• Mardon
  • 18.06.2019
  • 0

Сипосгузории Путин аз Эмомалӣ Раҳмон барои баргузории МҲТБО

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар суҳбати телефонӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, ҳамтои тоҷики худ барои баргузории Ҳамоиши панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе ибрози сипос кардааст.

Дар ин бора дафтари  раёсати ҷумҳурии Русия ба хабарнигорон иттило додааст.

Ҳамоиши панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё рӯзи 15 июн дар пойтахти Тоҷикисчтон баргузор шуда ва дар кори он раҳбарони 12 кишвари ҷаҳон бо шумули Русия ширкат доштанд.

Дар ин ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ сарвазирон, муовинони сарвазир ва вазирони корҳои хориҷии 15 кишвар ҳузур пайдо карданд.

27 кишвар узвияти Созмони Мушовират оиди ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё (СВМДА)-ро доранд, ки 90 дарсади ҳудуд ва аҳолии Осиёро ташкил медиҳад. Ҳашт кишвар ва панҷ созмони байналмилалӣ дар ин созмон мақоми нозирро доранд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар зарфи 5 моҳи соли ҷорӣ 1,7 миллиард долларро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 дарсад бештар будааст.

Тавозуни воридот ба содирот ба манфиати Тоҷикистон набуда, воридот 1,3 миллиард доллар ва содирот танҳо 410,5 миллион долларро ташкил додааст.

Поделиться новостью с друзьями:


Назари худро нависед

Ваш e-mail не будет опубликован.

concert
App Banner