• Бахтовар Сафаров
  • 18.06.2019
  • 0

Швейтсария аз Тоҷикистон пуштибонии молӣ мекунад

Имрӯз ҳайати гурӯҳи дӯстӣ  ва ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шӯрои Миллии Конфедератсияи Швейтсария таҳти раёсати муовини раиси кумитаи  Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Ҷамшед Саидов бо Урс Шмид – Сафири Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳони ӯ хонум Валбурга Рос – Директори Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, Шакарбек Ниятбеков – корманди Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон мулоқот намуд.

Дар мулоқот махсус таъкид гардид, ки дар таҳкиму густариши муносибатҳои ҳамкории дуҷониба саҳми Сарварони олии ҳар ду кишвар бениҳоят калон аст.

Ҳукумати Швейтсария рушди Тоҷикистонро ба воситаи ҷудокардани грантҳо дар се самт дастгирӣ мекунад: расонидани кӯмаки дарозмуддати техникӣ, молиявӣ ва гуманитарӣ ба воситаи созмонҳои байналмилалӣ ва миллӣ.

Дар маҷмӯъ лоиҳаҳо дар соҳаи беҳтар кардани идораи давлатӣ, сектори хусусӣ ва макроэкономика, захираҳои табиӣ ва инфраструктура, тандурустӣ, кам кардани хатари ҳодисаҳои табиӣ амалӣ карда мешаванд.

Ҳаҷми умумии тиҷорати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария дар соли 2018 13 696,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод (содирот-1 639,9 ҳазор доллари ИМА ва воридот – 12 056,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Маҳсулоти воридотӣ аз Швейтсария ин маҳсулотҳои тиббӣ (витаминҳо), маҳсулоти қимиёвӣ, лавозимот ва қисмҳои мошинҳо мебошанд.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

App Banner