештара шаҳодат медиҳад. Ҳаҷми умумии гардиши тиҷорат миёни ширкатҳои тоҷикистонии “ТАЛКО” ва швейтсариягии “Гленкор” бошад, дар давоми 12 соли ҳамкорӣ маблағи 4,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Музокирот дар сатҳи олӣ

Дар тавсеаи муносибатҳои иқтисодии ду кишвар ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ дар чаҳорчӯбаи ниҳодҳои молиявии Бреттон-Вудс, Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ҳамкорӣ дар бахши истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, Дафтари ҳамкории иқтисодии Швейтсария (СЕКО) ва иштироки ҷониби Швейтсария дар татбиқи лоиҳаҳои зиёди сармоявии Тоҷикистон, омили муҳим номида шуд.

Самтҳои дигари ҷолиб барои тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Швейтсария густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои молиявӣ ва инноватсионӣ, соҳаи истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ, илму маориф ва бахши гуманитариву фарҳангӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир, табодули андеша карданд.

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҷонибҳо ду санад: “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим, паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва банақшагирии устувор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федералии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳамгироиёнаи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” имзо карданд.

Имзои санадҳо

Начало формы

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Ваш e-mail не будет опубликован.