Сим корт 250 сомонӣ мешавад

ИҚТИСОД, ТОҶИКИСТОН, ХАБАРИ ТОЗА

Мақомоти Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки нархи як сим-корти телефонҳои мобилӣ то 250 сомонӣ муқаррар карда шавад. Қарор аст, ин тасмим пас аз 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад ва ширкатҳои мобилӣ муваззаф хоҳанд буд, сим-кортҳоро бо ҳамин нарх ба фурӯш бароранд.

Ин хабарро  дар се ширкати мобилӣ тасдиқ карданд. Ба гуфтаи мусоҳибон, аслан ташаббуси боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ аст.Онҳо гуфтанд, дар як маҷлис бо иштироки менеҷерони сатҳи болоии ширкатҳои мобилӣ, намояндагони Хадамоти алоқа ва мақомоти қудратӣ масъалаи боло бурдани нархи фурӯши сим-кортҳо матраҳ шудааст. Ин маҷлис гӯиё пас аз ҳамлаи 29-уми июл ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара сурат гирифта, мақомот дар доираи мубориза бо терроризм масъалаи боло бурдани арзиши сим-кортҳоро баррасӣ кардаанд, то «сокинон ҳар дам онро иваз накунанд». Масъулони баъзе аз ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, то кунун Хадамоти алоқаи Тоҷикистон кадом санад ва ё қарореро дар ин робита ба онҳо ирсол накардааст.

 


Поделиться новостью в социальных сетях:

2 комментарий

  • Аслан бигирем хуб мекунанд… ман дах сол пеш сохиби телефони мобили шудам ва хамин дах сол бо як симкорт мегардам. Баьтар телефонамро иваз намудаму боз як симкорти дигар низ гирифтам. Баьзехо хар руз ракам иваз мекунанд. Кадом кор буд ки мо аз хад нагузашта бошем?

Leave a Reply